Ададҳо боби 19

Фармон дар бораи модагови сурх.

  1. ВА Худованд ба Мусо ва Ҳорун сухан ронда, гуфт:
  2. «Ин аст фаризаи шариат, ки Худованд амр фармуда, мегӯяд: ба банӣ-Исроил бигӯ, ки модагови сурхи комиле ки айбе надошта бошад, ва юғ бар гарданаш гузошта нашуда бошад, назди ту биёранд.
  3. Ва онро ба Элъозори коҳин бидиҳед, ва ӯ онро аз ӯрдугоҳ берун меоварад, ва онро ба ҳузури ӯ мекушанд.
  4. Ва бигзор Элъозори коҳин бо ангушти худ аз хуни он гирифта, ба тарафи пеши хаймаи ҷомеъ ҳафт карат он хунро бипошад.
  5. Ва модаговро пеши назари ӯ месӯзонанд: бигзор пӯсти он ва гӯшти он ва хуни он бо якҷоягии саргини он сӯзонида шавад.
  6. Ва бигзор коҳин чӯби арз ва зуфо ва риштаи қирмиз гирифта, бар оташи модагов партояд;
  7. Ва коҳин либосашро бишӯяд ва баданашро дар об ғусл диҳад, ва баъд аз он ба ӯрдугоҳ биёяд, ва коҳин то шом наҷис хоҳад буд.
  8. Ва касе ки онро сӯзонидааст, бигзор либосашро бо об бишӯяд, ва баданашро дар об ғусл диҳад, ва то шом наҷис хоҳад буд.
  9. Ва бигзор шахси поке хокистари модаговро ҷамъ кар-да, берун аз ӯрдугоҳ дар макони поке бимонад, ва он аз баҳри ҷамоати банӣ-Исроил барои оби поккунанда нигоҳ дошта хоҳад шуд: ин пок кардан аст аз гуноҳ.
  10. Ва касе ки хокистари модаговро ҷамъ кардааст, бигзор либосашро бишӯяд, ва то шом наҷис хоҳад буд. Ва бигзор ин барои банӣ-Исроил ва барои ғарибе ки дар миёни онҳо сукунат дорад, фаризаи доимӣ бошад.
  11. Касе ки ба ҷасади мурдаи ҳар одаме мерасад, ҳафт рӯз наҷис хоҳад буд.
  12. Вай бояд худро дар рӯзи сеюм ва дар рӯзи ҳафтум бо он пок гардонад, ва он гоҳ пок хоҳад буд; вале агар худро дар рӯзи сеюм ва дар рӯзи ҳафтум пок нагардонад, пок на-хоҳад буд.
  13. Ҳар касе ки ба мурдае, ба ҷасади одаме ки мурдааст, расида, худро пок нагардонида бошад, маскани Худовандро палид месозад, ва он кас аз миёни Исроил маҳв хоҳад шуд; зеро ки оби поккунанда бар вай пошида нашудааст, аз ин рӯ вай нопок аст, яъне нопокии вай ҳанӯз бар вай боқист.
  14. Ин аст шариат: агар касе дар хайма бимирад, ҳар кӣ ба он хайма дарояд, ва ҳар чи дар он хайма бошад, ҳафт рӯз наҷис хоҳад буд.
  15. Ва ҳар зарфи кушода, ки сарпӯшаш бар он маҳкам карда нашуда бошад, наҷис хоҳад буд.
  16. Ва ҳар кӣ дар саҳро ба ҷасади каси бо шамшер кушта-шуда, ё бо аҷали худ мурда, ё ба устухони одамизод, ба қабри вай мерасад, ҳафт рӯз наҷис хоҳад буд.
  17. Ва бигзор барои шахси наҷис аз хокистари он қурбо-нии аз баҳри гуноҳ сӯзонидашуда бигиранд, ва оби равон бар он дар зарфе бирезанд;
  18. Ва шахси поке зуфо гирифта, дар он об биғӯтонад, ва бар хайма ва бар тамоми коло ва бар касоне ки дар он буданд, ва бар шахсе ки ба устухон, ё ба мақтул, ё ба ҷасади мурда, ё ба қабр расидааст, бипошад;
  19. Ва шахси пок бар шахси наҷис дар рӯзи сеюм ва дар рӯзи ҳафтум. бипошад, ва дар рӯзи ҳафтум ӯро пок гардонад, ва он гоҳ ӯ либосашро мешӯяд, ва дар об ғусл мекунад, ва шомгоҳ пок хоҳад буд.
  20. Вале агар касе наҷис шуда, худро пок нагардонад, он кас аз миёни ҷамоат маҳв хоҳад шуд, зеро ки вай қудси Худо-вандро палид кардааст: оби поккунанда бар вай пошида на-шудааст, вай наҷис аст.
  21. Ва бигзор ин барои онҳо фаризаи доимӣ бошад; ва касе ки оби поккунанда пошидааст, бигзор либосашро би-шӯяд; ва касе ки ба оби поккунанда расидааст, то шом наҷис хоҳад буд.
  22. Ва ҳар чизе ки шахси наҷис ба он расида бошад, наҷис хоҳад буд, ва касе ки ба он бирасад, то шом наҷис хоҳад буд».

© IBT 1992