Ибодат боби 8

Дар бораи тақдиси коҳинон.

  1. ВА Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:
  2. «Ҳорун, ва писаронашро бо ӯ, ва либосҳо, ва равғани тадҳин, ва гӯсолаи қурбонии гуноҳ, ва ду қӯчқор, ва сабади фатирҳоро бигир,
  3. Ва тамоми ҷамоатро назди дари хаймаи ҷомеъ ҷамъ кун».
  4. Ва Мусо ончунон ки Худованд ба ӯ амр фармуд, ба амал овард, ва ҷамоат назди дари хаймаи ҷомеъ ҷамъ шуданд.
  5. Ва Мусо ба ҷамоат гуфт: «Ин аст он чи Худованд амр фармудааст, ки ба ҷо оварда шавад».
  6. Ва Мусо Ҳорун ва писаронашро наздик овард, ва он-ҳоро дар об ғусл дод.

Дар бораи либоси саркоҳин.

  1. Ва пероҳанро бар ӯ гузошт, ва камарашро бо камар-банд баст, ва ридоро бар ӯ пӯшонид, ва эфӯдро бар ӯ гузошт, ва камарашро бо тасмаи эфӯд баста, эфӯдро ба воситаи он бар ӯ мустаҳкам намуд.
  2. Ва синабандро бар ӯ гузошт, ва урим ва туммимро бар синабанд монд.
  3. Ва аммомаро бар сари ӯ гузошт, ва бар аммома, аз пеш, лавҳаи тилло, яъне афсари муқаддасро ниҳод, чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд.

Дар бораи тадҳини саркоҳин.

  1. Ва Мусо равғани тадҳинро гирифт, ва маскан ва он чиро, ки дар он буд, тадҳин намуд, ва онҳоро тақдис кард.
  2. Ва аз он бар қурбонгоҳ ҳафт карат пошид, ва қурбонгоҳ ва тамоми колояш, ва лаган ва пояашро тадҳин намуд, то ки онҳоро тақдис кунад.
  3. Ва аз равғани тадҳин бар сари Ҳорун рехта, ӯро тад-ҳин намуд, то ки ӯро тақдис кунад.

Дар бораи либосҳои коҳинон.

  1. Ва Мусо писарони Ҳорунро наздик овард, ва бар онҳо пероҳанҳоро пӯшонид, ва камарбандҳоро бар камари онҳо баст, ва кулоҳҳоро бар сари онҳо ниҳод, чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд.

Дар бораи тақдим кардани қурбониҳо.

  1. Ва гӯсолаи қурбонии гуноҳро овард, ва Ҳорун ва писа-ронаш дастҳои худро бар сари гӯсолаи қурбонии гуноҳ мон-данд,
  2. Ва онро забҳ кард, ва Мусо хунро гирифт, ва бар шох-ҳои қурбонгоҳ гирдогирд бо ангушташ молид, ва қурбонгоҳро татҳир намуд, ва хунро бар буньёди қурбонгоҳ рехта, онро тақдис кард, то ки барояш кафорат намояд.
  3. Ва тамоми чарбуеро, ки бар амъо буд, ва қабати чар-буеро, ки бар ҷигар буд, ва ду гурда ва чарбуи онҳоро гирифт, ва Мусо онҳоро бар қурбонгоҳ сӯзонид.
  4. Ва гӯсола ва пӯсташ ва гӯшташ ва саргинашро берун аз ӯрдугоҳ дар оташ сӯзонид, чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд.
  5. Ва қӯчқори қурбонии сӯхтаниро наздик овард, ва Ҳо-рун ва писаронаш дастҳои худро бар сари қӯчқор монданд.
  6. Ва онро забҳ кард, ва Мусо хунро бар қурбонгоҳ гир-догирд пошид.
  7. Ва қӯчқорро ба андоми он пора кард, ва Мусо калла ва андом ва чарбуро сӯзонид.
  8. Ва амъо ва почаҳоро бо об шуст; ва Мусо тамоми қӯчқорро бар қурбонгоҳ сӯзонид: ин қурбонии сӯхтанӣ ҳам-чун атри гуворо ва қурбонии оташин барои Худованд буд, чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд.
  9. Ва қӯчқори дуюмро, ки қӯчқори гумоштанӣ ба шумор мерафт, наздик овард, ва Ҳорун ва писаронаш дастҳои худро бар сари қӯчқор монданд.

Дар бораи истеъмоли хун.

  1. Ва онро забҳ кард, ва Мусо аз хуни он гирифт, ва бар нармаи гӯши рости Ҳорун, ва бар нарангушти дасти рости ӯ, ва бар нарангушти пои рости ӯ молид.
  2. Ва писарони Ҳорунро наздик овард, ва Мусо аз он хун бар нармаи гӯши рости онҳо, ва бар нарангушти дасти рости онҳо, ва бар нарангушти пои рости онҳо молид; ва Мусо он хунро бар қурбонгоҳ гирдогирд пошид.
  3. Ва чарбу ва дунба, ва тамоми чарбуеро, ки бар амъо буд, ва қабати чарбуеро, ки бар ҷигар буд, ва ду гурда ва чарбуи онҳо, ва соқи ростро гирифт;
  4. Ва аз сабади фатирҳое ки ба ҳузури Худованд буд, як қурси фатир, ва як қурси нони равғанин, ва як нончаи ту-нукро гирифта, бар чарбу ва бар соқи рост монд.
  5. Ва ҳамаи инро бар кафҳои Ҳорун ва бар кафҳои писа-ронаш гузошт, ва онҳоро ба ҳузури Худованд ҷунбонид.
  6. Ва Мусо инҳоро аз кафҳои онҳо гирифта, бар қурбон-гоҳ бо қурбонии сӯхтанӣ сӯзонид: ин қурбонии гумоштанӣ барои атри гуворо буд, ин қурбонии оташин барои Худованд буд.
  7. Ва Мусо синаро гирифт, ва онро ҳамчун инъоми ҷун-бониданӣ ба ҳузури Худованд ҷунбонид; ин аз қӯчқори гу-моштанӣ ҳиссае барои Мусо буд, чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд.

Дар бораи тадҳини коҳинон, хӯроки онҳо ва тақдис ёфтани онҳо барои Худо.

  1. Ва Мусо аз равғани тадҳин ва аз хуне ки бар қурбонгоҳ буд, гирифт, ва бар Ҳорун, бар либосҳояш, ва бар писарони ӯ, ва бар либосҳои писарони ӯ бо ӯ пошид; ва Ҳорун ва либосҳояш, ва писарони ӯ ва либосҳои писарони ӯро бо ӯ тақдис кард.
  2. Ва Мусо ба Ҳорун ва писаронаш гуфт: «Ин гӯштро назди дари хаймаи ҷомеъ бипазед, ва дар он ҷо онро бо ноне ки дар сабади гумоштанӣ мебошад, бихӯред, чунон ки ба ман амр фармуда гуфта шудааст: «Ҳорун ва писаронаш онро бихӯранд».
  3. Ва бақияи гӯшт ва нонро дар оташ бисӯзонед.
  4. Ва аз дари хаймаи ҷомеъ ҳафт рӯз берун наравед, то рӯзе ки айёми гумоштани шумо анҷом ёбад, зеро ки гумошта-ни шумо бояд ҳафт рӯз ба амал ояд.
  5. Чунон ки имрӯз ба амал оварда шуд, ончунон Худо-ванд амр  фармуд, ки ба амал оварда  шавад, то ки барои шумо кафорат гардад.
  6. Ва назди дари хаймаи ҷомеъ рӯзона ва шабона ҳафт рӯз бимонед, ва навбатдории Худовандро риоя намоед, то ки намиред, зеро ки чунин ба ман амр фармуда шудааст».
  7. Ва Ҳорун ва писаронаш ҳар он чиро, ки Худованд ба воситаи Мусо амр фармуда буд, ба ҷо оварданд.

© IBT 1992

Оставьте комментарий