Такрори Шариат боби 15

Дар бораи солҳои муоф*.

  1. «ДАР соли ҳафтум муоф намо.
  2. Масъалаи муоф чунин аст: ҳар қарзхоҳе ки  ба  ёри худ қарз дода бошад, бояд муоф намояд ва аз ёр ва бародари худ адои қарзро талаб накунад, зеро ки барои Худованд муоф эълон карда шудааст.
  3. Аз аҷнабӣ талаб бикун, вале аз он чи, ки бародарат бояд ба ту адо намояд, дасти худро бикаш.
  4. Набояд назди ту эҳтиёҷманде бошад, зеро ки Худованд туро дар замине ки Худованд Худои ту ҳамчун мулк барои тасарруф карданат медиҳад, ҳатман баракат хоҳад дод,
  5. Агар овози Худованд Худои худро бодиққат гӯш карда, саъю кӯшиш намоӣ, ки тамоми   ин   аҳкомро, ки ман имрӯз ба ту амр мефармоям, ба амал оварӣ,
  6. Зеро Худованд Худоят туро, чунон ки ба ту гуфтааст, баракат хоҳад дод; ва ту ба халқҳои бисьёр қарз хоҳӣ дод, вале худат қарз нахоҳӣ гирифт; ва ту бар халқҳои бисьёр ҳукмронӣ хоҳӣ кард, вале бар ту хукмронӣ нахоҳанд кард.
  7. Агар назди ту, дар яке аз шаҳрҳои ту, дар  замине ки Худованд Худоят ба ту медиҳад, яке аз бародарони ту эҳтиёҷманд бошад, дили худро сахт накун ва дасти худро аз бародари эҳтиёҷманди худ набанд,
  8. Балки дасти худро албатта барои вай кушода, мувофиқи эҳтиёҷи вай, ба қадри кофӣ ба вай қарз бидеҳ.
  9. Эҳтиёт бош, ки фикри баде дар дилат пайдо шуда, ту нагӯӣ: «Соли ҳафтум, яъне соли муоф, наздик меояд», ва назари ту ба бародари  эҳтиёҷманди ту бад шуда, ба вай қарз надиҳӣ, — вай аз дасти ту сӯи Худованд фиғон хоҳад кард, ва ин барои ту гуноҳ хоҳад буд.
  10. Хатман ба вай қарз бидеҳ, ва ҳангоме ки ба вай медиҳӣ, дилат малул нашавад; зеро ки дар ивази он Худованд Худоят туро дар тамоми аъмолат ва дар ҳар шуғли дастат баракат хоҳад дод.
  11. Зеро ки эҳтиёҷманд дар рӯи замин ҳамеша хоҳад буд, бинобар ин ман ба ту амр фармуда, мегӯям:  дасти худро барои   бародари   камбағал   ва  эҳтиёҷманди худ дар замини худ ҳатман бикшо.
  12. Агар бародари ту, мард ё зани ибронӣ, ба ту фурӯхта шавад, вай бояд шаш сол назди ту ғулом бошад, ва дар соли ҳафтум ту варо аз пеши худ озод карда бифирист.
  13. Ва ҳангоме ки варо аз пеши худ озод карда мефи-ристӣ, варо тиҳидаст нафирист,
  14. Балки варо аз рамаи  худ ва  аз хирмани худ ва аз чархушти худ таъмин намо:  ба андозае ки Худованд Ху-доят туро баракат дода бошад, ба вай бидеҳ.
  15. Ва дар хотир нигоҳ дор, ки  ту  дар   замини   Миср ғулом будӣ, ва туро Худованд Худои ту фидия дода раҳо кард; бинобар ин ман имрӯз инро ба ту амр мефармоям.

Дар бораи ғуломони «якумрӣ».

  1. Валекин агар вай ба ту гӯяд: «Аз пеши ту намеравам», зеро ки вай туро ва хонадони туро дӯст доштааст, ва аҳво-лаш назди ту некӯст, —
  2. Дар он сурат бигизе бигир ва гӯши варо ба дар час-понида, сӯрох кун, ва вай ғуломи якумрии ту хоҳад  буд; ва бо канизи худ низ чунин амал намо.
  3. Бигзор ба назари ту сахт нанамояд,  ки варо  озод карда мефиристӣ, зеро ки вай дар зарфи шаш сол ду баро-бари муздури кироя барои ту хизмат кардааст; ва Худованд Худои ту дар ҳар коре ки мекунӣ, туро баракат хоҳад дод.
  4. Ҳамаи нахустзодаҳои наринаро, ки аз говон ва гӯс-фандони ту  зоида  мешавад, барои  Худованд Худои худ тақдис намо; бо нахустзодаи наргови худ кор накун, ва аз нахустзодаи гӯсфанди худ пашм натарош.
  5. Ба ҳузури Худованд Худои худ онро сол ба сол, дар маконе ки Худованд баргузинад, ту ва аҳли байти ту бихӯред.
  6. Вале агар он ягон айбе дошта бошад, яъне ланг ё кӯр бошад, ё ҳар гуна нуқсони дигараш бошад, онро ба-рои Худованд Худои худ забҳ накун.
  7. Онро дар истиқоматгоҳи худ бихӯр, шахсони наҷис ва пок мисли ғизоле ва мисли оҳуе бихӯранд.
  8. Лекин хуни онро нахӯр: онро мисли об бар замин бирез».

*Муоф — озод кардан аз андоз ё аз иҷрои коре.

© IBT 1992