Чорум Подшоҳон боби 21

Подшоҳии Менашше. Маъсият ва фавти ӯ.

  1. ДАР вақти подшоҳ шуданаш Менашше дувоздаҳсола буд, ва ӯ панҷоҳу панҷ сол дар Ерусалим подшоҳӣ кард; ва номи модараш Ҳефсибо буд.
  2. Ва он чи дар   назари  Худованд   бад  буд,   ба амал овард,  ба  тақлиди  корҳои   зишти  халқҳое  ки   Худованд онҳоро аз пеши банӣ-Исроил бадар ронда буд.
  3. Ва ӯ баландиҳоеро, ки падараш Ҳизқиё барҳам дода буд, аз нав бино кард, ва қурбонгоҳҳо барои Баал барпо намуд, ва Ашераро мисли он ки Аҳъоб, подшоҳи Исроил, сохта буд, сохт; ва ба тамоми лашкари осмон саҷда бурда, онҳоро ибодат  кард.
  4. Ва қурбонгоҳҳо дар хонаи Худованд бино кард, ки дар бораи он Худованд гуфтааст: «Дар Ерусалим исми Худро хоҳам гузошт».
  5. Ва барои тамоми лашкари осмон дар ду саҳни хонаи Худованд қурбонгоҳҳо бино кард.
  6. Ва писари худро аз оташ гузаронид, ва афсун кард ва фол кушод, ва ҷодугарону азоимхононро ба кор андохт; бо аъмоле ки дар назари Худованд бад аст, бисьёр машғул шуд, то ки Ӯро ба хашм оварад.
  7. Ва ҳайкали Ашераро, ки сохта буд, дар хонае гузошт, ки дар бораи он Худованд ба Довуд ва писараш Сулаймон гуфта буд: «Дар ин хона ва дар Ерусалим, ки аз ҳамаи сибтҳои Исроил баргузидаам, исми Худро  то абад хоҳам гузошт;
  8. Ва пои Исроилро аз замине ки ба падаронашон додаам, дигар бадар нахоҳам ронд, ба шарте ки онҳо саъю кӯшиш кунанд, ки бар тибқи ҳар он чи Ман ба онҳо амр фармуда-ам, ва бар тибқи тамоми шариате ки бандаам Мусо ба онҳо амр фармудааст, рафтор намоянд».
  9. Вале онҳо гӯш надоданд, ва Менашше онҳоро то ба дараҷае гумроҳ кард, ки онҳо назар ба халқҳое ки Худованд аз пеши банӣ-Исроил маҳв намуда буд, ба аъмоли бад беш-тар машғул шуданд.
  10. Ва Худованд ба воситаи бандагонаш анбиё сухан рон-да, гуфт:
  11. «Азбаски Менашше,   подшоҳи   Яҳудо, ин   аъмоли зиштро ба ҷо оварда, назар ба тамоми рафтори амӯриёне ки пеш аз ӯ буданд, бадтар рафтор намуд, ва бо бутҳои худ Яҳудоро низ гирифтори гуноҳ гардонид,
  12. Бинобар ин Худованд Худои Исроил чунин мегӯяд: «Инак, Ман бар Ерусалим ва Яҳудо чунон мусибате хоҳам овард, ки  ҳар  касе  ки  дар   бораи он бишнавад, ҳар  ду гӯшаш садо хоҳад дод;
  13. Ва бар Ерусалим ресмони Сомария ва шоқули хонаи Аҳъобро хоҳам кашид, ва Ерусалимро пок хоҳам кард, чунон ки кас табақчаро пок мекунад, — пок мекунаду чаппа мегардонад.
  14. Ва бақияи мероси Худро тарк хоҳам кард, ва онҳоро ба дасти   душманонашон   хоҳам   супурд,   ва   онҳо   барои ҳамаи душманонашон мавриди толону тороҷ хоҳанд гардид,
  15. Аз боиси он ки онҳо он чи дар назари ман бад аст, ба амал оварданд, ва аз рӯзе ки падаронашон аз Миср бе-рун омаданд, то имрӯз Маро ба хашм оварданд»».
  16. Ва ҳамчунин хуни бегуноҳонро Менашше бағоят бись-ёр рехт,   ба тавре ки Ерусалимро   сар   то  сар аз  он пур кард, ба замми он гуноҳи худ, ки Яҳудоро гирифтори гуноҳ гардонида буд, то ки он чи дар назари Худованд бад аст, ба амал оваранд.
  17. Ва бақияи аъмоли Менашше, ва ҳар чи ӯ кард, ва гу-ноҳе ки содир намуд, дар китоби вақоеъномаи подшоҳони Яҳудо навишта шудааст.
  18. Ва Менашше бо  падарони  худ  хобид  ва   дар боғи хонаи худ, дар боғи Уззо дафн карда шуд;  ва   писараш Омӯн ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.
  19. Дар вақти подшоҳ шуданаш Омӯн бисту дусола буд, ва ӯ ду сол дар Ерусалим подшоҳӣ кард; ва номи модараш Машуллемет бинти Ҳорус, аз Ётбо, буд.
  20. Ва он чи  дар  назари  Худованд   бад  буд,   ба  амал овард, чунон ки падараш Менашше амал карда буд;
  21. Ва бо тамоми роҳе ки падараш рафтор карда  буд, рафтор намуд, ва бутҳоро, ки падараш парастида буд, парас-тид, ва ба онҳо саҷда бурд;
  22. Ва Худованд Худои  падаронашро  тарк  кард,  ва бо роҳи Худованд равона нашуд.

Фавти Омӯн. Бар тахт нишастани Йӯшиёҳу.

  1. Ва навкарони Омӯн бар ӯ суиқасд карданд; ва под-шоҳро дар хонааш куштанд.
  2. Вале қавми мамлакат ҳамаи онҳоеро, ки бар подшоҳ Омӯн суиқасд карда буданд, ба қатл расониданд; ва қавми мамлакат писараш Йӯшиёҳуро ба ҷои ӯ подшоҳ карданд.
  3. Ва бақияи аъмоле ки Омӯн кард, дар китоби вақоеъ-номаи подшоҳони Яҳудо навишта шудааст.
  4. Ва ӯро дар мақбараи ӯ дар боғи Уззо дафн кар-данд; ва писараш Йӯшиёҳу ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.

© IBT 1992