Чорум Подшоҳон боби 2

Ба осмон бароварда шудани Илъёс.

  1. ВА ҳангоме ки Худованд Ильёсро дар гирдбод ба осмон бароварданӣ шуд, Ильёс бо Элишоъ аз Ҷилҷол мерафт.
  2. Ва Ильёс ба Элишоъ гуфт: «Лутфан, дар ин ҷо бимон, зеро ки Худованд маро ба Байт-Ил фиристодааст». Ва Элишоъ гуфт: «Ба ҳаёти Худованд ва ба ҳаёти ту қасам, ки ман туро тарк нахоҳам кард». Ва онҳо ба Байт-Ил фурӯд омаданд.
  3. Ва банӣ-анбиёе ки дар Байт-Ил буданд, назди Элишоъ берун омаданд, ва ба ӯ гуфтанд: «Оё ту медонӣ, ки имрӯз Худованд оғоятро аз болои сарат хоҳад гирифт?» Ва ӯ гуфт: «Ман ҳам медонам, хомуш бошед».
  4. Ва Ильёс ба ӯ гуфт: «Эй Элишоъ, лутфан, дар ин ҷо бимон, зеро ки Худованд маро ба Ериҳӯ фиристодааст». Ва ӯ гуфт:  «Ба ҳаёти Худованд ва ба ҳаёти ту қасам,  ки ман туро тарк нахоҳам кард». Ва онҳо ба Ериҳӯ омаданд.
  5. Ва банӣ-анбиёе   ки   дар Ериҳӯ буданд,  ба Элишоъ наздик омада, гуфтанд: «Оё ту медонӣ, ки имрӯз Худованд оғоятро аз болои сарат хоҳад гирифт?» Ва ӯ гуфт:   «Ман ҳам медонам, хомӯш бошед».
  6. Ва Ильёс ба ӯ гуфт: «Лутфан, дар ин ҷо бимон, зеро ки Худованд маро ба Урдун фиристодааст». Ва ӯ гуфт: «Ба ҳаёти Худованд ва ба ҳаёти ту қасам, ки ман туро тарк нахоҳам кард». Ва ҳар дуяшон рафтанд.
  7. Ва панҷоҳ нафар аз банӣ-анбиё рафта, дар рӯ ба рӯи онҳо аз дур истоданд. Ва ҳар дуяшон назди Урдун истода буданд.
  8. Ва Ильёс ридои худро гирифта, лӯла кард, ва обро зад, ва он пора шуда ба ин тараф ва он тараф ақиб рафт, ва ҳар дуяшон дар хушкӣ убур карданд.
  9. Ва баъд аз он ки убур карданд, Ильёс ба Элишоъ гуфт: «Хоҳиш   намо, ки барои  ту чӣ  кунам,   пеш аз он ки   аз  ту   гирифта   шавам».   Ва   Элишоъ   гуфт:   «Лутфан, бигзор рӯҳи ту бар ман дучанд насиб гардад».
  10. Ва ӯ гуфт: «Чизи мушкиле ту хоҳиш намудӣ. Агар бубинӣ, ки чӣ гуна ман  аз  ту гирифта мешавам,  бароят чунин хоҳад шуд, вагар на — нахоҳад шуд».
  11. Ва ҳангоме ки онҳо  қадам  зада  мерафтанду   сухан меронданд, инак, аробаи оташин ва аспони оташин пайдо шуда, онҳоро аз якдигар ҷудо карданд, ва Ильёс дар гирд-бод ба осмон сууд намуд.

Рӯҳе ки бар Ильёс буд, бар Элишоъ қарор мегирад.

  1. Ва Элишоъ  инро  дида,   фарьёд  зад:   «Эй падарам, падарам!   Эй аробаи Исроил ва саворонаш!» Ва ӯро дигар надид, ва либосҳои худро гирифта, ду пора кард.
  2. Ва ридои Ильёсро, ки аз китфаш афтода буд, бардошт, ва баргашта, дар соҳили Ӯрдун истод.
  3. Ва ридои Ильёсро, ки аз китфаш афтода буд, гирифт, ва обро зада, гуфт: «Худованд Худои Ильёс куҷост?» Ҳамин ки ӯ низ обро зад, он пора шуда ба ин тараф ва он тараф ақиб рафт, ва Элишоъ убур кард.
  4. Ва банӣ-анбиёе ки дар Ериҳӯ дар рӯ ба рӯяш буданд, ӯро дида, гуфтанд: «Рӯҳи Ильёс бар Элишоъ қарор гириф-тааст». Ва ба истиқболи  ӯ  омада,   ба ӯ то  замин  таъзим карданд.

Банӣ-анбиё, дониш дошта бошанд ҳам, имон надоранд.

  1. Ва ба ӯ гуфтанд: «Инак, бо бандагонат панҷоҳ марди пурзӯр ҳастанд; бигзор онҳо рафта, оғоятро ҷустуҷӯ намоянд: шояд, рӯҳи Худованд ӯро бардошта, бар яке аз кӯҳҳо ва ё дар яке аз дараҳо партофта бошад». Вале ӯ гуфт: «Нафиристед».
  2. Валекин онҳо ба ӯ  бисьер исрор карданд,  ба тавре ки ӯ безор шуда, гуфт: «Бифиристед». Ва панҷоҳ нафарро фиристоданд, ва онҳо се рӯз ҷустуҷӯ намуданд, вале ӯро наёфтанд.
  3. Ва назди ӯ баргаштанд, дар сурате ки ӯ дар Ериҳӯ буд; ва ӯ ба онҳо гуфт:  «Ман, охир, ба шумо гуфтам,  ки наравед».
  4. Ва аҳли шаҳр ба Элишоъ гуфтанд: «Инак, мавзеи ин шаҳр хуб аст, чунон ки оғои мо мебинад;   валекин  обаш ганда, ва заминаш бачакуш аст».
  5. Ва ӯ гуфт: «Ба ман косаи наве биёред ва намак дар он биандозед». Ва ба ӯ оварданд.
  6. Ва ӯ назди сарчашмаи об берун рафта, намакро дар он андохт, ва гуфт: «Худованд чунин мегӯяд:   «Ман ин обро шифо бахшидам, ва аз он дигар мавт   ва  бачамурӣ рӯй нахоҳад дод»».
  7. Ва он  об  шифо  ёфт, ки то имрӯз чунин аст,  бар тибқи сухане ки Элишоъ гуфтааст.
  8. Ва аз он ҷо ӯ ба Байт-Ил равона шуд; ва ҳангоме ки ӯ дар роҳ мерафт, бачагони хурд аз шаҳр берун омада, ӯро истеҳзокунон гуфтанд: «Эй кал, бирав! Эй кал, бирав!»
  9. Ва ӯ ба пушташ нигариста, онҳоро дид, ва онҳоро ба исми Худованд лаънат гуфт. Ва ду хирс аз ҷангал берун омада, аз онҳо чилу ду писарбачаро дариданд.
  10. Ва аз он ҷо ӯ ба кӯҳи Кармил рафт, ва аз он ҷо ба Сомария баргашт.

© IBT 1992