Доварон боби 10

Тӯлоъ довари ҳафтум.

  1. ВА баъд аз Абималик Тӯлоъ ибни Фуоҳ ибни Дӯдӯ, марде аз сибти Иссокор бархост, то ки Исроилро наҷот диҳад; ва ӯ дар Шомир, дар кӯҳи Эфроим сукунат дошт.
  2. Ва ӯ бар Исроил бисту се сол доварӣ намуд; ва ӯ ва-фот ёфта, дар Шомир дафн карда шуд.

Ёир довари ҳаштум.

  1. Ва баъд аз ӯ Ёири ҷилъодӣ бархоста, бар Исроил бисту ду сол доварӣ намуд.
  2. Ва ӯ сӣ писар дошт, ки бар сӣ харкурра савор мешу-данд, ва онҳо сӣ шаҳр доштанд; онҳо то имрӯз деҳоти Ёир номида мешаванд,  ки дар  замини Ҷилъод воқеанд.
  3. Ва Ёир вафот ёфта, дар Қомӯн дафн карда шуд.

Бори шашум аз Худо дур шудани Исроил ва гирифтори асорат гардидани он.

  1. Ва аз нав банӣ-Исроил он чи дар назари Худованд бад буд, ба амал оварданд, ва Баалҳо,   ва  Аштораҳо,   ва худоёни  Арам,  ва худоёни   Сидӯн,   ва худоёни Мӯоб, ва худоёни банӣ-Аммӯн, ва худоёни фалиштиёнро ибодат мекар-данд; ва Худовандро тарк намуданд, ва Ӯро ибодат намекар-данд.
  2. Ва хашми Худованд бар Исроил аланга гирифт, ва Ӯ онҳоро ба дасти фалиштиён ва ба дасти банӣ-Аммӯн таслим намуд.
  3. Ва онҳо банӣ-Исроилро дар он сол ба танг оварданд ва азият доданд; ҳаждаҳ сол дар ҳаққи тамоми банӣ-Исроил, ки дар он тарафи Урдун, дар замини амӯриён, дар Ҷилъод буданд, зулм карданд.
  4. Ва банӣ-Аммӯн аз Урдун гузаштанд, то ки ба Яҳудо ва Биньёмин ва хонадони Эфроим низ  ҷанг кунанд:  ва исроилиён бағоят ба танг омаданд.
  5. Ва банӣ-Исроил сӯи Худованд истиғоса бурда, гуфтанд: «Мо пеши Ту гуноҳкор шудаем, зеро ки Худои худро тарк намуда, Баалҳоро  ибодат  кардаем».
  6. Ва Худованд ба банӣ-Исроил гуфт: «Ман, охир, шу-моро аз мисриён, ва аз амӯриён, ва аз банӣ-Аммӯн, ва аз фалиштиён наҷот додам;
  7. Ва аҳли Сидӯн, ва Амолеқ, ва Моӯн шуморо ба танг оварданд, ва шумо сӯи ман истиғоса бурдед, ва Ман шумо-ро аз дасти онҳо наҷот додам.
  8. Ва шумо Маро тарк карда, худоёни дигарро ибодат намудед, бинобар ин Ман шуморо дигар наҷот нахоҳам дод.
  9. Биравед ва сӯи худоёне ки баргузидаед, истиғоса ба-ред; бигзор онҳо шуморо дар вақти тангии шумо наҷот ди-ҳанд».
  10. Ва банӣ-Исроил ба Худованд гуфтанд:  «Мо  гуноҳ-кор шудаем; ҳар он чи дар назари ту писанд ояд, ба мо бикун, фақат имрӯз моро раҳоӣ деҳ».
  11. Ва онҳо худоёни бегонаро аз даруни худ дур карданд, ва Худовандро ибодат намуданд; ва дили Ӯ аз боиси ази-ятҳои Исроил маҳзун шуд.
  12. Ва банӣ-Аммӯн ҷамъ шуда, дар Ҷилъод ӯрду заданд; ва банӣ-Исроил ҷамъ шуда, дар Мисфо ӯрду заданд.
  13. Ва қавм, сарварони Ҷилъод, ба якдигар гуфтанд: «Он касе ки бар зидди банӣ-Аммӯн ба ҷанг шурӯъ намояд, сар-дори ҳамаи  сокинони  Ҷилъод хоҳад буд».

© IBT 1992