Ададҳо боби 13

Назди Қодеш-Барнеа; фиристодани ҷосусон.

  1. ВА Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:
  2. «Одамонро аз ҷониби худ бифирист, то ки замини Кан-ъонро, ки Ман ба банӣ-Исроил медиҳам, ҷосусӣ кунанд; якнафарӣ аз ҳар сибти падарони онҳо, ки ҳар яке дар миёни онҳо сарвар бошад, бифиристед».
  3. Ва Мусо, мувофиқи амри Худованд, онҳоро аз биё-бони Форон фиристод, ки ҳамаи он мардон сардорони банӣ-Исроил буданд.
  4. Ва ин аст номҳои онҳо: аз сибти Реубен — Шамуа ибни Заккур;
  5. Аз сибти Шимъӯн — Шофот ибни Ҳӯрӣ;
  6. Аз сибти Яҳудо — Колеб ибни Ефунне;
  7. Аз сибти Иссокор — Йиҷъол ибни Юсуф;
  8. Аз сибти Эфроим — Ҳушаъ ибни Нун;
  9. Аз сибти Биньёмин — Фалтӣ ибни Рафу;
  10. Аз сибти Забулук — Ҷаддиил ибни Сӯдӣ;
  11. Аз сибти Юсуф: аз сибти Менашше — Ҷаддӣ ибни Сусӣ;
  12. Аз сибти Дон — Алдоиил ибни Ҷамалӣ;
  13. Аз сибти Ошер — Сатур ибни Микоил;
  14. Аз сибти Нафтолӣ — Наҳбӣ ибни Вофсӣ;
  15. Аз сибти Ҷод — Ҷауил ибни Мокӣ.
  16. Ин аст номҳои одамоне ки Мусо фиристод, то ки заминро ҷосусӣ кунанд; ва Мусо Ҳушаъ ибни Нунро Еҳушаъ ном монд.
  17. Ва Мусо онҳоро фиристод, то ки замини Канъонро ҷосусӣ кунанд, ва ба онҳо гуфт: «Аз ин ҷо ба Наҷаб* равона шуда, бар кӯҳистон бароед;
  18. Ва заминро бубинед, ки он чӣ гуна аст, ва қавме ки дар он сокинанд, оё пурзӯранд ё камқувват? Оё камшуморанд ё сершумор?
  19. Ва замине ки онҳо дар он сокинанд, чӣ гуна аст: оё хуб аст ё бад? Ва шаҳрҳое ки дар онҳо сокинанд, чӣ гуна аст: оё дар хаймаҳои ӯрдугоҳҳо сокинанд ё дар қалъаҳо?
  20. Ва замин чӣ гуна аст: оё ҳосилхез аст ё бесамар? Да-рахте дорад ё не? Пас, далер бошед, ва аз меваи замин би-гиред». Ва он айём мавсими ангурпазӣ буд.
  21. Ва онҳо баромада, заминро аз биёбони Син то Раҳуб, ки назди Ҳамот буд, ҷосусӣ карданд.
  22. Ва ба Наҷаб баромада, то Ҳебрӯн расиданд, ки Аҳи-мон, Шешай ва Талмай, фарзандони Аноқ, он ҷо буданд; ва Ҳебрӯн ҳафт сол пеш аз Сӯани Миср бино ёфта буд.
  23. Ва ба водии Эшкӯл омаданд, ва аз он ҷо шохаи токро бо як хӯша ангур бурида, бо чӯбдасте дукаса бардоштанд; аз меваи анор ва анҷир низ гирифтанд.
  24. Он макон, ба сабаби хӯшаи ангуре ки банӣ-Исроил аз он ҷо бурида буданд, водии Эшкӯл* номида шуд.

Хабари ҷосусоне ки баргаштанд.

  1. Ва онҳо, пас аз он ки заминро чил рӯз ҷосусӣ карданд, баргаштанд.
  2. Ва раҳсипор шуда, назди Мусо ва Ҳорун ва тамоми ҷамоати банӣ-Исроил ба биёбони Форон, ба Қодеш расиданд, ва ба онҳо ва тамоми ҷамоат хабар оварданд, ва меваи замин-ро ба онҳо нишон доданд.
  3. Ва ба ӯ ҳикоят карда, гуфтанд: «Ба замине ки моро фиристодӣ, рафтем, ва дар он ҳақиқатан шир ва асал ҷорист, ва ин аст меваи он.
  4. Аммо қавме ки сокини он заминанд, пурзӯранд, ва шаҳрҳояш ҳисордори азим аст, ва фарзандони Аноқро низ дар он ҷо дидем.
  5. Амолеқиён дар замини Наҷаб сукунат доранд, ва ҳит-тиён ва ябусиён ва амӯриён дар кӯҳистон сокинанд, ва канъо-ниён назди баҳр ва дар соҳили Ӯрдун сукунат доранд».
  6. Ва Колеб қавмро пеши Мусо таскин дода, гуфт: «Ба яқин мо баромада, онро ба тасарруфи худ хоҳем даровард, зеро ки метавонем бар он ғолиб оем».
  7. Вале одамоне ки бо вай рафта буданд, гуфтанд: «Ба он қавм наметавонем муқобил бароем, зеро ки онҳо аз мо пурзӯртаранд».
  8. Ва дар бораи замине ки онро ҷосусӣ карда буданд, дар миёни банӣ-Исроил овозаи бад паҳн намуда, гуфтанд: «Замине ки онро бо мақсади ҷосусӣ карданаш тай намудем, заминест, ки сокинони худро мехӯрад, ва тамоми қавме ки андаруни он дидем, одамони бузургҷуссанд.
  9. Ва дар он ҷо баҳодурони банӣ-Аноқро дидем, ки аз насли баҳодуронанд; ва мо ба назари худамон мисли малах намудем, ва дар назари онҳо низ чунин будем».

*17. Қисми ҷанубии замини Канъон.

*24. Хӯшаи ангур.

© IBT 1992