Еҳушаъ боби 13

Худованд ба Еҳушаъ ибни Нун дар бораи тақсимоти замин дастурот медиҳад.

  1. ВА Еҳушаъ пир ва солхӯрда шуд, ва Худованд ба ӯ гуфт: «Ту пир ва солхӯрда шудаӣ, ва ҳанӯз замини бағоят бисьёр барои тасарруф кардан боқист.
  2. Ин аст замине ки боқӣ мондааст: ҳамаи ноҳияҳои фалиштиён ва ҳамаи ҷашуриён,
  3. Аз Шиҳӯр, ки дар рӯ ба рӯи Миср аст, то сарҳади Эқрӯн ба самти шимол, ки аз они Канъон ба шумор меравад; панҷ ҳокими фалиштиён: аз они Ғазза, аз они Ашдӯд, аз они Ашқалӯн, аз они Ҷат, аз они Эқрӯн ва аз они аввиён;
  4. Аз ҷануб тамоми замини канъониён, ва Маоро, ки аз они сидӯниён аст, то Афиқ ва то сарҳади амӯриён;
  5. Ва кишвари Ҷабал, ва тамоми Лубнон ба самти тулӯи офтоб, аз Баал-Ҷод, ки дар домани кӯҳи Ҳермӯн аст, то даромадгоҳи Ҳамот.
  6. Ҳамаи сокинони кӯҳистонро аз Лубнон то Мисрефӯт -Маим, яъне ҳамаи сидӯниёнро Ман аз пеши банӣ-Исроил бадар хоҳам ронд; лекин ту онро ба исроилиён қуръа партоф-та барои моликият тақсим намо, чунон ки ба ту амр фар-мудаам.
  7. Ва алҳол ин заминро ба нӯҳ сибт ва нисфи сибти Менашше барои моликият тақсим намо».
  8. Бо нисфи дигари ин сибт сибтҳои Реубен ва Ҷод мо-ликияти худро гирифтаанд: онро Мусо ба онҳо дар он тарафи Урдун, ба самти шарқ, додааст, чунон ки Мусо, бандаи Худованд, онро ба онҳо бахшида буд,
  9. Аз Арӯэр, ки дар канори водии Арнӯн аст, ва шаҳре ки андаруни водӣ мебошад, ва тамоми дашт аз Мидбо то Ди-бӯн,
  10. Ва ҳамаи шаҳрҳои Сиҳӯн, подшоҳи амӯриён, ки дар Ҳешбӯн подшоҳӣ мекард, то сарҳади банӣ-Аммӯн,
  11. Ва Ҷилъод ва замини ҷашуриён ва маъхогиён ва тамо-ми кӯҳи Ҳермӯн ва тамоми Бошон то Салхо;
  12. Тамоми мамлакати Ӯҷи бошонӣ, ки дар Ашторӯт ва Эдрей подшоҳӣ мекард, — ӯ аз бақияи рафоиён буд, ва он-ҳоро Мусо зарба зада, бадар ронда буд.
  13. Валекин банӣ-Исроил ҷашуриён ва маъхогиёнро бадар наронданд; ва ҷашуриён ва маъхогиён то имрӯз дар миёни исроилиён сукунат доранд.
  14. Фақат ба сибти Левӣ ӯ моликияте набахшид: қурбо-ниҳои Худованд Худои Исроил моликияти ӯст, чунон ки ба ӯ гуфта буд.
  15. Ва Мусо ба хонадони банӣ-Реубен мувофиқи қабилаҳои онҳо дод,
  16. Ва ҳудуди онҳо аз Арӯэр буд, ки дар канори водии Арнӯн аст, ва шаҳре ки андаруни водӣ мебошад, ва тамоми дашт то Мидбо,
  17. Ҳешбӯн ва ҳамаи шаҳрҳояш, ки дар дашт воқеъ аст: Дибӯн ва Бомӯт-Баал ва Байт-Баал-Маӯн,
  18. Ва Яҳсо ва Қадимӯт ва Мифоат,
  19. Ва Қирьётоим ва Сибмо ва Сорат-Шаҳар, ки дар кӯҳи Эмак аст,
  20. Ва Байт-Фаӯр ва домани Фисҷа ва Байт-Ешимӯт,
  21. Ва ҳамаи шаҳрҳои дашт ва тамоми мамлакати Сиҳӯн, подшоҳи амӯриён, ки дар Ҳешбӯн подшоҳӣ мекард, ва Мусо ӯ ва раисони Мидьёнро: Эвӣ ва Роқам ва Сур ва Ҳур ва Робаъро, ки ин мирони Сиҳӯн дар он замин сокин буданд, маҳв намуда буд;
  22. Ва Билъом ибни Баӯрро, ки ҷодугар буд, банӣ-Исроил дар миёни куштагони худ кушта буданд.
  23. Ва сарҳади банӣ-Реубен Урдун ва ҳудуди он буд; ҳа-мин аст моликияти банӣ-Реубен мувофиқи қабилаҳои онҳо, яъне шаҳрҳо бо деҳоти онҳо.
  24. Ва Мусо ба хонадони Ҷод, яъне ба банӣ-Ҷод, мувофи-қи қабилаҳои онҳо бахшид,
  25. Ва ҳудуди онҳо чунин буд: Яъзир ва ҳамаи шаҳрҳои Ҷилъод ва нисфи замини банӣ-Аммӯн то Арӯэр, ки дар рӯ ба рӯи Рабба мебошад;
  26. Ва аз Ҳешбӯн то Ромот-Мисфо ва Батӯним, ва аз Маҳа-ноим то сарҳади Дабир;
  27. Ва дар водӣ: Байт-Ҳором ва Байт-Нимро ва Суккӯт ва Софӯн,   бақияи  мамлакати   Сиҳӯн,   подшоҳи  Ҳешбӯн, Урдун ва ҳудуди он, то канори баҳри Кинерет, дар он тара-фи Ӯрдун ба самти шарқ;
  28. Ҳамин аст моликияти банӣ-Ҷод мувофиқи қабилаҳои онҳо, яъне шаҳрҳо бо деҳоти онҳо.
  29. Ва Мусо ба нисфи сибти Менашше бахшид, ва ин ба-рои нисфи хонадони банӣ-Менашше мувофиқи қабилаҳои онҳо буд,
  30. Ва ҳудуди онҳо чунин буд: аз Маҳаноим тамоми Бо-шон, тамоми мамлакати Ӯҷ, подшоҳи Бошон, ва тамоми деҳоти Ёир, ки дар Бошон аст, шаст шаҳр.
  31. Ва нисфи Ҷилъод, ва Ашторӯт ва Эдрей, шаҳрҳои мамлакати Ӯҷ дар Бошон,   барои  писарони   Мокир  ибни Менашше,  барои нисфи банӣ-Мокир мувофиқи қабилаҳои онҳо буд.
  32. Ҳамин аст моликияте ки Мусо дар саҳрои Мӯоб, аз он тарафи Урдун назди Ериҳӯ ба самти шарқ бахшида буд.
  33. Вале ба сибти Левӣ Мусо ҳеҷ мулке надодааст: Худо-ванд Худои Исроил мулки онҳост, чунон ки Ӯ ба онҳо гуфтааст.

© IBT 1992