Сеюм Подшоҳон боби 3

Сулаймон бо фиръавн иттифоқ мебандад ва духтари ӯро ба занӣ мегирад.

  1. ВА Сулаймон ба  фиръавн,   подшоҳи   Миср,   домод шуд, ва духтари фиръавнро гирифта, ба шаҳри Довуд овард, то даме ки сохтани хонаи худ   ва  хонаи Худованд ва ҳи-сори Ерусалимро гирдогирди он анҷом диҳад.
  2. Аммо қавм ҳанӯз бар баландиҳо қурбонӣ мекарданд, зеро ки хонае ба исми Худованд то он айём бино наёфта буд.
  3. Ва Сулаймон Худовандро дӯст дошта, мувофиқи фа-роизи падараш Довуд рафтор мекард, аммо ӯ низ бар балан-диҳо қурбонӣ мекард, ва бухур месӯзонид.

Овардани қурбониҳо бар Ҷибъӯн.

  1. Ва подшоҳ ба Ҷибъӯн равона шуд, то ки дар он ҷо қурбонӣ кунад, зеро ки баландии аз ҳама бузургтар он ҷо буд; Сулаймон ҳазор қурбонии сӯхтанӣ бар он қурбонгоҳ овард.

Дуои Сулаймон.

  1. Дар Ҷибъӯн Худованд ба  Сулаймон дар  хоби шаб зоҳир гардид, ва Худо гуфт: «Талаб намо, чӣ чизе ба ту би-диҳам».
  2. Ва Сулаймон гуфт: «Ту ба бандаи Худ, ба падарам Довуд, эҳсони азиме кардӣ,   азбаски  ӯ  ба  ҳузури Ту бо ростӣ ва адолат ва самимияти дил рафтор менамуд; ва ин эҳсони азимро барои ӯ нигоҳ дошта, ба ӯ писаре додӣ, то ки бар тахти ӯ биншинад, чунон ки имрӯз воқеъ шудааст.
  3. Ва алҳол, эй Худованд Худои ман, Ту бандаи Худро ба ҷои падарам Довуд подшоҳ кардӣ, валекин ман амради хурдсоле ҳастам, ки даробароро намедонам.
  4. Ва бандаат дар миёни қавми  Туст,   ки  баргузидаӣ, дар миёни қавми сершуморе ки онҳоро, ба сабаби бисьёриа-шон, на шумурдан мумкин аст, на ба ҳисоб овардан.
  5. Пас, ба бандаи Худ дили бохирад ато намо, то ки қав-ми Туро доварӣ кунам, ва ба фарқи байни нек ва бад сар-фаҳм равам, зеро кист, ки ин қавми сершумори Туро доварӣ тавонад кунад?»
  6. Ва ин ба назари Худованд писанд омад, ки Сулаймон ин чизро талабида буд.
  7. Ва Худо ба ӯ гуфт: «Азбаски ту ин чизро талабидӣ, ва барои  худ  айёми  дуру  дароз  талаб накардӣ, ва барои худ  сарват талаб  накардӣ,  ва ҷони   душманонатро   талаб накардӣ, балки барои худ хирад талабидӣ, то ки инсофро фаҳм намоӣ, —
  8. Инак, аз рӯи гуфтаи ту кардам;  инак,  ба ту дили пурҳикмат ва бохирад ато намудам, ба тавре ки пеш аз ту касе мисли ту набуд, ва баъд аз ту касе мисли ту нахоҳад ба майдон омад.
  9. Ва низ он чиро, ки талаб накардӣ, яъне ҳам сарват ва ҳам ҷалолро ба ту ато намудам, ба тавре ки дар тамоми айёми ту касе мисли ту дар миёни подшоҳон нахоҳад буд.
  10. Ва агар бо роҳҳои Ман рафтор карда, фароиз ва аҳкоми Маро риоя намоӣ, чунон ки падарат Довуд рафтор мекард, Ман айёми туро дуру дароз хоҳам гардонид».
  11. Ва Сулаймон бедор   шуд,   ва  инак  хоб   буд.  Ва ба Ерусалим омада, пеши сандуқи аҳди  Худованд   истод,  ва курбониҳои сӯхтанӣ баровард, ва қурбониҳои саломатӣ забҳ намуд,  ва барои ҳамаи навкаронаш базм  барпо кард.

Хирадмандии Сулаймон.

  1. Он гоҳ ду зани зинокор назди подшоҳ омада, ба ҳу-зури ӯ истоданд.
  2. Ва яке аз он занон гуфт: «Эй оғоям! Ман ва ин зан дар як хона сокин ҳастем; ва ман дар он хона назди вай зоидам.
  3. Ва баъд аз зоиданам дар рӯзи сеюм ин зан низ зоид; ва мо бо ҳамдигар будем, каси бегонае бо мо дар хона набуд, фақат ҳар дуи мо дар хона будем.
  4. Ва шабона писари ин  зан мурдааст,  чунки вай бар ӯ хобидааст.
  5. Ва нисфи  шаб  вай  бархоста, писари маро, вақте ки канизат дар хоб буд, аз пеши ман гирифтааст ва дар бағали худ  гузоштааст,   ва   писари мурдаи худро дар бағали ман мондааст.
  6. Ва субҳидам, вақте ки ман бархостам, то ки ба писа-рам сина диҳам, ва инак, ӯ мурда буд; валекин вақте ки пагоҳӣ ба ӯ синчакунон нигоҳ кардам, ва инак, ӯ писаре ки ман зоида будам, набуд».
  7. Ва зани дигар гуфт: «Не, балки бачаи зинда писари ман ва бачаи мурда писари туст». Ва он зан гуфт: «Не, балки бачаи мурда писари ту ва бачаи зинда писари ман аст». Ва онҳо ба ҳузури подшоҳ ҳамин тавр сухан меронданд.
  8. Ва подшоҳ   гуфт:   «Ин   мегӯяд:   «Ин   бачаи   зинда писари ман   ва  бачаи  мурда писари туст». Ва  он мегӯяд: «Не, балки бачаи мурда писари ту ва бачаи зинда писари ман аст”».
  9. Ва подшоҳ гуфт: «Шамшере пеши ман биёред». Ва шам-шере пеши подшоҳ оварданд.
  10. Ва подшоҳ гуфт: «Бачаи зиндаро ба ду нима пора ку-нед, ва нисфашро ба яке ва нисфашро ба дигаре бидиҳед».
  11. Ва зане ки бачаи зинда писараш буд, ба подшоҳ сухан ронд, зеро ки ба писараш раҳмаш омад, ва гуфт: «Эй оғоям! Ин бачаи зиндаро ба вай бидиҳед, ва ба ҳеҷ ваҷҳ ӯро накушед». Валекин зани дигар гуфт: «Бигзор на аз они ман бо-шад, ва на аз они ту, — пора кунед!»
  12. Ва подшоҳ ҷавоб гардонида, гуфт: «Бачаи зиндаро ба он зан бидиҳед, ва ба ҳеҷ ваҷҳ ӯро накушед; вай модари ӯст».
  13. Ва тамоми Исроил довариеро, ки подшоҳ ба амал овар-да буд, шуниданд, ва аз подшоҳ тарсиданд, зеро диданд, ки хирадмандии илоҳӣ барои доварӣ кардан андаруни ӯст.

© IBT 1992