Дуюм Вақоеънома боби 36

Подшоҳии Еҳӯоҳоз.

  1. ВА қавми мамлакат Еҳӯоҳоз ибни Йӯшиёҳуро гирифтанд, ва ӯро ба ҷои падараш дар Ерусалим подшоҳ карданд.
  2. Дар вақти подшоҳ шуданаш Еҳӯоҳоз бисту сесола буд, ва се моҳ дар Ерусалим подшоҳӣ кард.
  3. Ва подшоҳи Миср ӯро дар Ерусалим сарнагун кард, ва бар мамлакат сад киккар нуқра ва як киккар тилло ҷарима андохт.
  4. Ва подшоҳи Миср бародари ӯ Эльёқимро дар Яҳудо ва Ерусалим подшоҳ карда, номи ӯро ба Еҳӯёқим мубаддал намуд; ва Йӯоҳоз бародари ӯро гирифта, ба Миср бурд.
  5. Дар вақти подшоҳ шуданаш Еҳӯёқим бисту панҷсола буд, ва ёздаҳ сол дар Ерусалим  подшоҳӣ  кард; ва он чи дар назари Худованд Худояш бад буд, ба амал овард.
  6. Набукаднесар, подшоҳи Бобил, ба муқобили ӯ лашкар кашид, ва   ӯро   занҷирбанд   кард,   то  ки  ӯро  ба Бобил барад.
  7. Ва аз колои хонаи Худованд Набукаднесар ба Бобил овард, ва онро дар ибодатхонаи худ дар Бобил гузошт.

Подшоҳ шудани Еҳӯёкин.

  1. Ва бақияи аъмоли  Еҳӯёқим,  ва корҳои зиште ки ӯ кард, ва он чи дар ӯ ёфт шуд, дар китоби подшоҳони Исроил ва Яҳудо навишта шудааст; ва писараш Еҳӯёкин ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.
  2. Дар вақти подшоҳ шуданаш Еҳӯёкин ҳаштсола буд, ва се моҳу даҳ рӯз дар Ерусалим подшоҳӣ кард; ва он чи дар назари Худованд бад буд, ба амал овард.
  3. Ва баъд аз интиҳои сол, подшоҳ Набукаднесар фирис-тод, ва ӯро бо колои нафисаи хонаи Худованд ба Бобил овард; ва бародари ӯ Сидқиёҳуро бар Яҳудо ва Ерусалим подшоҳ кард.

Подшоҳии Сидқиёҳу.

  1. Дар вақти подшоҳ шуданаш Сидқиёҳу бисту яксола буд, ва ёздаҳ сол дар Ерусалим подшоҳӣ кард.
  2. Ва он чи дар назари Худованд Худояш бад буд, ба амал овард; пеши Ирмиёи набӣ, ки аз забони Худованд сухан гуфт, гардан нафуровард.
  3. Ва низ ба муқобили подшоҳ Набукаднесар, ки ӯро ба Худо қасам дода буд, исьён бардошт; ва гарданкашӣ намуда ва дили худро сахт гардонида, сӯи Худованд Худои Исроил руҷӯъ накард.
  4. Ҳамчунин ҳамаи сарварони коҳинон ва қавм, ба тақ-лиди ҳамаи корҳои зишти халқҳо, хиёнати зиёде   ба   амал оварданд, ва хонаи Худовандро, ки Ӯ дар Ерусалим тақдис намуда буд, палид карданд.

Бақияи аҳли Яҳудо ба асирии Бобил бурда шуданд.

  1. Ва Худованд Худои падаронашон назди онҳо ба воситаи расулони Худ   фиристод,   ҳар   субҳидам гаштаю баргашта равона кард, зеро ки бар қавми Худ ва бар маскани Худ шафқат намуд.
  2. Вале онҳо расулони Худоро тамасхур карданд, ва аз суханони Ӯ нафрат доштанд, ва анбиёи Ӯро хорӣ доданд, то ба ҳадде ки оташи ғазаби Худованд бар қавми Ӯ аланга гирифт, ба тавре ки он илоҷнопазир буд.
  3. Ва Ӯ подшоҳи калдониёнро бар онҳо овард, ки вай ҷавонони онҳоро   дар    хонаи    муқаддасашон   бо  шамшер кушт, ва бар ҷавонон ва дӯшизагон ва пирон ва мӯйсафе-дон шафқат нанамуд: Ӯ ҳамаро ба дасти вай супурд.
  4. Ва вай тамоми колои   хонаи   Худоро, — хоҳ калон хоҳ хурд, — ва хазоини хонаи Худованд ва хазоини под-шоҳ ва сарваронашро комилан ба Бобил бурд.
  5. Ва хонаи Худоро сӯзониданд, ва ҳисори Ерусалимро хароб карданд,  ва ҳамаи  қасрҳои  онро   ба  оташ сӯзони-данд,  ва  тамоми  колои  нафисаи  онро  несту   нобуд  кар-данд.
  6. Ва онҳоеро, ки аз шамшер боқӣ монда буданд, вай ба Бобил ба асирӣ бурд, ва онҳо ғуломони вай ва писаронаш буданд, то вақте ки салтанати подшоҳи Форс барқарор гар-дид,
  7. То ба  амал   ояд   каломи   Худованд,  ки  бо  забони Ирмиё гуфта буд, яъне то вақте ки замин дамгирии шанбеҳои худро талофӣ намуд: он дар тамоми айёми харобӣ дам гирифт, то даме ки ҳафтод сол пур шуд.

Амри подшоҳ Куруш дар бораи аз нав барқарор кардани маъбади Ерусалим.

  1. Ва дар соли якуми  Куруш,   подшоҳи Форс,  барои он ки каломи Худованд аз забони Ирмиё иҷро шавад, Худо-ванд рӯҳи Куруш, подшоҳи Форсро барангехт, ва ӯ дар та-моми мамлакати худ ҷор андохт ва ба таври хаттӣ низ эълон намуда, гуфт:
  2. «Куруш, подшоҳи Форс, чунин мегӯяд: «Ҳамаи мамлакатҳои заминро Худованд, Худои осмон, ба ман додааст, ва Ӯ ба ман амр фармудааст, ки дар Ерусалим, ки дар Яҳу-дия аст, хонае барои Ӯ бино намоям. Кист аз шумо, аз та-моми қавми Ӯ, ки Худояш бо вай бошад, бархоста биравад»».

© IBT 1992