Ададҳо боби 27

Дастурот дар бораи мерос.

  1. ВА духтарони Салофҳод ибни Ҳефар ибни Ҷилъод ибни Мокир ибни Менашше, ки аз қабилаҳои Менашше ибни Юсуф буданд, наздик омаданд, ва инҳост номҳои духтаро-наш: Маҳло, Нӯо, Ҳоҷло, Милко ва Тирсо;
  2. Ва ба ҳузури Мусо ва ба ҳузури Элъозори коҳин ва ба ҳузури раисон ва тамоми ҷамоат, назди дари хаймаи ҷомеъ истода, гуфтанд:
  3. «Падари мо дар биёбон мурд, ва ӯ дар миёни он дастае набуд, ки ба зидди Худованд дар дастаи Қӯраҳ ҷамъ шуда буданд, балки дар гуноҳи худ мурд, ва писаре надошт.
  4. Пас, чаро номи падари мо, аз боиси он ки писаре на-дорад, аз миёни қабилаи ӯ нест шавад? Лутфан, ба мо дар миёни бародарони падари мо мулке бидеҳ».
  5. Ва Мусо даъвои онҳоро ба ҳузури Худованд овард.
  6. Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:
  7. «Духтарони Салофҳод дуруст мегӯянд; ба онҳо дар миёни бародарони падарашон мулки меросие бидеҳ, ва мулки падарашонро ба онҳо бисупор.
  8. Ва ба банӣ-Исроил сухан ронда, бигӯ: «Агар касе би-мирад ва писаре надошта бошад, мулки ӯро ба духтараш бисупоред.
  9. Ва агар ӯ духтаре надошта бошад, мулки ӯро ба баро-даронаш бидиҳед.
  10. Ва агар бародаре надошта бошад, мулки ӯро ба баро-дари падараш бидиҳед.
  11. Ва агар падари ӯ бародаре надошта бошад, мулки ӯро ба касе бидиҳед, ки аз қабилаи ӯ хеши наздиктараш бошад, то ки онро тасарруф намояд. Ва бигзор ин барои банӣ-Исроил фаризаи шаръӣ бошад, чунон ки Худованд ба Мусо амр фармудааст»».

Мусо ба вафот тайёр мешавад. Ҷонишини ӯЕҳушаъ ибни Нун.

  1. Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Ба ин кӯҳи Аборим баро, ва заминеро, ки Ман ба банӣ-Исроил медиҳам, бубин.
  2. Ва ҳангоме ки онро бубинӣ, ту низ ба қавми худ хоҳӣ пайваст, чунон ки бародарат Ҳорун бипайваст; 14. Аз боиси он ки шумо дар биёбони Син, вақте ки ҷа-моат низоъ карданд, ба фармони Ман муқобилат намудед, ва қудсияти Маро назди об пеши назари онҳо зоҳир насохтед, ки оби Мерибои Қодеш дар биёбони Син буд».
  3. Ва Мусо ба Худованд сухан ронда, гуфт:
  4. «Бигзор Худованд, ки Худои рӯҳҳои тамоми навъи ба-шар аст, касеро бар ин ҷамоат таъин намояд,
  5. Ки вай пешопеши онҳо берун равад ва пешопеши онҳо дохил шавад, онҳоро берун барад ва онҳоро дохил кунад, то ки ҷамоати Худованд мисли гӯсфандони бе чӯпоне набо-шанд».
  6. Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Еҳушаъ ибни Нунро, ки марди соҳибрӯҳ аст, барои худ бигир, ва дасти худро бар ӯ бимон,
  7. Ва ӯро ба ҳузури Элъозори коҳин ва ба ҳузури тамоми ҷамоат пешниҳод кун, ва ӯро пеши назари онҳо таъин намо,
  8. Ва аз шукӯҳи худ ба ӯ бидеҳ, то ки тамоми ҷамоати банӣ-Исроил ба ӯ гӯш диҳанд.
  9. Ва ӯ ба ҳузури Элъозори коҳин истад, то ки барои ӯ ҳукми уримро ба ҳузури Худованд бипурсад: аз рӯи фар-мони вай бояд ӯ, ва тамоми банӣ-Исроил бо ӯ, ва тамоми ҷамоат берун раванд, ва аз рӯи фармони вай дохил шаванд».
  10. Ва Мусо ончунон ки Худованд ба ӯ амр фармуда буд, амал намуд, ва Еҳушаъро гирифта, ба ҳузури Элъозори ко-ҳин ва ба ҳузури тамоми ҷамоат пешниҳод кард;
  11. Ва дастҳои худро бар ӯ гузошт, ва ӯро таъин намуд, чунон ки Худованд ба воситаи Мусо гуфта буд.

© IBT 1992