Ибодат боби 12

Конун дар бораи модарӣ.

  1. ВА Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:
  2. «Ба банӣ-Исроил бигӯ: агар зан ҳомила шуда, писар зояд, ҳафт рӯз нопок хоҳад буд, мисли рӯзҳои ҳайзаш нопок хоҳад буд.
  3. Ва дар рӯзи ҳаштум ғилофаки бача хатна карда мешавад.
  4. Ва сию се рӯз вай бояд дар хуни покии худ бимонад, ба ҳеҷ чизи муқаддас нарасад, ва ба қудс надарояд, то даме ки рӯзҳои покияш пур шавад.
  5. Ва агар вай духтар зояд, ду ҳафта мисли муддати ҳай-заш нопок хоҳад буд; ва шасту шаш рӯз вай бояд дар хуни покии худ бимонад.
  6. Ва чун рӯзҳои покияш барои писар ё духтар пур ша-вад, вай бояд барраи яксола барои қурбонии сӯхтанӣ ва чӯҷаи кабӯтар ё фохта барои қурбонии гуноҳ назди дари хаймаи ҷомеъ ба коҳин биёрад.
  7. Ва ӯ инро ба ҳузури Худованд тақдим карда, барои вай кафорат менамояд, ва вай аз ҷараёни хуни худ пок хоҳад шуд. Ин аст қонуни зане ки писар ё духтар зоида бошад.
  8. Ва агар овардани барра барояш дастрас набошад, биг-зор ду фохта ё ду чӯҷаи кабӯтар оварад, ки яке барои қур-бонии сӯхтанӣ ва дигаре барои қурбонии гуноҳ аст; ва коҳин барои вай кафорат хоҳад намуд, ва вай пок хоҳад шуд».

© IBT 1992

Оставьте комментарий