Ҳастӣ боби 40

Соқӣ ва нонвой дар зиндон.

  1. БАЪД аз ин ҳодисот чунин воқеъ шуд, ки соқии под-шоҳи Миср ва нонвой пеши оғои худ подшоҳи Миср хато карданд.
  2. Ва фиръавн ба ду дарбории худ: ба сарсоқӣ ва ба сарнонвой хашм гирифт.
  3. Ва онҳоро дар хонаи сардори посбонон, дар зиндоне ки Юсуф он ҷо бандӣ буд, андохт.
  4. Сардори посбонон Юсуфро бар онҳо баргумошт, ва ӯ ба онҳо хизмат мекард. Ва муддате онҳо дар ҳабс буданд.
  5. Ва соқӣ ва нонвои подшоҳи Миср, ки дар зиндон бандӣ буданд, ҳар ду дар як шаб хоб диданд, ҳар яке муво-фиқи таъбири хоби худ хоб диданд.
  6. Ва бомдодон Юсуф назди онҳо омада, дид, ки инак, онҳо бедимоғ ҳастанд.
  7. Ва аз дарбориёни фиръавн, ки бо ӯ дар хонаи оғояш буданд, пурсида, гуфт: «Чаро имрӯз чеҳраи шумо ғамгин аст?»
  8. Ба ӯ гуфтанд: «Хобе дидем, ва касе нест, ки онро таъбир кунад». Ва Юсуф ба онҳо гуфт: «Оё таъбирҳо аз Худо нест? Ба ман нақл кунед».
  9. Ва сарсоқӣ хоби худро ба Юсуф нақл карда, гуфт: «Хоб дидам, ки инак, токе пеши ман буд;
  10. Ва ток се шоха дошт; ва он бишукуфт, ва ғӯра баст, ва шингилҳои ангураш пухт.
  11. Ва ҷоми фиръавн дар дастам буд, ва ангурҳоро гириф-та, дар ҷоми фиръавн фушурдам, ва ҷомро ба дасти фиръавн додам».
  12. Ва Юсуф ба вай гуфт: «Таъбираш ин аст: се шоха се рӯз аст.
  13. Баъд аз се рӯз фиръавн саратро барафрозад ва ба ман-сабат баргардонад, ва ҷоми фиръавнро ба дасти вай хоҳӣ дод, ба тариқи пештара, ки соқии ӯ будӣ.
  14. Вақте ки аҳволи ту некӯ шавад, маро ёд кун; ва ба ман эҳсон фармуда, маро назди фиръавн зикр намо, ва маро аз ин хона берун овар.
  15. Зеро ки ман аз замини ибриён дуздида шудаам; ва ин ҷо низ ҳеҷ коре накардаам, ки маро дар зиндон андозанд».
  16. Ва чун сарнонвой дид, ки некӯ таъбир кард, ба Юсуф гуфт: «Ман низ хоб дидам, ки инак, се сабад кулча бар сари ман аст;
  17. Ва дар сабади болоӣ ҳар гуна хӯрок барои фиръавн аз ҳунари нонвой мебошад; вале мурғон онҳоро аз сабаде ки бар сари ман аст, мехӯранд».
  18. Ва Юсуф ба ҷавоб гуфт: «Таъбираш ин аст: се сабад се рӯз аст;
  19. Баъд аз се рӯз фиръавн сари туро аз танат ҷудо кунад, ва туро бар дарахте овезад; ва мурғон гӯшти баданатро би-хӯранд».
  20. Дар рӯзи сеюм, ки рӯзи таваллуди фиръавн буд, ӯ зиёфате барои тамоми чокарони худ орост, ва дар миёни чокарони худ сарсоқӣ ва сарнонвойро ҳозир кард.
  21. Ва сарсоқиро ба мансаби ӯ баргардонид, ва ӯ ҷомро ба дасти фиръавн дод.
  22. Вале сарнонвойро ба дор кашид, чунон ки Юсуф ба онҳо таъбир карда буд.
  23. Ва сарсоқӣ Юсуфро ба ёд наовард, балки ӯро фаро-мӯш кард.

© IBT 1992

Оставьте комментарий