Дуюм Вақоеънома боби 25

Амасё бар Яҳудо подшоҳӣ мекунад.

  1. АМАСЬЁ дар синни бисту панҷсолагӣ подшоҳ шуд, ва бисту нӯҳ сол дар Ерусалим подшоҳӣ кард; ва номи модараш Еҳӯадон, аз Ерусалим, буд.
  2. Ва он чи дар назари Худованд мақбул буд, ба амал овард, аммо на бо дили комил.
  3. Ва ҳангоме ки салтанат дар дасташ мустаҳкам шуд, навкарони худро, ки падараш подшоҳро кушта буданд, ба қатл расонид.
  4. Вале писарони онҳоро накушт, бар тибқи навиштаи китоби Тавроти Мусо, ки дар он Худованд амр фармуда, гуфтааст: «Падарон набояд  барои гуноҳи   писарон кушта шаванд, ва писарон набояд барои  гуноҳи  падарон  кушта шаванд, балки ҳар  кас   бояд барои гуноҳи худаш кушта шавад».

Ҷанг ба муқобили Адӯм.

  1. Ва Амасьё аҳли Яҳудоро ҷамъ кард, ва онҳоро муво-фиқи хонаводаҳо, дар   тамоми   Яҳудо ва Биньёмин,   зери фармони  мириҳазорҳо   ва мирисадҳо   гузошт; ва онҳоро аз бистсола ва болотар дар шумор оварда, сесад ҳазор гузинони найзавар ва сипардорро ёфт, ки метавонистанд ба аскарӣ бираванд.
  2. Ва аз Исроил сад ҳазор мардони  ҷангиро   ба  баҳои сад киккар нуқра киро кард.
  3. Вале марди Худо назди ӯ омада, гуфт: «Эй подшоҳ! Бигзор лашкари   Исроил бо ту нараванд,   зеро ки Худо-ванд бо Исроил, яъне бо тамоми банӣ-Эфроим нест.
  4. Балки худат бирав, ва амал намуда, дар  ҷанг қавӣ шав, вагар на туро Худо пеши душман мағлуб хоҳад кард, зеро ки Худо қодир аст мадад расонад ва мағлуб созад,
  5. Ва Амасьё ба марди Худо гуфт: «Пас, оид ба сад кик-кар нуқрае ки ба фавҷи Исроил додаам, чӣ кунам?»  Ва марди Худо гуфт:   «Худованд қодир аст ба ту аз ин зиёд-тар бидиҳад».
  6. Ва Амасьё он фавҷро, ки назди ӯ аз Эфроим омада буданд, ҷудо кард, то ки ба макони худ бираванд; ва ға-заби онҳо бар Яҳудо бағоят аланга гирифт, ва онҳо хашм-гин шуда, ба макони худ баргаштанд.
  7. Ва Амасьё далер гардида, қавми худро пеш бурд, ва ба дараи Милҳ  расида, аз банӣ-Сеир  даҳ  ҳазор  нафарро кушт.
  8. Ва банӣ-Яҳудо даҳ ҳазор нафарро зинда асир карда, ба қуллаи Солаъ оварданд; ва онҳоро аз қуллаи Солаъ пар-тофтанд, ва ҳамаашон нобуд шуданд.
  9. Ва аҳли он фавҷ, ки Амасьё онҳоро баргардонида буд, то ки бо ӯ ба ҷанг нараванд, дар шаҳрҳои Яҳудо, аз Сома-рия то Байт-Ҳӯрӯн, пароканда   шуда,   се   ҳазор   нафарро куштанд, ва ғанимати зиёдеро ба тороҷ бурданд.
  10. Ва ҳангоме ки Амасьё ба адӯмиён шикаст расонида баргашт, ӯ худоёни банӣ-Сеирро оварда, назди худ онҳоро ҳамчун худоён барқарор намуд, ва пеши онҳо саҷда бурд, ва барои онҳо бухур сӯзонид.
  11. Ва ғазаби Худованд бар Амасьё  аланга  гирифт,  ва набиеро назди ӯ фиристод, ки вай ба ӯ гуфт: «Чаро ту ху-доёни қавмеро ҷӯё шудаӣ, ки онҳо натавонистанд қавми худ-ро аз дасти ту раҳо кунанд?»
  12. Ва ҳангоме ки вай ба ӯ сухан меронд, ӯ ба вай гуфт: «Оё туро машваратчии подшоҳ таъин кардаанд? Бас кун, ча-ро туро  бикушанд?» Ва набӣ  бас  карда,   гуфт:   «Медонам, ки Худо қарор додааст туро  нобуд кунад, зеро ки ту ин корро кардӣ, ва ба машварати ман гӯш надодӣ».

Ҷанги Яҳудо бо Исроил.

  1. Ва Амасьё, подшоҳи Яҳудо, машварат намуд, ва наз-ди Юош ибни Еҳӯоҳоз ибни Еҳу, подшоҳи Исроил, фиристода, гуфт: «Биё, рӯ ба рӯ шавем».
  2. Ва Юош, подшоҳи   Исроил,   назди  Амасьё,   подшо-ҳи Яҳудо, фиристода, гуфт: «Мушхоре ки дар Лубнон аст, ба арзе ки дар Лубнон аст, фиристода, гуфтааст:  «Духтари худро ба писари ман ба занӣ бидеҳ». Валекин ҳайвони даш-тие ки дар  Лубнон  аст,  гузар   карда,   мушхорро   поймол намудааст.
  3. Мегӯӣ: «Инак, Адӯмро шикаст додам», ва дилат мағ-рур шудааст, ва ту бо худ меболӣ.  Алҳол дар хонаи худ бинишин.   Чаро ту бадбахтиро  иғво  медиҳӣ, то ки худат фурӯ ғалтӣ, ва ҳамчунин Яҳудо ҳамроҳи ту?»
  4. Вале Амасьё гӯш надод, зеро ки ин аз ҷониби Худо буд, то ки онҳоро ба дасти душман  бисупорад,  чунки ху-доёни Адӯмро ҷӯё шуда буданд.
  5. Ва Юош, подшоҳи Исроил, баромад, ва ӯ ва Амасьё, подшоҳи Яҳудо, дар   Байт-Шемеш,   ки   дар Яҳудост,    рӯ ба рӯ шуданд.
  6. Ва аҳли Яҳудо пеши Исроил мағлуб гардида, ҳар яке ба хаймаҳои худ гурехта рафтанд.
  7. Ва Юош, подшоҳи   Исроил,   Амасьё   ибни   Еҳӯош ибни Еҳӯоҳоз, подшоҳи Яҳудоро дар Байт-Шемеш дастгир намуд, ва ӯро ба Ерусалим овард,  ва ҳисори Ерусалимро аз дарвозаи Эфроим то дарвозаи кунҷакӣ, ба андозаи чор-сад зироъ хароб кард;
  8. Ва тамоми тилло ва нуқра, ва  тамоми колоеро, ки дар хонаи Худо назди Убайд-Адӯм ёфт шуд,  ва  хазоини хонаи подшоҳ, ва гаравгононро гирифта, ба Сомария бар-гашт.
  9. Ва Амасьё ибни Еҳӯош, подшоҳи Яҳудо, баъд аз фав-ти Юош ибни Еҳӯоҳоз, подшоҳи Исроил, понздаҳ сол зин-дагӣ кард.

Фавти Амасьё.

  1. Ва бақияи аъмоли Амасьё, аз аввал то охир, дар кито-би подшоҳони Яҳудо ва Исроил навишта шудааст.
  2. Ва аз замоне ки Амасьё аз пайравии Худованд дур шуд, дар Ерусалим ба муқобили ӯ суиқасд карданд, ва ӯ ба Локиш гурехт; ва аз ақиби ӯ ба Локиш фиристоданд, ва ӯро дар он ҷо куштанд.
  3. Ва ӯро бар аспҳо бардошта оварданд, ва ӯро бо пада-ронаш дар шаҳри Довуд дафн карданд.

© IBT 1992