Дуюм Вақоеънома боби 13

Бар Яҳудо подшоҳ шудани Абиё.

  1. ДАР соли ҳаждаҳуми  подшоҳии Ёробъом Абиё бар Яҳудо подшоҳ шуд.
  2. Се сол ӯ дар Ерусалим подшоҳӣ кард; ва номи модараш Микоёҳу бинти Уриил, аз Ҷибъо, буд; ва дар миёни Абиё ва Ёробъом ҷанг буд.
  3. Ва Абиё қӯшуни ҷанговарони ҷасурро иборат аз чорсад ҳазор мардони гузин барои ҷанг орост; вале Ёробъом бо лашкари иборат аз ҳаштсад ҳазор ҷанговарони шуҷои гузин ба муқобили ӯ ба ҷанг баромад.
  4. Ва Абиё бар кӯҳи Самораим, ки дар кӯҳистони Эфроим воқеъ аст, бархоста гуфт: «Маро бишнавед,  эй Ёробъом ва тамоми Исроил!
  5. Шуморо лозим аст бидонед, ки Худованд Худои Исроил салтанати Исроилро ба Довуд ва писаронаш бо аҳди намакин ба сурати абадӣ додааст.
  6. Вале Ёробъом ибни Набот, ки навкари Сулаймон ибни Довуд буд, қиём намуда, ба муқобили оғои худ исьён бардошт.
  7. Ва мардуми ҳеҷу пуч, шахсони нобакор дар гирди ӯ ҷамъ шуда, бар Раҳабъом ибни Сулаймон ғолиб  омаданд, дар сурате ки Раҳабъом ҷавон ва нармдил буда, ба муқо-били онҳо натавонист истодагӣ намояд.
  8. Ва алҳол шумо гумон мекунед, ки ба муқобили сал-танати Худованд, ки дар дасти писарони Довуд аст, мета-вонед истодагӣ намоед, ва шумо анбӯҳи бузурге ҳастед, ва гӯсолаҳои тиллое ки Ёробъом барои шумо худо гардонидааст, бо шумо мебошад.
  9. Шумо, охир,  коҳинони Худовандро,  яъне писарони Ҳорун ва левизодагонро, бадар рондед, ва барои худ коҳи-нонро мисли қавмҳои кишварҳо таъин намудед: ҳар кӣ омада, бо як гӯсолаи нар  ва  ҳафт қӯчқор худро тақдис намояд, барои худоёни сохта коҳин мешавад.
  10. Валекин мо чунин нестем: Худованд Худои мост, ва мо Ӯро тарк накардаем, ва коҳинон, писарони Ҳорун, хиз-мати Худовандро ба ҷо меоваранд, ва левизодагон бо кори худ машғуланд.
  11. Ва онҳо ҳар субҳ ва ҳар шом барои Худованд қурбо- ниҳои сухтанӣ ва бухури муаттар месӯзонанд, ва бар мизи пок нони тақдим мегузоранд, ва чароғдони тилло ва чароғ-ҳояшро ҳар шом дармегиронанд, зеро ки мо дастурҳои Худо-ванд Худои худро риоят менамоем, ва ҳол он ки шумо Ӯро тарк кардаед.
  12. Ва инак, ба мо Худо сардорӣ мекунад, ва коҳинони Ӯ, ва  карнайҳои  баландовоз,   то   ки   ба  муқобили  шумо бинавозанд. Эй банӣ-Исроил! Бо Худованд Худои падарони худ ҷанг накунед, зеро ки муваффақият нахоҳед ёфт».
  13. Вале Ёробъом дар ақибгоҳи онҳо   камин   ниҳод,  ва қӯшунаш   дар   рӯ   ба  рӯи Яҳудо буданд,   дар   сурате  ки камин дар ақиби онҳо буд.
  14. Ва ҳангоме ки аҳли Яҳудо назар андохтанд, инак, ҳам аз пешашон ҷанг буд, ва ҳам аз ақибашон; ва сӯи Худованд фарьёд карданд, ва коҳинон карнайҳоро навохтанд.
  15. Ва мардуми Яҳудо бо овози баланд бонг заданд; ва чун мардуми Яҳудо бонг заданд, Худо Ёробъом ва тамоми Исроилро пеши Абиё ва Яҳудо шикаст дод.
  16. Ва банӣ-Исроил аз пеши  Яҳудо  гурехтанд, ва Худо онҳоро ба дасташон супурд.
  17. Ва Абиё ва қавми Ӯ ба онҳо зарбаи сахт расониданд, ва аз Исроил панҷсад ҳазор мардони гузин кушта шуданд.
  18. Ва банӣ-Исроил он вақт   мағлуб   шуданд,   ва банӣ-Яҳудо ғолиб  омаданд,  зеро ки ба Худованд Худои пада-рони худ таваккал карданд.
  19. Ва Абиё Ёробъомро таъқиб намуда, шаҳрҳои зеринро аз ӯ гирифт: Байт-Илро бо қасабаҳояш, ва Ешоноро бо қа-сабаҳояш, ва Эфрайинро бо қасабаҳояш.

Фавти Ёробъом.

  1. Ва Ёробъом дар айёми Абиё дигар бақувват нашуд; ва Худованд ӯро зарба зад, ва ӯ мурд.
  2. Вале Абиё қавӣ  шуд, ва чордаҳ  зан  барои худ ги-рифт, ва бисту ду писар ва шонздаҳ духтар ба дуньё овард.
  3. Ва бақияи аъмоли Абиё, ва рафтор ва гуфтори ӯ дар тафсири Иддӯи набӣ навишта шудааст.

© IBT 1992