Чорум Подшоҳон боби 17

Подшоҳи Ҳӯшаъ бар Исроил.

  1. ДАР соли дувоздаҳуми Оҳоз, подшоҳи Яҳудо, Ҳӯшаъ ибни Эло дар Сомария бар Исроил подшоҳ шуд, ва нӯҳ сол подшоҳӣ кард.
  2. Ва он чи дар назари Худованд бад буд, ба амал овард, аммо на ҳамчун подшоҳони Исроил, ки пеш аз ӯ буданд.
  3. Шалмансар, подшоҳи Ашшур, бар ӯ лашкар кашид, ва Ҳӯшаъ бандаи вай гардида, ба вай хироҷ медод.

Даҳ, сибти Исроил ба асирӣ бурда шуданд.

  1. Ва подшоҳи Ашшур дар Ҳӯшаъ хиёнат  ёфт,  чунки ӯ қосидонро назди Сӯ, подшоҳи Миср, фиристода буд, ва хироҷи ҳарсоларо барои подшоҳи Ашшур адо накард; ва подшоҳи Ашшур ӯро дастгир карда, дар зиндон андохт.
  2. Ва подшоҳи Ашшур тамоми кишварро ишғол намуда, ба Сомария наздик омад, ва онро се сол муҳосира кард.
  3. Подшоҳи Ашшур дар соли нӯҳуми Ҳӯшаъ Сомарияро забт намуд, ва исроилиёнро ба Ашшур ба асирӣ бурд, ва онҳоро дар Ҳалаҳ ва дар атрофи Ҳобӯр, ки наҳри Ҷӯзон аст, ва дар шаҳрҳои Модай ҷойгир кард.
  4. Ва ин аз он сабаб рӯй дод, ки  банӣ-Исроил   пеши Худованд Худои худ, ки онҳоро аз замини Миср, аз зери дасти фиръавн,  подшоҳи  Миср,   берун оварда буд, гуноҳ карданд, ва аз худоёни дигар тарсиданд;
  5. Ва бар тибқи фароизи халқҳое ки Худованд аз пеши банӣ-Исроил бадар ронда буд,   ва  мувофиқи  таомуле ки подшоҳони Исроил ҷорӣ намуда буданд, рафтор карданд;
  6. Ва банӣ-Исроил суханони нодурусте дар ҳаққи Худо-ванд Худои худ бофта бароварданд, ва дар ҳамаи шаҳрҳои худ, аз бурҷи дидбонӣ то шаҳри ҳисордор, баландиҳо барои худ бино карданд;
  7. Ва бар   ҳар   тали   баланд ва зери   ҳар   дарахти  сабз сутунҳо ва Ашераҳо барои худ гузоштанд;
  8. Ва дар он ҷо, бар ҳамаи баландиҳо, мисли халқҳое ки Худованд аз пеши онҳо бадар ронда буд, бухур сӯзониданд, ва корҳои баде карда, Худовандро ба хашм оварданд;
  9. Ва бутҳоро ибодат карданд, ки дар бораи онҳо Худо-ванд гуфта буд: «Ин корро накунед»;
  10. Ва Худованд ба воситаи ҳар набӣ ва   ҳар   пешбин Исроил ва Яҳудоро таъкид карда, гуфт:  «Аз роҳҳои бади худ баргардед ва аҳкому фароизи Маро мувофиқи тамоми шариате ки ба падарони шумо амр фармудаам, ва ба воситаи бандагонам анбиё ба шумо фиристодаам, риоя намоед».
  11. Вале онҳо гӯш  надоданд, ва гардани  худро мисли гардани падаронашон,  ки ба Худованд Худои   худ   имон наоварда буданд, сахт карданд;
  12. Ва аз фароизи Ӯ, ва аз аҳде ки Ӯ бо падаронашон баста буд, ва аз шаҳодоте ки Ӯ ба онҳо дода буд, нафрат карданд, ва аз паи чизҳои ҳеҷу пуч рафта, худашон ҳеҷу пуч шуданд, ва низ аз паи халқҳое ки дар гирду пешашон буданд, ва Худованд ба онҳо амр фармуда буд, ки мисли онҳо амал накунанд;
  13. Ва тамоми аҳкоми Худованд Худои худро онҳо тарк карда, ду гӯсолаи рехта барои худ сохтанд, ва Ашера сохтанд, ва ба тамоми лашкари осмон саҷда бурданд, ва Баалро ибодат карданд.
  14. Ва писарону духтарони худро аз оташ гузарониданд, ва ҷоду карданд ва фол кушоданд, ва ба он дода шуданд, ки он чи дар назари Худованд бад аст, ба амал оварда, Ӯро хашмгин кунанд;
  15. Ва Худованд бағоят бар Исроил ғазаб намуда, онҳоро аз ҳузури Худ дур кард; ҷуз аз як сибти Яҳудо касе боқӣ намонд.
  16. Лекин аҳли Яҳудо низ аҳкоми Худованд Худои худро ба ҷо наоварданд, балки бар тибқи фароизе ки Исроилиён муқаррар намуда буданд, рафтор карданд.
  17. Ва Худованд аз тамоми насли Исроил нафрат карда, онҳоро мазлум  гардонид, ва онҳоро ба дасти тороҷгарон супурд, то ба дараҷае ки онҳоро аз ҳузури Худ дур андохт.
  18. Зеро ки Исроилиён худро аз хонадони Довуд бурида ҷудо карданд, ва Ёробъом ибни Наботро подшоҳ сохтанд; ва Ёробъом исроилиёнро аз пайравии Худованд дур кард, ва онҳоро гирифтори гуноҳи азим гардонид.
  19. Ва банӣ-Исроил дар ҳамаи гуноҳҳое ки Ёробъом ба амал оварда буд, рафтор карда, аз онҳо дур нашуданд,
  20. То даме ки Худованд Исроилро аз ҳузури худ дур андохт, чунон ки ба воситаи ҳамаи бандагони  Худ  анбиё гуфта  буд;  ва исроилиён аз замини худ ба Ашшур ҷалои ватан шуданд, ки то имрӯз чунин аст.

Дар шаҳрҳои Исроил навомадагон сокин шуданд.

  1. Ва подшоҳи Ашшур аз Бобил ва Куто ва Авво ва Ҳамот ва Сафарвоим одам оварда, онҳоро дар шаҳрҳои Сомария ба ҷои банӣ-Исроил ҷойгир гардонид, ва онҳо  Сомарияро тасарруф намуда, дар шаҳрҳояш сокин шуданд.
  2. Ва чунин воқеъ шуд, ки онҳо дар ибтидои дар он ҷо сокин шуданашон аз Худованд натарсиданд, ва Худованд шеронро бар онҳо фиристод, ва баъзе аз онҳо кушта шуданд.
  3. Ва ба   подшоҳи   Ашшур   хабар   расонида,   гуфтанд: «Халқҳое ки ту кӯчонида,   дар   шаҳрҳои   Сомария  ҷойгир кардӣ, қонуни Худои он заминро намедонанд, ва Ӯ шеронро бар онҳо фиристодааст, ва инак, онҳоро мекушанд, чунки онҳо қонуни он заминро намедонанд».
  4. Ва подшоҳи  Ашшур   амр   фармуда,   гуфт:   «Яке   аз коҳинонро, ки шумо аз он ҷо кӯчонидаед, ба он ҷо равона кунед, то ки рафта дар он ҷо сокин шавад, ва қонуни Худои он заминро ба онҳо таълим диҳад».
  5. Ва яке аз коҳиноне ки варо аз  Сомария  кӯчонида буданд, омада, дар Байт-Ил сокин шуд; ва ӯ онҳоро таълим медод, ки чӣ гуна аз Худованд тарсанд.
  6. Ва ҳар халқ худоёни худро сохтанд, ва дар ибодатхона-ҳое ки сомариён бар баландиҳо барпо карда буданд, гузош-танд, — ҳар халқ дар шаҳрҳои худ, ки дар он ҷо сокин буданд,
  7. Яъне мардуми   Бобил   Саккут-Банӯтро   сохтанд,  ва мардуми Кут Нирҷалро сохтанд, ва мардуми Ҳамот Ашиморо сохтанд,
  8. Ва аввиён Нибҳоз ва Тартоқро сохтанд, ва сафарвиён писарони худро барои Адрамалик ва Анамалик, ки худоёни сафарвиён буданд, дар оташ месӯзониданд.
  9. Ва аз Худованд низ метарсиданд, ва аз миёни худ коҳинони баландиҳоро таъин менамуданд, ки онҳо дар ибо-датхонаи баландиҳо қурбонӣ мекарданд.
  10. Онҳо аз   Худованд   метарсиданд,   ва   дар   айни  ҳол худоёни худро, мувофиқи таомули халқҳое ки аз миёнашон кӯчонида шуда буданд, ибодат мекарданд.
  11. То имрӯз  онҳо мувофиқи  таомулҳои  пештараи худ рафтор мекунанд:  аз Худованд наметарсанд, ва бар тибқи фароиз ва дастурҳои Ӯ рафтор намекунанд, яъне бар тибқи шариат ва аҳкоме ки Худованд ба банӣ-Яъқуб, ки ӯро Ис-роил ном ниҳода буд, амр фармудааст,
  12. Ва Худованд бо онҳо аҳд бастааст, ва ба онҳо амр фармуда, гуфтааст: «Аз худоёни дигар натарсед, ва ба онҳо саҷда набаред, ва онҳоро ибодат нанамоед, ва барои онҳо қурбонӣ накунед,
  13. Балки фақат аз Худованд, ки шуморо аз замини Миср бо қувваи бузург ва бозуи тӯлонӣ берун овард, битарсед, ва барои Ӯ қурбонӣ кунед,
  14. Ва фароиз ва дастурҳо ва шариат ва аҳкомеро, ки Ӯ барои шумо навиштааст, риоя намуда, тамоми айём ба амал оваред, ва аз худоёни дигар натарсед,
  15. Ва аҳдеро, ки Ман бо шумо бастаам, фаромӯш накунед, ва аз худоёни дигар натарсед,
  16. Балки фақат аз Худованд Худои худ битарсед, ва Ӯ шуморо аз дасти душманонатон раҳо хоҳад кард».
  17. Валекин онҳо гӯш надоданд, балки мувофиқи таомули пештараи худ рафтор карданд.
  18. Ва ин халқҳо аз Худованд метарсиданд, вале бутҳои худро ибодат мекарданд, ва ҳамчунин писарони онҳо ва писарони писарони онҳо ҳамон тавр, ки падаронашон  рафтор мекарданд, то имрӯз рафтор мекунанд.

© IBT 1992