Ибодат боби 22

Коҳинон насли баргузидагонанд.

  1. ВА Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:
  2. «Ба Ҳорун ва писаронаш бигӯ, ки аз ҳадияҳои муқад-даси банӣ-Исроил, ки ба Ман мебахшанд, канорагирӣ кунанд, ва исми қуддуси Маро палид нагардонанд. Ман Худо-ванд ҳастам.
  3. Ба онҳо бигӯ: дар наслҳои шумо, ҳар касе ки аз та-моми зурьёти шумо ба ҳадияҳои муқаддасе ки банӣ-Исроил ба Худованд бахшидаанд, наздик шавад, ва нопокияш бар вай бошад, — он кас аз ҳузури Ман маҳв хоҳад шуд. Ман Худованд ҳастам.
  4. Ҳар касе ки аз насли Ҳорун махав ё ҷараён дошта бошад, то пок нашавад, набояд аз ҳадияҳои муқаддас бихӯ-рад. Ва касе ки ба ҳар шахси аз мурда наҷисшуда мерасад, ё ба шахсе ки нутфа аз вай рехтааст,
  5. Ё ба шахсе ки ба ҳар ҳашарот расида наҷис гардидааст, ё ба шахсе ки аз ҳар гуна нопокии вай наҷис мешавад, —
  6. Он касе ки ба яке аз инҳо мерасад, то шом наҷис хоҳад буд, ва то бадани худро дар об ғусл надиҳад, набояд аз ҳадияҳои муқаддас бихӯрад.
  7. Ва ҳангоме ки офтоб ғуруб кунад, ӯ пок хоҳад шуд, ва баъд аз он ӯ метавонад аз ҳадияҳои муқаддас бихӯрад, зеро ки ин нони ӯст.
  8. Лоша ва даридашударо набояд ӯ бихӯрад, то ки наҷис нашавад. Ман Худованд ҳастам.
  9. Бигзор онҳо фармудаи Маро риоя намоянд, то ки барои он гуноҳкор шуда ҷазо наёбанд, ва онро поймол карда, аз боиси он намиранд. Ман Худованд ҳастам, ки онҳоро тақдис менамоям.
  10. Ҳеҷ каси бегона набояд аз ҳадияи муқаддас бихӯрад; сокини хонаи коҳин ва муздури ӯ набояд аз ҳадияи муқаддас бихӯрад.
  11. Ва агар коҳин касеро ба пули худ харида бошад, вай зархариди ӯст, ва метавонад аз он бихӯрад; хоназодони ӯ низ метавонанд нони ӯро бихӯранд.
  12. Вале духтари коҳин, агар ба марди бегона ба шавҳар рафта бошад, набояд аз ҳадияҳои муқаддас бихӯрад.
  13. Валекин духтари коҳин, агар бева шавад ё талоқ ги-рад, ва бача надошта бошад, ва ба хонаи падараш баргардад, чунон ки дар айёми бачагияш буд, — вай метавонад аз нони падараш бихӯрад; аммо ҳеҷ каси бегона набояд аз он бихӯрад.
  14. Ва агар касе саҳван аз ҳадияи муқаддас бихӯрад, вай бояд панҷьяки онро бар он илова намуда, ҳадияи муқаддасро ба коҳин бидиҳад.
  15. Бигзор ҳадияҳои муқаддаси банӣ-Исроилро, ки ба Ху-дованд тақдим менамоянд, палид насозанд,
  16. Ва бо хӯрдани ҳадияҳои муқаддаси онҳо боиси гуноҳ ва ҷазои онҳо нашаванд, зеро Ман Худованд ҳастам, ки он-ҳоро тақдис менамоям».

Дар бораи беайбии қурбониҳо.

  1. Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:
  2. «Ба Ҳорун ва писаронаш ва ба тамоми банӣ-Исроил сухан ронда, ба онҳо бигӯ: ҳар кас аз хонадони Исроил ва аз ғарибони дохили Исроил, ки қурбонии худро тақдим ме-намояд, хоҳ он мувофиқи ягон назри онҳо бошад, хоҳ ҳам-чун инъоме ки ба Худованд барои қурбонии сӯхтанӣ тақдим менамоянд, —
  3. Барои он ки шумо сазовори таваҷҷӯҳ гардед, бигзор он наринаи беайбе аз говон ё аз гӯсфандон ва ё аз бузон бошад.
  4. Ҳар чиро, ки айбе дошта бошад, тақдим нанамоед, зеро ки он барои шумо ҳусни таваҷҷӯҳ нахоҳад овард.
  5. Ва агар касе забҳи саломатӣ барои Худованд тақдим намояд, хоҳ барои иҷрои назр бошад, хоҳ ҳамчун инъоме аз говон ё аз бузу гӯсфандон, — он бояд беайб бошад, то ки сазовори таваҷҷӯҳ гардад; ҳеҷ айбе набояд дар он бошад.
  6. Кӯр ё шикастаандом, ё яғир, ё обиладор, ё пес, ё кал, — инҳоро барои Худованд тақдим нанамоед, ва аз инҳо қур-бонии оташин барои Худованд бар қурбонгоҳ наоваред.
  7. Ва гов ва гӯсфанде ки ягон андомаш аз ҳад зиёд дароз ё кӯтоҳ бошад, — онро ҳамчун инъом тақдим намо, вале ҳамчун назр мақбул нахоҳад афтод.
  8. Ва чорпоеро, ки байзаҳояш маҷак, ё кӯфта, ё канда, ё бурида шудааст, барои Худованд тақдим нанамоед, ва дар заминатон ин корро накунед;
  9. Ва аз дасти аҷнабиён нони Худои худро аз ҳеҷ кадоми инҳо тақдим нанамоед, зеро ки онҳо нуқсон доранд, яъне маъюбанд; ба воситаи онҳо сазовори таваҷҷӯҳ нахоҳед шуд».
  10. Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:
  11. «Вақте ки гӯсола, ё барра, ё бузғола зоида мешавад, ҳафт рӯз бояд назди модараш бимонад, ва аз рӯзи ҳаштум ва минбаъд он ҳамчун қурбонии оташин барои Худованд мақбул хоҳад афтод.
  12. Вале гов ё гӯсфандро бо бачаи он дар як рӯз забҳ накунед.
  13. Ва ҳангоме ки забҳи шукрона барои Худованд тақдим менамоед, онро тавре тақдим намоед, ки сазовори таваҷҷӯҳ гардед:
  14. Дар ҳамон рӯз он бояд хӯрда шавад; то субҳ аз он боқӣ нагузоред. Ман Худованд ҳастам.
  15. Ва аҳкоми Маро риоя намоед ва онҳоро ба амал оваред. Ман Худованд ҳастам.
  16. Ва исми қуддуси Маро беҳурмат накунед, то ки Ман дар миёни банӣ-Исроил тақдис ёбам. Ман Худованд ҳастам, ки шуморо тақдис менамоям,
  17. Ва шуморо аз замини Миср берун овардаам, то ки Худои шумо бошам. Ман Худованд ҳастам».

© IBT 1992