Дуюм Подшоҳон боби 22

Мадҳияи Довуд  ба  муносибати  раҳо шуданаш аз душманон.

  1. ВА Довуд, дар рӯзе ки Худованд ӯро аз дасти ҳамаи душманонаш ва аз дасти Шоул раҳо кард, суханони  ин сурудро барои Худованд ба забон ронд,
  2. Ва гуфт: «Худованд сахраи ман ва қалъаи ман ва раҳокунандаи ман аст.
  3. Худо кӯҳпораи ман аст, ки ба вай паноҳ мебарам; сипари ман ва шохи наҷоти ман аст,   паноҳгоҳ ва гурезгоҳи ман аст. Эй наҷотдиҳандаи ман, Ту маро аз зулм халосӣ медиҳӣ.
  4. Худованди мамдӯҳро  мехонам, ва аз душманонам халосӣ меёбам.
  5. Вақте ки мавҷҳои мамот маро фаро гирифт, селҳои ҳалокат маро ба ҳарос андохт,
  6. Азиятҳои гӯр маро иҳота намуд, ва домҳои мамот аз пешам баромад, —
  7. Дар тангии худ Худовандро хондам, ва Худои худро даъват намудам, ва Ӯ аз қасри Худ овози маро шунид, ва истиғосаи ман ба гӯшаш расид.
  8. Ва замин ба ҳаяҷон ва ларза омад, асосҳои осмон ларзида, ба ҷӯнбиш омад, зеро ки Ӯ дарғазаб шуд.
  9. Дуд аз димоғи Ӯ баромад, ва оташи оламсӯз аз даҳони Ӯ; ахгарҳо аз Ӯ афрӯхта мешуд.
  10. Ва Ӯ осмонро хам карда, фурӯд омад, ва меғ зери пойҳояш буд.
  11. Ва бар каррубӣ савор шуда, парвоз намуд, ва бар болҳои бод намоён шуд.
  12. Ва гирдогирди Худ зулмотро мисли чодире густаронид, ва маҷмӯи обҳои абрҳои осмонро.
  13. Аз дурахше ки аз ҳузури Ӯ берун меомад, ахгарҳои оташ афрӯхта мешуд.
  14. Худованд аз осмон гулдуррос зад, ва Ҳаққи Таоло овози Худро баровард.
  15. Ва тирҳо фиристода, онҳоро пароканда кард, ва барқ афканда, онҳоро ошуфта сохт.
  16. Ва маҷроҳои об намоён гардид, ва асосҳои коинот ошкор шуд, — аз итоби Худованд, аз вазиши боди ғазаби Ӯ.
  17. Аз афроз фиристода, маро гирифт, аз обҳои бисьёр маро кашида баровард.
  18. Маро аз душмани зӯроварам халосӣ дод, ва аз бадхоҳонам, ки аз ман қавитар буданд.
  19. Онҳо дар рӯзи мусибатам аз пешам баромаданд, вале Худованд такьягоҳи ман буд,
  20. Ва маро ба фарохӣ баровард, маро халосӣ дод, зеро ки Ӯ маро дӯст медорад.
  21. Худованд ба ман мувофиқи адолатам подош медиҳад, мувофиқи покии дастҳоям маро мукофот менамояд,
  22. Зеро ки ман тариқҳои Худовандро риоя кардаам, ва аз Худои худ шарирона нагаштаам;
  23. Чунки тамоми аҳкоми Ӯ пеши назари ман аст, ва аз фароизи Ӯ ман дур нашудаам.
  24. Ман ба ҳузури Ӯ беайб будам, ва аз маъсиятҳо худдорӣ кардаам.
  25. Ва Худованд маро мувофиқи адолатам мукофот намуд, ва мувофиқи покие ки пеши назари Ӯ доштам.
  26. Бо эҳсонкор Ту эҳсонкорӣ мекунӣ, бо марди росткор росткорӣ менамоӣ.
  27. Бо покдил Ту покдилона рафтор мекунӣ, ва бо каҷкор — мувофиқи каҷкории вай.
  28. Ва мардуми шикастанафсро Ту наҷот медиҳӣ, ва бо нигоҳи чашмони Худ мағруронро залил мегардонӣ.
  29. Ба яқин Ту чароғи ман ҳастӣ, эй Худованд! Ва Худованд зулмоти маро ба рӯшноӣ табдил медиҳад.
  30. Ба яқин бо Ту ман бар фавҷе тохт меоварам; бо Худои худ ман аз ҳисор ҷаста мегузарам.
  31. Тариқи Худо рост аст, каломи Худованд амин аст, ва Ӯ барои ҳамаи онҳое ки ба  Ӯ  паноҳ  мебаранд, сипар аст.
  32. Зеро кист Худо, ғайр аз Худованд, ва кист кӯҳпора, ғайр аз Худои мо?
  33. Худо қалъаи иқтидори ман аст, ва тариқи маро рост мекунад.
  34. Пойҳои маро мисли пои гавазнҳо мегардонад, ва бар баландиҳоям маро мегузорад.
  35. Дастҳои маро ба ҳарбу зарб омӯхта мекунад, ва камони мисин дар бозуҳоям мешиканад.
  36. Ва сипари наҷоти Худро ба ман ато намудӣ, ва иҷобати Ту маро сарафроз месозад.
  37. Қадамҳои маро дар таги ман васеъ кардӣ, ва пойҳоям налағжид.
  38. Ва душманонамро таъқиб менамоям, то ки онҳоро нест кунам, ва то маҳв нашаванд, барнамегардам.
  39. Ва онҳоро нест кардам ва зарба задам, ба тавре  ки дигар нахоҳанд бархост; ва онҳо зери пойҳои ман афтоданд.
  40. Ва Ту камари маро барои ҷанг мустаҳкам бастӣ; онҳоеро, ки ба зидди ман қиём мекунанд, ба зери ман тобеъ хоҳӣ намуд.
  41. Ва душманонамро Ту аз пеши ман гурезондӣ, ва ман адуёнамро несту нобуд кардам.
  42. Онҳо мадад металабанд, вале наҷотдиҳандае нест; ба Худованд рӯй меоваранд,  вале Ӯ онҳоро иҷобат наменамояд.
  43. Ва ман онҳоро мисли ғубори замин гард-гард мекунам, мисли лойи кӯчаҳо пахш ва поймол менамоям.
  44. Ва Ту маро аз исьёнҳои қавми ман халосӣ додӣ; Ту маро маҳфуз доштӣ, то ки сардори халқҳо гардам; қавме ки ман намешинохтам, ба ман бандагӣ мекунанд.
  45. Аҷнабиён пеши ман тамаллуқ менамоянд, фақат овозаи маро шунида, ба ман тобеъ мешаванд.
  46. Аҷнабиён пажмурда хоҳанд шуд, ва аз истеҳкомоти худ бо тарсу бим  берун   хоҳанд омад.
  47. Худованд зинда аст, ва кӯҳпораи ман муборак; ва Худои кӯҳпораи наҷоти ман сарафроз бод!
  48. Эй Худое ки интиқоми маро мегирӣ, ва қавмҳоро ба ман тобеъ менамоӣ,
  49. Ва маро аз душманонам халосӣ медиҳӣ, ва маро аз онҳое ки бар ман қиём мекунанд, баланд мегардонӣ! Ту маро аз шахси золим раҳонидаӣ.
  50. Бинобар ин ман Туро, эй Худованд, дар миёни халқҳо ҳамд хоҳам гуфт, ва исми Туро тараннум хоҳам намуд.
  51. Ӯ бурҷи наҷот аст барои подшоҳи Худ, ва Ӯ ба масеҳи Худ марҳамат менамояд, яъне ба Довуд ва насли вай то абад!»

© IBT 1992