Доварон боби 14

Шимшӯн довари сездаҳум.

  1. ВА Шимшӯн ба Тимно фурӯд омад; ва дар  Тимно занеро аз духтарони фалиштиён дид.
  2. Ва омада, ба падару модари худ хабар дод ва гуфт: «Дар Тимно занеро аз духтарони фалиштиён дидам; ва ак-нун варо барои ман ба занӣ бигиред».
  3. Ва падару модараш ба ӯ гуфтанд: «Магар дар миёни духтарони бародаронат ва дар тамоми қавми мо зане нест, ки ту мехоҳӣ рафта, аз фалиштиёни номахтун зан бигирӣ?» Вале Шимшӯн ба падари худ гуфт: «Варо барои ман бигир, зеро ки вай дар чашми ман писанд омад».
  4. Валекин падару модараш намедонистанд,   ки  ин аз ҷониби Худованд аст, зеро ки Ӯ мехост баҳонае бар фалиш-тиён биҷӯяд; ва дар он вақт фалиштиён бар Исроил ҳукм-рон буданд.
  5. Ва Шимшӯн бо падару модари худ ба Тимно фурӯд омад; ва ҳангоме ки ба токзори Тимно расиданд, инак, шери ҷавоне ба пешвози ӯ наъра зад.
  6. Ва Рӯҳи Худованд бар ӯ нозил шуда, онро дупора кард, чунон ки бузғоларо дупора мекунанд, агарчи дар дасташ чизе набуд; ва ба падару модараш он чиро, ки карда буд, хабар надод.
  7. Ва фурӯд омада, бо он зан гуфтугӯ кард, ва вай дар чашми ӯ писанд омад.
  8. Ва баъд аз муддате, вақте ки ӯ барои гирифтани вай бармегашт, аз роҳ ба каноре рафт, то лошаи шерро бубинад; ва инак, дар лошаи шер тӯдаи занбӯрҳо ва асал буд.
  9. Ва онро ба кафҳои дасташ гирифта, равона шуд ва дар роҳ мехӯрд; ва чун ба падару модараш расид, ба онҳо низ дод, ва онҳо хӯрданд; вале ба онҳо нагуфт, ки асалро аз лошаи шер гирифтааст.
  10. Ва падараш назди он зан фурӯд омад; ва Шимшӯн дар он ҷо базм кард, зеро ки расму одати ҷавонон чунин буд.
  11. Ва чун ӯро диданд, сӣ нафар ёронро баргузиданд, то ки бо ӯ бошанд.
  12. Ва Шимшӯн ба онҳо гуфт: «Муаммое барои шумо мегӯям; агар шумо онро барои ман дар ҳафт рӯзи базм ҳал намоед ва ҳалли дурусташро биёбед, ман ба шумо сӣ яктаки катон ва сӣ даста либос хоҳам дод;
  13. Вале агар онро барои ман натавонед ҳал намоед, шумо бояд сӣ ҷомаи катон ва сӣ даста либос ба ман бидиҳед». Ба ӯ гуфтанд: «Муаммои худро бигӯй, то ки онро бишнавем».
  14. Ва ӯ ба онҳо гуфт: «Аз хӯранда хӯрок берун омад, ва аз зӯровар ширинӣ берун омад». Ва онҳо дар  се рӯз натавонистанд муамморо ҳал кунанд.
  15. Ва чунин воқеъ шуд, ки дар рӯзи ҳафтум онҳо ба зани Шимшӯн гуфтанд: «Шавҳаратро розӣ намо, то ки ҳалли муам-моро ба мо бигӯяд, мабодо туро ва хонаи падаратро оташ дода, бисӯзонем: магар моро барои он таклиф намудаед, ки моро тороҷ кунед?»
  16. Ва зани Шимшӯн пеши ӯ гирья карда, гуфт: «Яқин аст, ки ту аз ман нафрат дорӣ ва маро дӯст намедорӣ; ба писарони қавми ман муаммое гуфтаӣ,  вале ҳалли онро ба ман маълум накардаӣ». Ва ӯ ба вай гуфт: «Инак, ба падару модари худ онро маълум накардаам, оё ба ту маълум кунам?»
  17. Ва ҳафт   рӯзе   ки  базми   онҳо   давом   мекард,   вай пеши ӯ мегирист; ва дар рӯзи ҳафтум ӯ ба вай маълум кард, зеро ки вай бо чақиданаш ӯро аз ҷон безор сохт; ва баъд аз ин вай ҳалли муамморо ба писарони қавми худ маълум кард.
  18. Ва дар рӯзи ҳафтум, пеш аз ғуруби офтоб, мардуми он шаҳр ба ӯ гуфтанд: «Чист ширинтар аз асал, ва чист зӯровартар аз шер?» Ва ӯ ба онҳо гуфт:«Агар бо ғуноҷини ман шудгор намекардед, ҳалли муаммои маро намеёфтед».

Шимшӯн дар Ашқалӯн.

  1. Ва Рӯҳи Худованд ба ӯ нозил шуда, ӯ ба Ашқалӯн фу-рӯд омад, ва аз онҳо сӣ нафарро кушта, либосашонро кашида гирифт, ва дастаҳои либосро ба онҳое ки муамморо ҳал карда буданд, дод. Ва хашмаш аланга гирифта, ӯ ба хонаи падари худ баргашт.
  2. Ва зани Шимшӯн ба рафиқе ки ёри ӯ шуда буд, расид.

© IBT 1992