Ададҳо боби 35

Дар бораи шаҳрҳои гурезгоҳ.

  1. ВА Худованд ба Мусо дар даштҳои Мӯоб, назди Ӯрдун, дар рӯ ба рӯи Ериҳӯ сухан ронда, гуфт:
  2. «Ба банӣ-Исроил амр фармо, ки аз мулки насиби худ ба левизодагон шаҳрҳо барои сукунат бидиҳанд; ва ҳаволии шаҳрҳоро гирдогирди онҳо ба левизодагон бидиҳед.
  3. Шаҳрҳо барои сукунати онҳо хоҳад буд; ва ҳаволии онҳо барои чорпоёнашон ва молу мулкашон ва тамоми эҳтиёҷоти ҳаёташон хоҳад буд.
  4. Ва ҳаволии шаҳрҳо, ки шумо ба левизодагон медиҳед, бояд аз девори шаҳр ба беруни он ҳазор зироъ гирдогирд бошад.
  5. Ва аз беруни шаҳр ба тарафи шарқ ду ҳазор зироъ, ва ба тарафи ҷануб ду ҳазор зироъ, ва ба тарафи ғарб ду ҳазор зироъ, ва ба тарафи шимол ду ҳазор зироъ чен кунед, ва шаҳр дар миёна бошад; ин барояшон ҳаволии шаҳрҳо хоҳад буд.
  6. Ва аз шаҳрҳое ки шумо ба левизодагон медиҳед, шаш шаҳри гурезгоҳ хоҳад буд, ки онҳоро шумо барои қотил ҷудо мекунед, то ки вай ба он ҷо бигрезад; ва ба иловаи онҳо чилу ду шаҳр бидиҳед.
  7. Ҳамаи шаҳрҳое ки шумо ба левизодагон бояд бидиҳед, чилу ҳашт шаҳр бо ҳаволии онҳо хоҳад буд.
  8. Ва ҳангоме ки шаҳрҳоро аз мулки банӣ-Исроил медиҳед, аз сершумор бештар ва аз камшумор камтар бигиред: ҳар яке мувофиқи андозаи мулке ки мегирад, бояд аз шаҳрҳои худ ба левизодагон бидиҳад».
  9. Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:
  10. «Ба банӣ-Исроил сухан ронда, ба онҳо бигӯ: ҳангоме ки шумо аз Ӯрдун ба замини Канъон убур кунед, —
  11. Шаҳрҳое барои худ таъин намоед, ки шаҳрҳои гурез-гоҳ барои шумо бошад, ва қотиле ки касеро саҳван куштааст, ба он ҷо бигрезад.
  12. Ва ин шаҳрҳо барои шумо гурезгоҳ аз хунхоҳ хоҳад буд, то ки қотил намирад пеш аз он ки ба ҳузури ҷамоат ба-рои мурофиа биистад.
  13. Аз шаҳрҳое ки шумо медиҳед, шаш шаҳри гурезгоҳ бояд бароятон бошад.
  14. Се шаҳр аз ин тарафи Урдун бидиҳед, ва се шаҳр дар замини Канъон бидиҳед; онҳо бояд шаҳрҳои гурезгоҳ бошад.
  15. Барои банӣ-Исроил, ва барои ғариб, ва барои сокини доимие ки дар миёни онҳост, ин шаш шаҳр гурезгоҳ хоҳад буд, то ҳар кӣ саҳван касеро куштааст, ба он ҷо бигрезад.
  16. Агар шахсе касеро бо олати оҳанин бизанад, ва он кас бимирад, вай қотил аст; ин қотил бояд ба қатл расонида ша-вад.
  17. Ва агар вай ба дасти худ санге гирифта бизанад, — санге ки кас аз зарбаи он метавонад кушта шавад, — ва он кас бимирад, вай қотил аст; ин  қотил бояд ба қатл расонида шавад.
  18. Ё ки агар вай ба дасти худ олати чӯбине гирифта би-занад, — олати чӯбине ки кас аз зарбаи он метавонад кушта шавад, — ва он кас бимирад, вай қотил аст; ин қотил бояд ба қатл расонида шавад.
  19. Хунхоҳ худаш метавонад  қотилро ба қатл расонад; ҳар гоҳ ба вай дучор ояд, худаш метавонад варо ба қатл расонад.
  20. Агар шахсе аз рӯи хусумат касеро такон бидиҳад, ё қасдан бар ӯ чизе партояд, ва он кас бимирад,
  21. Ё аз рӯи адоват бо дасти худ ӯро бизанад, ва он кас бимирад, — он зананда бояд ба қатл расонида шавад; вай қотил аст; хунхоҳ метавонад қотилро ба қатл расонад, вақте ки ба вай дучор ояд.
  22. Вале агар нохост, бидуни адоват ӯро такон бидиҳад, ё ҳар чизеро бидуни қасд бар ӯ партояд,
  23. Ё ҳар сангеро, ки кас аз зарбаи он метавонад кушта шавад, нодида бар ӯ биғалтонад, ва он кас бимирад, ва ҳол он ки вай душмани ӯ набуд ва намехост ба ӯ осебе бирасонад, —
  24. Пас, ҷамоат бояд дар миёни он зананда ва хунхоҳ бар тибқи ин дастурот доварӣ намоянд;
  25. Ва ҷамоат бояд қотилро аз дасти хунхоҳ халос кунанд, ва ҷамоат бояд варо ба шаҳри гурезгоҳи вай, ки ба он ҷо гурехта буд, баргардонанд, то ки вай дар он ҷо то вақти вафот ёфтани саркоҳине ки бо равғани муқаддас тадҳин кар-да шудааст, сокин бошад.
  26. Ва агар қотил аз ҳудуди шаҳри гурезгоҳи худ, ки ба он ҷо гурехта буд, берун ояд,
  27. Ва хунхоҳ варо берун аз ҳудуди шаҳри гурезгоҳи вай биёбад, ва хунхоҳ қотилро  бикушад,  — айби хунрезӣ ба гардани ӯ нахоҳад буд;
  28. Зеро ки вай мебоист то вақти вафот ёфтани саркоҳин дар шаҳри гурезгоҳи худ мемонд; фақат баъд аз вафоти сар-коҳин қотил метавонад ба замини мулки худ баргардад.
  29. Бигзор ин барои шумо дар наслҳои шумо, дар ҳамаи масканҳои шумо фаризаи қонун бошад.
  30. Ҳар кӣ касеро бикушад, қотил бояд дар асоси гувоҳии шоҳидон кушта шавад; вале як шоҳид наметованд барои куш-тани касе гувоҳӣ диҳад.
  31. Ва дар ивази ҷони қотил, ки вай шарири сазовори мурдан аст, фидия нагиред, балки вай бояд ҳатман ба қатл расонида шавад.
  32. Ва аз касе ки ба шаҳри гурезгоҳи худ гурехтааст, фи-дия нагиред, то ки вай тавонад пеш аз вафоти саркоҳин бар-гашта, дар замини худ сокин шавад.
  33. Ва заминеро, ки шумо дар он сукунат доред, палид накунед, зеро ки хун заминро палид мекунад; ва замин барои хуне ки дар он рехта шудааст, кафорат намеёбад, магар бо хуни касе ки онро рехтааст.
  34. Ва заминеро, ки шумо дар он сукунат доред, ва Ман дар он сокин ҳастам, наҷис нагардонед; зеро Ман, ки Худо-ванд ҳастам, дар миёни банӣ-Исроил сукунат дорам».

© IBT 1992