Дуюм Вақоеънома боби 4

Давоми сохтмон.

  1. ВА қурбонгоҳи мисин сохт, ки дарозияш бист зироъ, ва фарохияш бист зироъ, ва қадаш даҳ зироъ буд.
  2. Ва ҳавзи аз мис рехтае сохт, ки аз лаб то лабаш даҳ зироъ буд, шакли комилан доиравӣ дошт,  ва қадаш панҷ зироъ буд, ва риштаи сӣ-зироӣ онро гирдогирд дар бар мегирифт.
  3. Ва зери он сурати говон буд, ки онро гирдогирд дар бар мегирифт, ба тавре ки ба ҳар зироъ даҳ адад аз онҳо буд, ва онҳо ҳавзро гирдогирд дар бар мегирифт; ин говон ду қатор буда, баробари рехта шудани он рехта шуда буд.
  4. Он бар дувоздаҳ гов меистод, ки се адади  онҳо ба тарафи шимол менигарист, ва се адади онҳо ба тарафи ғарб менигарист, ва се адади онҳо ба тарафи ҷануб менигарист, ва се адади онҳо ба тарафи шарқ менигарист, ва ҳавз аз боло бар онҳо меистод; ва ҳамаи пуштҳои онҳо дар таги он буд.
  5. Ва ғафсии он як ваҷаб  буд,   ва  лабаш  мисли лаби ҷилди гули савсан сохта шуда буд; ҳаҷми он гунҷоиши се ҳазор батро дошт.
  6. Ва даҳ лаган сохт, ва аз онҳо панҷ ададро ба тарафи рост, ва панҷ ададро ба тарафи чап гузошт, то ки дар онҳо шустушӯ кунанд, — он чиро, ки ба қурбонии сӯхтанӣ таал-луқ дошт, дар  онҳо  мешустанд; ва ҳавз барои он буд, ки коҳинон дар он шустушӯ намоянд.
  7. Ва даҳ чароғдони тилло мувофиқи дастури онҳо сохта, дар маъбад панҷ ададро ба тарафи рост, ва панҷ ададро ба тарафи чап гузошт.
  8. Ва даҳ миз сохта, дар маъбад панҷ ададро ба тарафи рост, ва панҷ ададро ба тарафи чап гузошт; ва сад косаи тилло сохт.
  9. Ва саҳни коҳинон, ва саҳни бузург, ва дарҳо  барои саҳн сохт; ва дарҳоро бо мис пӯшонид.
  10. Ва ҳавзро дар тарафи рост, дар кунҷи шарқи ҷанубӣ ҷойгир кард.
  11. Ва Ҳуром дегҳо ва хокандозҳо ва косаҳо сохт; ва Ҳу-ром кореро, ки назди подшоҳ Сулаймон дар  хонаи  Худо ба ҷо меовард, ба анҷом расонид:
  12. Ду сутун, ва ду гулӯлаи тоҷҳое ки бар сари сутунҳо буд; ва ду шабака барои пӯшонидани ду гулӯлаи тоҷҳое ки бар сари сутунҳо буд;
  13. Ва чорсад аноре ки барои ду шабака буд: ду қатор анорҳо барои ҳар шабака аз баҳри пӯшонидани ду гулӯлаи тоҷҳое ки болои сутунҳо буд;
  14. Ва пояҳоро сохт, ва лаганҳоро бар пояҳо сохт;
  15. Як ҳавз, ва дувоздаҳ говро, ки дар таги он буд;
  16. Ва дегҳо ва хокандозҳо ва чанголҳо, ва тамоми колои онҳоро, ки Ҳуром, ҳунарманди падараш, назди подшоҳ Сулаймон барои хонаи Худованд сохт, аз миси сайқалӣ буд.
  17. Онҳоро подшоҳ дар водии Ӯрдун дар умқи гиле ки дар миёни Суккӯт ва Саредото буд, рехт.
  18. Ва Сулаймон тамоми ин колоро он қадар бисьёр сохт, ки муайян кардани вазни мис ғайриимкон буд.
  19. Ва  Сулаймон  тамоми   колоеро,   ки дар хонаи Худо буд, ва қурбонгоҳи тилло, ва мизҳоро, ки нони тақдим бар онҳо буд, сохт,
  20. Ва чароғдонҳо ва чароғҳои онҳоро аз тиллои пок, то ки мувофиқи дастур пеши ҳарам даргиронида шавад;
  21. Ва гулҳо ва чароғҳо ва анбӯрҳоро аз тилло, яъне аз зари холис;
  22. Ва оташгиракҳо ва косаҳо ва қошуқҳо ва мачмарҳоро аз тиллои пок; ва дарвозаи хонаро, — дарҳои дохилӣ ба сӯи қудси кудсҳо, ва дарҳои маъбад ба сӯи толор, — аз тилло.

© IBT 1992