Ҳастӣ боби 42

Юсуф бародарони худро меҳмоннавозӣ мекунад.

  1. ВА Яъқуб фаҳмид, ки дар Миср ғалла мавҷуд аст, ва Яъқуб ба писарони худ гуфт: «Чаро нигоҳ карда нишастаед?»
  2. Ва гуфт: «Инак, шунидам, ки дар Миср ғалла ҳаст; ба он ҷо биравед, ва барои мо аз он ҷо ғалла бихаред, то ки зист кунем ва намирем».
  3. Даҳ бародари Юсуф барои харидани ғалла ба Миср рафтанд.
  4. Вале Биньёмин, бародари Юсуфро Яъқуб бо барода-рони ӯ нафиристод; зеро гуфт: «Мабодо зиёне ба ӯ расад».
  5. Дар миёни ононе ки барои харидани ғалла омаданд, банӣ-Исроил ҳам буданд; зеро ки дар замини Канъон қаҳтӣ буд.
  6. Ва Юсуф ҳокими он замин буд; ва ба тамоми қавми он замин ғалла мефурӯхт. Вақте ки бародарони Юсуф омаданд, рӯй ба замин ниҳода, ба ӯ саҷда карданд.
  7. Ва чун Юсуф бародарони худро дид, онҳоро шинохт; вале худро ба онҳо ношинос вонамуд кард, ва бо онҳо ба дуруштӣ гап зад, ва ба онҳо гуфт: «Аз куҷо омадед?» Гуфтанд: «Аз замини Канъон, то ки хӯрокворӣ бихарем».
  8. Агарчи Юсуф бародарони худро шинохт, онҳо ӯро на-шинохтанд.
  9. Ва Юсуф хобҳоеро, ки дар бораи онҳо дида буд, ба хотир овард; ва ба онҳо гуфт: «Шумо ҷосус ҳастед; барои дидани урьёнии ин замин омадаед».
  10. Ба ӯ гуфтанд: «Не, оғои мо; ғуломонат барои харидани хӯрокворӣ омадаанд.
  11. Мо ҳама писарони як шахс ҳастем; мо одамони дуруст-корем; ғуломонат ҷосус нестанд».
  12. Ба онҳо гуфт: «Не, шумо барои дидани урьёнии замин омадаед».
  13. Гуфтанд: «Мо, ғуломонат, дувоздаҳ бародаронем; мо писарони як шахс ҳастем дар замини Канъон, ва инак, хурдӣ имрӯз пеши падари мост, ва яке нест».
  14. Ва Юсуф ба онҳо гуфт: «Ҳамин аст он чи ба шумо гуфтам, ки ҷосус ҳастед.
  15. Ба ин тариқ озмуда хоҳед шуд: қасам ба ҷони фиръавн, ки аз ин ҷо берун нахоҳед рафт, магар ки бародари хурдии шумо ба ин ҷо биёяд.
  16. Як нафарро аз байни худ бифиристед, то ки бародари шуморо биёрад; ва шумо ба ҳабс гирифта мешавед, то ки суханони шумо санҷида шавад, ки ҳақ ба ҷониби шумост ё не; вагар на, қасам ба ҷони фиръавн, ки шумо ҷосус ҳастед».
  17. Ва онҳоро серӯза ба ҳабс гирифт.
  18. Ва рӯзи сеюм Юсуф ба онҳо гуфт: «Чунин бикунед ва зинда бимонед, зеро ки ман аз Худо метарсам.
  19. Агар шумо одамони дурусткор бошед, бигзор як ба-родари шумо дар ҳабсхонаи шумо бимонад; ва шумо биравед, ва ғалла барои гуруснагии хонаҳои худ бибаред.
  20. Ва бародари хурдии худро назди ман биёред, то ки суханони шумо тасдиқ шавад, ва намиред». Ва чунин карданд.
  21. Ва ба якдигар гуфтанд: «Дар ҳақиқат мо назди баро-дари худ гуноҳкор ҳастем. Вақте ки ба мо тазаррӯъ мекард, азияти ҷони ӯро дидем ва гӯш наандохтем; аз ин рӯ ин азият ба сари мо омад».
  22. Ва Реубен ба ҷавоби онҳо гуфт: «Оё ба шумо нагуфта будам, ки ба муқобили бача гуноҳ накунед? Вале гӯш на-кардед; ва инак, хуни ӯ бозхост мешавад».
  23. Ва онҳо надонистанд,  ки Юсуф мефаҳмад;  зеро ки тарҷумоне дар миёни онҳо буд.
  24. Ва Юсуф худро аз онҳо канор гирифта, бигирист. Ва назди онҳо баргашта, бо онҳо гуфтугӯ кард, ва Шимъунро аз миёни онҳо гирифта, дар пеши назари онҳо ӯро бандӣ кард.
  25. Ва Юсуф фармон дод, ки ҷуволҳои онҳоро аз ғалла пур кунанд, ва нуқраи онҳоро дар халтаи ҳар яке баргардо-нанд, ва ба онҳо тӯшаи роҳ бидиҳанд. Ва ба онҳо чунин карданд.
  26. Ва ғаллаи худро ба харони худ бор карда, аз он ҷо равона шуданд.
  27. Ва чун яке халтаи худро дар манзил кушод, то ки хӯроке ба хари худ диҳад, нуқраи худро дид, ки инак, дар даҳани халтаи ӯст.
  28. Ва ба бародарони худ гуфт: «Нуқраи ман баргардонида шудааст! Инак, дар халтаи ман аст!» Ва дили онҳо ба тапиш афтод, ва ба якдигар бо тарсу ларз мегуфтанд: «Ин чӣ кор аст, ки Худо ба мо кардааст?»
  29. Ва назди падари худ Яъқуб ба замини Канъон омаданд, ва аз он чи ба онҳо рӯй дод, хабар дода, гуфтанд:
  30. «Он марде ки ҳокими он замин аст, бо мо ба дуруштӣ сухан гуфт, ва моро ҷосусони он замин гумон кард.
  31. Вале ба ӯ гуфтем: «Мо одамони дурусткорем; мо ҷосус нестем.
  32. Мо, дувоздаҳ бародарон, писарони падари худ ҳастем; яке нест, ва хурдӣ имрӯз назди падари мо дар замини Канъон аст».
  33. Ва он марде ки ҳокими он замин аст, ба мо гуфт: «Ба ин тариқ хоҳам фаҳмид, ки шумо дурусткор ҳастед: яке аз бародарони худро назди ман бимонед; ва ғалла барои гурусна-гии хонаҳои худ бигиред, ва бирaвед.
  34. Ва бародари хурдии худро назди ман биёред, то донам, ки шумо ҷосус нестед, балки одамони дурусткоред; он гоҳ бародари шуморо ба шумо бидиҳам, ва дар ин замин доду-гирифт кунед»».
  35. Ва ҳангоме ки онҳо халтаҳои худро холӣ мекарданд, инак, ҳамьёни нуқраи ҳар яке дар халтаи вай буд. Ва чун онҳо ва падарашон ҳамьёнҳои нуқраро диданд, ҳаросон шуданд.
  36. Ва падари онҳо Яъқуб ба онҳо гуфт: «Маро аз фарзан-донам маҳрум кардед: Юсуф нест, ва Шимъӯн нест, ва Биньё-минро мехоҳед бибаред, — ин ҳама кулфатҳо бар сари ман аст!»
  37. Ва Реубен ба падари худ арз намуда, гуфт: «Ду писари маро бикуш, агар ӯро назди ту набиёрам; ӯро ба дасти ман бисупор; ва ман ӯро назди ту баргардонам».
  38. Гуфт: «Писарам бо шумо нахоҳад рафт, зеро ки баро-дараш мурдааст, ва ӯ танҳо мондааст. Ва агар дар роҳе ки меравед, зиёне ба ӯ расад, ҳамоно мӯи сафеди маро бо андӯҳ ба гӯр хоҳед бурд».

© IBT 1992

Оставьте комментарий