Ададҳо боби 1

Амр дар бораи саршумории қавм.

  1. ВА дар рӯзи якуми моҳи дуюм, дар соли дуюми берун омаданашон аз замини Миср, Худованд ба Мусо дар биёбони Сино дар хаймаи ҷомеъ сухан ронда, гуфт:
  2. «Саршумории тамоми ҷамоати банӣ-Исроилро бар ҳас-би қабилаҳо ва хонадонҳошон, мувофиқи адади номҳошон, — ҳaмаи мардҳоро саросар ба амал оваред.
  3. Аз бистсола ва болотар, ҳамаи онҳое ки дар Исроил ба лашкар мераванд, — ту ва Ҳорун онҳоро бар тибқи фавҷҳо-шон дар шумор оваред.
  4. Ва ҳамроҳи шумо як нафар аз ҳар сибт хоҳад буд, ки ҳар яке раиси хонадони худ бояд бошад.
  5. Ва ин аст номҳои шахсоне ки ҳамроҳи шумо хоҳанд буд: аз Реубен — Элисур ибни Шадиур;
  6. Аз Шимъӯн — Шалумиил ибни Суришаддой;
  7. Аз Яҳудо — Наҳшӯн ибни Амминодоб;
  8. Аз Иссокор — Натанъил ибни Суор;
  9. Аз Забулун — Элиоб ибни Ҳилӯн;
  10. Аз писарони Юсуф: аз Эфроим — Элишомоъ ибни Аммиҳуд; аз Менашше — Ҷамлиил ибни Фадоҳсур;
  11. Аз Биньёмин — Абидон ибни «Ҷидъӯнӣ;
  12. Аз Дон — Аҳиозар ибни Аммишаддой;
  13. Аз Ошер — Фаҷъиил ибни Окрон;
  14. Аз Ҷод — Эльёсоф ибни Дауил;
  15. Аз Нафтолӣ — Аҳираъ ибни Энон.
  16. Ҳаминҳоянд даъватшудагони ҷамоат, раисони сибтҳои падаронашон, ки сарварони ҳазораҳои Исроил мебошанд».
  17. Ва Мусо ва Ҳорун ин шахсонро, ки номҳошон зикр ёфт, гирифтанд.
  18. Ва тамоми ҷамоатро дар рӯзи якуми моҳи дуюм ҷамъ карданд, ва онҳо насабномаҳои худро бар ҳасби қабилаҳо ва хонадонҳои худ, мувофиқи адади номҳо, аз бистсола ва боло-тар саросар эълон намуданд,
  19. Чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд; ва ӯ онҳоро дар биёбони Сино дар шумор овард.
  20. Ва бан-Реубен, нахустзодаи Исроил, бар ҳасби насаб-номаи қабила ва хонадонашон, мувофиқи адади номҳошон, саросар ҳамаи мардҳои аз бистсола ва болотар, ҳамаи онҳое ки ба лашкар мераванд, —
  21. Дар шумор овардашудагон аз сибти Реубен чилу шаш ҳазору панҷсад нафар буданд.
  22. Аз банӣ-Шимъӯн бар ҳасби насабномаи қабила ва хо-надонашон, мувофиқи адади номҳои саросар дар шумор овар-дашудагон, ҳамаи мардҳои аз бистсола ва болотар, ҳамаи онҳое ки ба лашкар мераванд, —
  23. Дар шумор овардашудагон аз сибти Шимъӯн панҷоҳу нӯҳ ҳазору сесад нафар буданд.
  24. Аз банӣ-Ҷод бар ҳасби насабномаи қабила ва хонадо-нашон, мувофиқи адади номҳо аз бистсола ва болотар, ҳамаи онҳое ки ба лашкар мераванд, —
  25. Дар шумор овардашудагон аз сибти Ҷод чилу панҷ ҳазору шашсаду панҷоҳ нафар буданд.
  26. Аз банӣ-Яҳудо бар ҳасби насабномаи қабила ва хона-донашон, мувофиқи адади номҳо, аз бистсола ва болотар, ҳамаи онҳое ки ба лашкар мераванд, —
  27. Дар шумор овардашудагон аз сибти Яҳудо ҳафтоду чор ҳазору шашсад нафар буданд.
  28. Аз банӣ-Иссокор бар ҳасби насабномаи қабила ва хо-надонашон, мувофиқи адади номҳо, аз бистсола ва болотар, ҳамаи онҳое ки ба лашкар мераванд, —
  29. Дар шумор овардашудагон аз сибти Иссокор панҷоҳу чор ҳазору чорсад нафар буданд.
  30. Аз банӣ-Забулун бар ҳасби насабномаи қабила ва хона-донашон, мувофиқи адади номҳо, аз бистсола ва болотар, ҳамаи онҳое ки ба лашкар мераванд, —
  31. Дар шумор овардашудагон аз сибти Забулун панҷоҳу ҳафт ҳазору чорсад нафар буданд.
  32. Аз писарони   Юсуф:    аз   банӣ-Эфроим   бар   ҳасби насабномаи қабила ва хонадонашон, мувофиқи адади ном-ҳо, аз бистсола   ва  болотар,   ҳамаи   онҳое  ки   ба   лашкар мераванд, —
  33. Дар шумор овардашудагон аз сибти Эфроим чил ҳазо-ру панҷсад нафар буданд.
  34. Аз банӣ-Менашше бар ҳасби насабномаи қабила ва хо-надонашон, мувофиқи адади номҳо, аз бистсола ва болотар, ҳамаи онҳое ки ба лашкар мераванд, —
  35. Дар шумор овардашудагон аз сибти Менашше сию ду ҳазору дусад нафар буданд.
  36. Аз банӣ-Биньёмин бар ҳасби насабномаи қабила ва хо-надонашон, мувофиқи адади номҳо, аз бистсола ва болотар, ҳамаи онҳое ки ба лашкар мераванд, —
  37. Дар шумор овардашудагон аз сибти Биньёмин сию панҷ ҳазору чорсад нафар буданд.
  38. Аз банӣ-Дон бар ҳасби насабномаи қабила ва хонадо-нашон, мувофиқи адади номҳо, аз бистсола ва болотар, ҳамаи онҳое ки ба лашкар мераванд, —
  39. Дар шумор овардашудагон аз сибти Дон шасту ду ҳа-зору ҳафтсад нафар буданд.
  40. Аз банӣ-Ошер бар ҳасби насабномаи қабила ва хона-донашон, мувофиқи адади номҳо, аз бистсола ва болотар, ҳамаи онҳое ки ба лашкар мераванд, —
  41. Дар шумор овардашудагон аз сибти Ошер чилу як ҳазору панҷсад нафар буданд.
  42. Аз банӣ-Нафтолӣ бар ҳасби насабномаи қабила ва хона-донашон, мувофиқи адади номҳо, аз бистсола ва болотар, ҳамаи онҳое ки ба лашкар мераванд, —
  43. Дар шумор овардашудагон аз сибти Нафтолӣ панҷоҳу се ҳазору чорсад нафар буданд.
  44. Инҳоянд дар шумор овардашудагон, ки Мусо ва Ҳо-рун бо раисони Исроил дар шумор оварданд, — бо он дувоз-даҳ нафар, ки ҳар яке аз як хонадони онҳо буданд.
  45. Ва ҳамаи дар шумор овардашудагони банӣ-Исроил бар ҳасби хонадонашон, аз бистсола ва болотар, ҳамаи онҳое ки дар Исроил ба лашкар мераванд, —
  46. Ҳамаи дар шумор овардашудагон шашсаду се ҳазору панҷсаду панҷоҳ нафар буданд.
  47. Валекин левизодагон бар ҳасби сибти падаронашон дар миёни онҳо дар шумор оварда нашуданд,
  48. Зеро ки Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфта буд:
  49. «Аммо сибти Левиро дар шумор наовар, ва саршумории онҳоро дар миёни банӣ-Исроил ба амал наовар,
  50. Балки левизодагонро бар маскани шаҳодат ва бар та-моми колои он ва бар ҳар чизе ки ба он тааллуқ дорад, таъин намо; бигзор онҳо маскан ва тамоми колои онро бардоранд ва хизмати онро ба ҷо оваранд, ва дар атрофи маскан хайма зананд;
  51. Ва дар вақти кӯч кардани маскан левизодагон онро фурӯд оваранд, ва дар вақти ист кардани маскан левизода-гон онро барқарор намоянд; ва шахси бегонае ки ба он наз-дик меояд, кушта хоҳад шуд.
  52. Ва банӣ-Исроил бояд ҳар яке дар ӯрдугоҳи худ ва ҳар яке назди байрақи худ бар ҳасби фавҷҳои худ хайма зананд.
  53. Ва левизодагон дар атрофи маскани шаҳодат хайма хо-ҳанд зад, то ки ғазабе бар ҷамоати бадӣ-Исроил ба амал наояд; ва левизодагон посбонии маскани шаҳодатро ба ҷо хоҳанд овард».
  54. Ва банӣ-Исроил ба амал оварданд; чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд, ончунон ба амал оварданд.

© IBT 1992