Якум Вақоеънома боби 29

Довуд  ба тамоми қавм муроҷиат намуда, насиҳат медиҳад.

  1. ВА подшоҳ Довуд ба тамоми ҷамоат гуфт: «Писарам Сулаймон, ки Худо ӯро ба танҳоӣ баргузидааст, ҷавон ва нозук аст, вале ин кор бузург аст, зеро ки ин қалъа на аз барои одамизод аст, балки барои Худованд Худо.
  2. Ва ман бо тамоми қувватам барои хонаи Худои худ тайёр кардаам: тиллоро барои ашьёи тиллоӣ, ва   нуқраро барои  ашьёи  нуқрагин, ва мисро  барои  ашьёи мисин, ва оҳанро барои ашьёи оҳанин, ва чӯбро барои ашьёи чӯбин; сангҳои ҷазъ ва сангҳои тарсеъ, сангҳои сурмафом ва ранго-ранг, ва ҳар навъ сангҳои гаронбаҳо, ва бисьёр сангҳои мармар.
  3. Ва боз, ба сабаби муҳаббати худ ба хонаи Худои худ, ганҷинаи тилло ва нуқрае ки ман дорам, онро  низ илова бар ҳар чизе ки барои хонаи қудс тайёр кардаам, ман барои хонаи Худои худ медиҳам:
  4. Се ҳазор киккар тилло аз тиллои Ӯфир, ва ҳафт ҳазор киккар нуқраи соф, барои рӯйбаст кардани деворҳои хонаҳо;
  5. Тиллоро барои ашьёи тиллоӣ, ва нуқраро барои ашьёи нуқрагин, барои ҳар коре ки бо дасти ҳунармандон ба ҷо оварда мешавад. Пас кист, ки имрӯз ба таври ихтиёрӣ ба-рои Худованд ионат диҳад?»

Сардорон ва қавм ба таври ихтиёрӣ ионат медиҳанд.

  1. Ва сардорони хонаводаҳо, ва сарварони сибтҳои Ис-роил, ва мириҳазорҳо ва мирисадҳо, ва  сардорони корҳои подшоҳ ба таври ихтиёрӣ ба додани ионат шурӯъ карданд.
  2. Ва барои хизмати хонаи Худо панҷ ҳазор киккар ва даҳ ҳазор дирҳам тилло, ва даҳ ҳазор киккар  нуқра,   ва ҳаждаҳ ҳазор киккар мис, ва сад ҳазор киккар оҳан доданд.
  3. Ва онҳое ки дар дасташон сангҳои гаронбаҳо ёфт шуд, онҳоро барои хазоини хонаи Худованд ба дасти Яҳиили ҷер-шӯнӣ супурданд.
  4. Ва қавм аз ионатҳои ихтиёрии худ  шод  гардиданд, зеро ки бо дили комил барои Худованд ионат доданд, ва подшоҳ Довуд низ бағоят шод шуд.

Довуд Худовандро муборак мехонад ва шукрона мегӯяд.

  1. Ва Довуд Худовандро пеши тамоми ҷамоат муборак хонд, ва Довуд гуфт: «Эй Худованд Худои падари мо Ис-роил! Ту аз азал то абад муборак ҳастӣ.
  2. Худовандо! Кибриё ва зӯрмандӣ ва шукӯҳ ва нусрат ва шавкат аз они Туст, зеро ки ҳар он чи дар осмон ва замин аст, аз они Туст. Худовандо!  Салтанат аз они Туст, ва ту бар сари ҳама мутаол ҳастӣ.
  3. Ва сарват ва ҷалол аз ҷониби Туст, ва Ту бар ҳама ҳоким ҳастӣ, ва   қувват   ва   қудрат   дар   дасти   Туст,   ва ихтиёри бузург ва мустаҳкам кардани ҳама дар дасти Туст.
  4. Ва алҳол, эй Худои мо, мо Туро ҳамд мегӯем, ва исми пуршукӯҳи Туро ситоиш мекунем.
  5. Аммо ман кистам ва қавми ман чистанд, ки қувват дошта бошем чунин  ионат  диҳем?   Зеро  ки  ҳама чиз аз ҷониби Туст, ва он чиро,  ки аз дасти Ту гирифтаем, ба ту додаем.
  6. Зеро ки мо ба ҳузури Ту ғариб ҳастем, ва мисли ҳамаи падарони худ меҳмон мебошем: айёми мо бар замин мисли соя аст, ва бақо надорад.
  7. Эй Худованд Худои мо! Тамоми ин сарват, ки барои сохтани хонае ба исми қудси Ту муҳайё кардаем, аз дасти Туст, ва ҳамаи он аз они Туст.
  8. Ва ман, эй Худои ман, медонам, ки Ту дилҳоро имтиҳон мекунӣ, ва ба росткорӣ таваҷҷӯҳ менамоӣ; ман  аз ростии дили худ тамоми ин ионатро додаам, ва алҳол мебинам, ки қавми Ту низ, ки дар ин ҷо мебошанд, бо шодмонӣ барои Ту ионат медиҳанд.
  9. Эй Худованд Худои   Иброҳим,  Исҳоқ   ва   Исроил! Инро ба сурати абадӣ дар фикру  андешаҳои  дили қавми Худ нигоҳ дор, ва дилҳои онҳоро ба сӯи Худ равона намо.
  10. Ва ба писарам Сулаймон дили комил бибахш, то ки аҳкоми Ту, шаҳодоти Ту ва фароизи Туро риоя намояд, ва ҳамаи инро ба амал оварад, ва қалъаеро, ки ман барояш тайёрӣ дидаам, бино кунад».
  11. Ва Довуд ба тамоми ҷамоат гуфт: «Худованд Худои худро муборак хонед!» Ва тамоми ҷамоат Худованд Худои падарони худро муборак хонданд, ва ба Худованд ва ба под-шоҳ таъзим карданд ва саҷда бурданд.
  12. Ва барои Худованд қурбониҳо забҳ карданд, ва фардои он рӯз барои Худованд қурбониҳои сӯхтанӣ тақдим карданд: ҳазор сар  гов,  ҳазор  сар  қӯчқор,   ҳазор  сар гӯсфанд бо ҳадияҳои рехтании онҳо, ва қурбониҳои зиёде барои тамоми Исроил.
  13. Ва дар он рӯз ба ҳузури Худованд бо шодмонии бузурге хӯрданд ва нӯшиданд; ва Сулаймон ибни Довудро дуюмбора подшоҳ сохта, ба ҳузури Худованд ӯро ба раисӣ, ва Содӯқро ба кохинӣ тадҳин карданд.

Подшоҳ шудани Сулаймон. Фавти подшоҳ Довуд.

  1. Ва Сулаймон бар тахти Худованд  нишаста, ба ҷои падараш Довуд подшоҳӣ кард, ва комьёб гардид; ва тамоми Исроил ба ӯ итоат карданд.
  2. Ва ҳамаи сардорон ва паҳлавонон, ва ҳамаи писарони подшоҳ Довуд низ ба подшоҳ Сулаймон тобеъ шуданд.
  3. Ва Худованд Сулаймонро бузург гардонида, дар назари тамоми Исроил баланд бардошт, ва шукӯҳи салтанатро ба ӯ ато фармуд, ки ҳеҷ подшоҳи Исроил пеш аз ӯ ба он ноил нагардида буд.
  4. Ва Довуд ибни Йисой бар тамоми Исроил подшоҳӣ кард.
  5. Ва айёми подшоҳии ӯ бар Исроил чил сол буд: дар Ҳебрӯн ҳафт сол подшоҳӣ кард, ва дар Ерусалим сию се сол подшоҳӣ кард.
  6. Ва ӯ дар пирии некӯ, аз умр ва сарват ва ҷалол сер гардида, фавт кард; ва писараш Сулаймон ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.
  7. Ва саргузашти  подшоҳ  Довуд,  аз аввали  умраш то охири он, дар навиштаҷоти Самуили басир, ва дар навиш-таҷоти   Нотони  набӣ, ва дар навиштаҷоти   Ҷоди   пешбин тасвир ёфтааст, —
  8. Бо тамоми салтанати ӯ ва зӯрмандии ӯ, ва бо воқеаҳое ки ба ӯ, ва ба Исроил, ва ба ҳамаи салтанатҳои кишварҳо рӯй додааст.

© IBT 1992