Дуюм Вақоеънома боби 20

Ба Яҳудо ҳуҷум овардани мӯобиён.

  1. ВА баъд аз он чунин воқеъ шуд, ки банӣ-Мӯоб ва банӣ-Аммӯн, ва  бо  онҳо  баъзе  аз  маӯниён   ба   муқобили Еҳӯшофот барои ҷанг омаданд.
  2. Ва назди Еҳӯшофот омаданд ва хабар дода, гуфтанд: «Анбӯҳи бузурге аз он тарафи баҳр, аз Арам ба муқобили ту меоянд, ва инак, онҳо ба Ҳасасӯн-Томор, ки ҳамон Айн-Ҷадӣ бошад, расидаанд».

Дуои Еҳӯшофот.

  1. Ва Еҳӯшофот ба ҳарос афтод, ва ба мадади Худованд рӯй овард, ва дар тамоми Яҳудо рӯзадорӣ эълон кард.
  2. Ва аҳли  Яҳудо  ҷамъ шуданд,  то ки аз Худованд мадад пурсанд; аз ҳамаи шаҳрҳои  Яҳудо низ омаданд,  то ки аз Худованд мадад пурсанд.
  3. Ва Еҳӯшофот дар миёни ҷамоати Яҳудо ва Ерусалим, дар хонаи Худованд, пеши саҳни нав истода,
  4. Гуфт: «Эй Худованд Худои падарони мо! Ту, охир, Худо дар осмон ҳастӣ, ва Ту бар ҳамаи мамлакатҳои қавмҳо салтанат меронӣ, ва қувват ва иқтидор дар дасти Туст, ва касе нест, ки тавонад пеши Ту истодагӣ намояд.
  5. Ту, охир, эй Худои мо, сокинони ин заминро аз пеши қавми Худ Исроил бадар рондаӣ, ва онро ба насли дӯсти Худ Иброҳим ба сурати абадӣ додаӣ.
  6. Ва онҳо дар он сокин шуданд, ва барои Ту қудсе ба исми Ту дар он бино карда, гуфтанд:
  7. «Агар мусибате, шамшери ҷазодиҳандае, ё вабо ва қаҳтӣ бар мо биёяд, мо пеши ин хона ва пеши Ту, — чунки исми Ту дар ин хона аст, — биистем ва сӯи Ту дар тангии худ истиғоса барем, ва Ту иҷобат намуда наҷот хоҳӣ дод».
  8. Ва алҳол, инак, банӣ-Аммӯн ва Мӯоб ва кӯҳи Сеир, ки Ту ба Исроил, вақте ки аз замини Миср меомаданд, иҷозат надодӣ, ки аз кишварҳои онҳо убур намоянд,  би-нобар ин аз пеши онҳо давр  зада гузашта, онҳоро несту нобуд накарданд, —
  9. Инак, онҳо подоши инро ба мо медиҳанд, яъне мехо-ҳанд, ки омада, моро аз меросе ки ба тасарруфи мо додаӣ, ба-дар ронанд.
  10. Эй Худои мо! Худат онҳоро доварӣ намо, зеро мо қувват надорем, ки пеши анбӯҳи бузурге ки ба муқобили мо меоянд, истодагӣ намоем, ва мо намедонем чӣ кор ку-нем, балки чашмони мо ба сӯи Туст».
  11. Ва тамоми аҳли Яхудо ба ҳузури Худованд истода бу-данд, низ кӯдаконашон, занонашон ва писаронашон.

Худованд ба воситаи Яҳазиил ҷавоб мегардонад.

  1. Ва Яҳазиил ибни Закарьёҳу, ибни Баноё, ибни Яиил, ибни Маттаньёи левизода, ки аз банӣ-Ософ буд, — бар ӯ Рӯҳи Худованд дар миёни ҷамоат нозил шуд,
  2. Ва ӯ гуфт: «Гӯш  андозед, эй тамоми Яҳудо ва со-кинони Ерусалим ва подшоҳ Еҳӯшофот! Худованд ба шумо чунин мегӯяд: «Шумо аз ин анбӯҳи бузург натарсед ва ҳа-росон нашавед, зеро ки ин ҷанг аз они шумо нест, балки аз они Худост.
  3. Фардо бар онҳо фурӯд оед: инак, онҳо ба баландии Сис мебароянд, ва шумо онҳоро дар интиҳои водӣ, назди биёбони Яруил хоҳед ёфт.
  4. Дар ин ҷанг шумо нахоҳед ҷангид; шумо, эй Яҳудо ва Ерусалим, бархоста биистед, ва наҷоти Худовандро, ки бо шумо хоҳад буд, бубинед! Натарсед ва ҳаросон нашавед! Фардо ба муқобили онҳо берун оед, ва Худованд бо шумо хоҳад буд»».
  5. Ва Еҳӯшофот  рӯ  ба  замин  афтод, ва тамоми аҳли Яҳудо ва сокинони Ерусалим ба ҳузури Худованд афтоданд, то ки ба Худованд саҷда баранд.
  6. Ва левизодагон аз банӣ-қаҳотиён ва аз банӣ-қӯраҳиён бархостанд, то ки дар ҳаққи  Худованд Худои Исроил бо овози бағоят баланд ҳамду сано гӯянд.
  7. Ва бомдодон бармаҳал бархоста,  сӯи биёбони Тақӯо берун омаданд; ва ҳангоме ки берун меомаданд, Еҳӯшофот биистод ва гуфт: «Маро бишнавед, эй аҳли Яҳудо ва сокино-ни Ерусалим! Ба Худованд Худои худ имон оваред ва амин хоҳед буд, ба анбиёи Ӯ имон оваред, ва комьёб хоҳед шуд».
  8. Ва бо қавм машварат карда, мутрибонро таъин намуд, то ки пешопеши фавҷи пешоҳанг берун рафта, дар шаъни Худованд бисароянд ва ҳашамати қудсиятро мадҳ карда, бигӯянд: «Худовандро ҳамд гӯед, зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст!»
  9. Ва ҳангоме ки онҳо ба сурудан ва ҳамд гуфтан шурӯъ карданд, Худованд бар банӣ-Аммӯн, Мӯоб ва аҳли кӯҳи Сеир, ки ба Яҳудо омада буданд, камин ниҳод, ва онҳо ши-каст хӯрданд;
  10. Ва банӣ-Аммӯн ва Мӯоб бар сокинони кӯҳи Сеир қиём намуда, онҳоро несту нобуд карданд, ва ҳангоме ки кори соки-нони Сеирро тамом карданд, якдигарро куштан гирифтанд.
  11. Ва ҳангоме ки аҳли Яҳудо ба дидбонгоҳи биёбон ра-сида, ба он анбӯҳ назар андохтанд, инак, ҷасадҳои мурда бар замин хобидааст, ва растагоре нест.
  12. Ва Еҳӯшофот бо қавми худ барои гирифтани ғанима-ти онҳо омад, ва назди онҳо молу мулк ва сару либос ва чизҳои гаронбаҳои  зиёде  ёфтанд, ва барон  худ он қадар гирифтанд, ки ёрои бардошта бурдан надоштанд, ва се рӯз онҳо ғаниматро мегирифтанд, зеро ки бағоят бисьёр буд.

Ботантана ба Ерусалим баргаштанд.

  1. Ва дар рӯзи чорум дар водии Баракат ҷамъ шуданд, зеро ки дар он ҷо Худовандро муборак хонданд; бинобар ин номи он маконро водии  Баракат  ниҳоданд,  ки то  имрӯз чунин аст.
  2. Ва тамоми мардуми Яҳудо ва Ерусалим бо сардории Еҳӯшофот бо шодмонӣ ба Ерусалим баргаштанд,  зеро ки Худованд оцҳоро бар душманонашон шод гардонида буд.
  3. Ва дар Ерусалим бо барбатҳо ва удҳо ва карнайҳо назди хонаи Худованд омаданд.
  4. Ва тарси Худо ҳамаи салтанатҳои кишварҳоро фаро гирифт, чун шуниданд, ки Худованд бо душманони Исроил ҷангидааст.
  5. Ва мамлакати Еҳӯшофот осуда шуд, ва Худои ӯ ба ӯ аз ҳар тараф оромӣ ато намуд.
  6. Ва Еҳӯшофот бар Яҳудо подшоҳӣ  кард;   дар вақти подшоҳ шуданаш сию панҷсола буд, ва бисту панҷ сол дар Ерусалим подшоҳӣ кард,  ва номи модараш   Азубо бинти Шилҳӣ буд.
  7. Ва бо роҳи падари худ Осо рафтор намуд, ва аз он дур нашуда,  он чи дар назари Худованд мақбул буд, ба амал овард.
  8. Аммо баландиҳо барҳам дода нашуд, ва қавм ҳанӯз дилҳои худро сӯи Худои падарони худ равона накарда буданд.
  9. Ва бақияи аъмоли Еҳӯшофот, аз аввал то охир, дар вақоеъномаи Еҳу ибни Ҳанонӣ, ки он дар китобн подшоҳони Исроил дохил аст, навишта шудааст.

Еҳӯшофот бо Аҳазъё шарик мешавад.

  1. Ва баъд аз ин Еҳӯшофот, подшоҳи Яҳудо, бо Аҳазьё, подшоҳи Исроил, ки шарирона рафтор мекард, шарик шуд.
  2. Ва бо вай шарик шуд, то ки киштиҳо сохта, ба Таршиш равона кунад; ва онҳо дар Эсьюн-Ҷобар киштиҳо сохтанд.
  3. Ва Элиозар ибни Дӯдовоҳу, ки аз Морешо буд, дар ҳаққи Еҳӯшофот нубувват намуда, гуфт: «Азбаски бо Аҳазьё шарик шудӣ, Худованд кори туро вайрон хоҳад кард». Ва киштиҳо дарҳам шикаста, ба Таршиш натавонистанд бираванд.

© IBT 1992