Ибодат боби 14

Дар бораи пок кардан аз махав.

  1. ВА Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:
  2. «Ин аст қонун дар бораи махавӣ, дар рӯзе ки вай пок эълон карда мешавад: вай бояд назди коҳин оварда шавад.
  3. Ва коҳин аз ӯрдугоҳ берун меравад, ва коҳин мебинад, ва инак, махавӣ аз захми махав шифо ёфтааст;
  4. Ва коҳин амр мефармояд, ки барои шахси покшаванда ду паррандаи зиндаи пок, ва чӯби арз, ва риштаи қирмизӣ, ва зуфо бигиранд.
  5. Ва коҳин амр мефармояд, ки як паррандаро бар зарфи сафолин, бар оби равон бикушанд.
  6. Аммо паррандаи зиндаро ӯ бо чӯби арз ва риштаи қир-мизӣ ва зуфо мегирад, ва онҳоро бо паррандаи зинда дар хуни паррандае ки бар оби равон кушта шудааст, меғӯтонад.
  7. Ва бар касе ки аз махав пок мешавад, ҳафт карат ме-пошад, ва варо пок эълон мекунад, ва паррандаи зиндаро ба саҳро сар медиҳад.
  8. Ва покшаванда либосҳояшро мешӯяд, ва тамоми мӯи худро метарошад, ва дар об ғусл мекунад, ва пок мешавад; ва баъд аз он ба ӯрдугоҳ меояд, ва ҳафт рӯз берун аз хаймаи худ зиндагӣ мекунад.
  9. Ва дар рӯзи ҳафтум тамоми мӯи худро метарошад, сари худ ва риши худ ва абрувони худ ва тамоми мӯи худро мета-рошад; ва либосҳои худро мешӯяд, ва бадани худро дар об ғусл медиҳад, ва пок мешавад.
  10. Ва дар рӯзи ҳаштум ду барраи беайб, ва як меши яксолаи беайб, ва се ушр* орди маҳини бо равған омехта барои ҳадияи ордӣ, ва як лӯҷ** равған мегирад.
  11. Ва коҳини поккунанда шахси покшавандаро бо ин чиз-ҳо ба ҳузури Худованд назди дари хаймаи ҷомеъ мегузорад.
  12. Ва коҳин як барраро мегирад, ва онро бо як луҷ равған барои қурбонии ҷурм тақдим менамояд, ва онҳоро ҳамчун инъоми ҷунбониданӣ ба ҳузури Худованд меҷунбонад.
  13. Ва барраро дар маконе ки қурбонии гуноҳ ва қурбонии сӯхтаниро забҳ мекунанд, яъне дар макони муқаддас забҳ менамояд; зеро ки ин қурбонии ҷурм мисли қурбонии гуноҳ аз они коҳин аст; ин қудси қудсҳост.
  14. Ва коҳин аз хуни қурбонии ҷурм мегирад, ва коҳин онро бар нармаи гӯши рости шахси покшаванда ва бар наран-гушти дасти рости вай, ва бар нарангушти пои рости вай мемолад.
  15. Ва коҳин қадаре аз лӯҷи равған гирифта, бар кафи дасти чапи худ мерезад.
  16. Ва коҳин ангушти рости худро дар равғане ки дар кафи дасти чапи ӯст, меғӯтонад, ва аз равған бо ангушти худ ҳафт карат ба ҳузури Худованд мепошад.
  17. Ва аз бақияи равғане ки дар кафи дасти ӯст, коҳин ба нармаи гӯши рости шахси покшаванда, ва ба нарангушти дасти рости вай, ва ба нарангушти пои рости вай, болои хуни қурбонии ҷурм мемолад.
  18. Ва бақияи равғанеро, ки дар кафи дасти коҳин аст, ба сари шахси покшаванда мемолад, ва коҳин варо ба ҳузури Худованд кафорат менамояд.
  19. Ва коҳин қурбонии гуноҳро тақдим. мекунад, ва покшавандаро аз наҷисии вай кафорат менамояд; ва сонӣ қурбонии сӯхтаниро забҳ мекунад.
  20. Ва коҳин қурбонии сӯхтанӣ ва ҳадияи ордиро бар қурбонгоҳ мегузорад; ва коҳин варо кафорат менамояд, ва вай пок мешавад.
  21. Ва агар вай камбизоат буда, ин чизҳо барояш дастрас набошад, бигзор як барра барои қурбонии ҷурм бигирад, то ҷунбонида шавад ва варо кафорат намояд, ва як ушр орди маҳини бо равған омехта барои ҳадияи ордӣ бигирад, ва як лӯҷ равған,
  22. Ва ду фохта, ё ду чӯҷаи кабӯтар, ки барояш дастрас бошад: яке қурбонии гуноҳ ва дигаре қурбонии сӯхтанӣ хоҳад буд.
  23. Ва онҳоро дар рузи ҳаштуми покшавии худ назди ко-ҳин, ба дари хаймаи ҷомеъ, ба ҳузури Худованд биёрад.
  24. Ва коҳин барраи қурбонии ҷурм ва лӯҷи равғанро мегирад, ва коҳин онҳоро ҳамчун инъоми ҷунбониданӣ ба ҳузури Худованд меҷунбонад.
  25. Ва барраи қурбонии ҷурмро забҳ мекунад; ва коҳин аз хуни қурбонии ҷурм гирифта, ба нармаи гӯши рости шахси покшаванда, ва ба нарангушти дасти рости вай, ва ба наран-гушти пои рости вай мемолад.
  26. Ва коҳин аз равған ба кафи дасти чапи худ мерезад.
  27. Ва коҳин аз равғане ки дар кафи дасти чапи ӯст, бо ангушти рости худ ҳафт карат ба ҳузури Худованд мепошад.
  28. Ва коҳин аз равғане ки дар кафи ӯст, ба нармаи гӯши рости шахси покшаванда, ва ба нарангушти дасти рости вай, ва ба нарангушти пои рости вай, бар ҷои хуни қурбонии ҷурм мемолад.
  29. Ва бақияи равғанеро, ки дар кафи коҳин аст, ба сари шахси покшаванда мемолад, то ки варо ба ҳузури Худованд кафорат намояд.
  30. Ва яке аз фохтаҳо ё чӯҷаҳои кабӯтарро, ки барояш дастрас бошад, тақдим менамояд, —
  31. Яъне аз он чи барояш дастрас бошад, якеро барои қурбонии гуноҳ ва дигареро барои қурбонии сӯхтанӣ бо якҷоягии хадияи ордӣ; ва коҳин покшавандаро ба ҳузури Худованд кафорат менамояд.
  32. Ин аст қонун дар бораи шахсе ки захми махав дорад, ва дороии вай барои пок шуданаш ғайрикофист».
  33. Ва Худованд ба Мусо ва Ҳорун сухан ронда, гуфт:
  34. «Вақте ки ба замини Канъон, ки онро Ман ба тасарруфи шумо медиҳам, дохил шавед, ва Ман захми махавро ба хонае дар замини мулки шумо бифиристам,
  35. Пас, соҳиби он хона бояд назди коҳин омада, бигӯяд: «Дар хона чизе мисли захм ба назар менамояд».
  36. Ва коҳин амр мефармояд, ки хонаро холӣ кунанд, пеш аз он ки коҳин барои дидани он захм биёяд, то ки ҳар он чи дар хона аст, наҷис нашавад; ва сонӣ коҳин барои дидани хона меояд.
  37. Ва ӯ захмро мебинад, ва инак, захм бар деворҳои хона аз чуқурчаҳои сабзтоб ё сурхтоб иборат аст, ва намудашон аз девор пасттар аст;
  38. Ва коҳин аз хона ба дари хона мебарояд, ва хонаро ҳафтрӯза мебандад.
  39. Ва дар рӯзи ҳафтум коҳин омада, мебинад, ва инак, захм бар деворҳои хона паҳн шудааст;
  40. Ва коҳин амр мефармояд, ки сангҳоеро, ки захм бар онҳост, канда гиранд, ва онҳоро берун аз шаҳр, дар макони нопоке партоянд,
  41. Ва андоваи хонаро аз дарун гирдогирд битарошанд, ва хокеро, ки тарошидаанд, берун аз шаҳр, дар макони но-поке бирезанд,
  42. Ва сангҳои дигаре гирифта, ба ҷои он сангҳо бимонанд, ва хоки дигаре гирифта, хонаро андова кунанд.
  43. Ва агар захм аз нав пайдо шуда, баъд аз канда гирифта-ни сангҳо, ва баъд аз тарошидани андоваи хона, ва баъд аз андова кардани он боз дар хона паҳн шавад,
  44. Пас, коҳин омада, мебинад, ва инак, захм дар хона паҳн шудааст, — ин махави муфсид аст дар хона; ва он наҷис аст.
  45. Ин хонаро бояд вайрон карда, сангҳояш, ва чӯбҳояш, ва тамоми хоки хонаро берун аз шаҳр, дар макони нопоке бароранд.
  46. Ва ҳар кӣ ба ин хона дар тамоми айёме ки он баста аст, дохил шавад, то шом наҷис хоҳад буд.
  47. Ва ҳар кӣ дар ин хона бихобад, бояд либосҳои худро бишӯяд, ва ҳар кӣ дар ин хона чизе бихӯрад, бояд либосҳои худро бишӯяд.
  48. Ва агар коҳин омада бубинад, ва инак, захм баъд аз андова кардани хона паҳн нашудааст, — коҳин хонаро пок эълон мекунад, зеро ки захм бартараф шудааст.
  49. Ва ӯ барои пок кардани хона ду парранда, ва чӯби арз, ва риштаи қирмизӣ, ва зуфо мегирад,
  50. Ва як паррандаро бар зарфи сафолин, бар оби равон мекушад;
  51. Ва чӯби арз, ва зуфо, ва риштаи қирмизӣ, ва паррандаи зиндаро мегирад, ва онҳоро дар хуни паррандае ки бароби равон кушта шудааст, меғӯтонад, ва бар хона ҳафт карат мепошад;
  52. Ва хонаро бо хуни паранда, ва бо оби равон, ва бо пар-рандаи зинда, ва бо чӯби арз, ва бо зуфо, ва бо риштаи қир-мизӣ пок мекунад,
  53. Ва паррандаи зиндаро берун аз шаҳр, ба саҳро сар ме-диҳад, ва хонаро кафорат менамояд, ва он пок хоҳад буд».
  54. Ин аст қонун дар бораи ҳар захми махав ва дар бораи калӣ,
  55. Ва дар бораи махави либос ва хона,
  56. Ва дар бораи варам, ва дар бораи хушкӣ, ва дар бораи доғи равшан, —
  57. Барои таълим додани он ки кадом вақт ин наҷис аст, ва кадом вақт ин пок аст. Ин аст қонун дар бораи махав.

*10. Ушр — даҳьяки эфа, ё ҳаҷман 4 литр

**10. Лӯҷ — 0,55 литр, ё ки баробари ҳачми 6 тухм.

© IBT 1992