Якум Вақоеънома боби 7

Насли сибтҳои дигари Исроил.

  1. ВА писарони   Иссокор:   Тӯлоъ   ва   Фуо,   Ёшуб   ва Шимрӯн — чор нафар.
  2. Ва писарони Тӯлоъ:  Уззӣ ва Рафоё   ва Ериил  ва Яҳмай ва Йибсом ва Самуил, ки онҳо сардорони хонаводаи падарашон   Тӯлоъ ва мардони ҷангии авлодашон буданд; шумораи онҳо дар  айёми Довуд бисту ду ҳазору шашсад нафар буд.
  3. Ва писари Уззӣ: Зараҳьё; ва писарони Зараҳьё: Микоил  ва  Убадьё  ва Юил  ва Йишиё — панҷ нафар,  ки ҳамаашон сардор буданд.
  4. Ва онҳо,   бар  ҳасби  авлодашон  ва хонаводаҳошон, фавҷҳои аскарӣ барои ҷанг ба миқдори   сию   шаш   ҳазор нафар доштанд, зеро ки занон ва писаронашон бисьёр буданд.
  5. Ва бародарони онҳо аз ҳамаи қабилаҳои Иссокор ҳаштоду ҳафт ҳазор нафар мардони ҷангӣ буданд, — ҳамаашон дар насабномаҳои худ зикр ёфтаанд.
  6. Ва писарони Биньёмин: Болаъ ва Бокар ва Едиойил — се нафар.
  7. Ва писарони Болаъ:  Эсбӯн ва Уззӣ ва Уззиил   ва Еримӯт ва Ирӣ — панҷ нафар, ки сардорони хонаводаҳо ва мардони   ҷангӣ   буданд,  ва насабномаҳошон   аз   бисту ду ҳазору сию чор нафар иборат буд.
  8. Ва писарони Бокар: Замиро ва Юош ва Элиозар ва Эльюэнай  ва   Омрӣ  ва Йиремӯт  ва  Абиё   ва  Анотӯт  ва Оломат; ҳамаи даҳо писарони Бокар буданд.
  9. Ва насабномаҳои онҳо, бар ҳасби авлодашон ва сардо-рони хонаводаҳошон, аз бист ҳазору дусад нафар мардони ҷангӣ иборат буд.
  10. Ва писари Едиойил:  Билҳон;  ва писарони Билҳон: Яуш ва Биньёмин ва Эҳуд ва Канъоно ва Зейтон ва Таршиш ва Аҳишоҳар;
  11. Ҳамаи ин писарони Едиойил сардорони хонаводаҳо ва мардони ҷангӣ буданд ва ҳафдаҳ ҳазору   дусад   нафар сарбоз дошта, ба ҷанг мебаромаданд.
  12. Ва писарони Ир: Шуфим ва Ҳуфим; ва писари Аҳер: Ҳушим.
  13. Писарони Нафтолӣ: Яҳасиил ва Ҷунӣ ва   Есар   ва Шаллум ки писарони Билҳо буданд.
  14. Писарони Менашше: Ашриил, ки варо завҷаи ӯ зоид, ва Мокир, падари Ҷилъод, ки варо суррияи арамии ӯ зоид.
  15. Ва Мокир хоҳари Ҳуфим ва Шуфимро, ки Маако ном дошт, ба занӣ гирифт;   ва  номи  писари  насли  дуюм Салофҳод буд, ва Салофҳод духтарон дошт.
  16. Ва Маако, зани Мокир, писар зоид, ва ӯро Фораш ном ниҳод, ва номи бародараш Шораш буд, ва писарони ӯ Улом ва Роқам буданд.
  17. Ва писари Улом: Бадон. Ҳаминҳоянд писарони Ҷилъод ибни Мокир ибни Менашше.
  18. Ва хоҳари ӯ Ҳамӯлокат Иш-Ҳӯд ва Абиозар ва Маҳлоро зоид.
  19. Ва писарони Шамидоъ инҳо буданд: Аҳьён ва Шокам ва Лиқҳӣ ва Аниом.
  20. Ва писарони Эфроим: Шутолаҳ,  ва писараш  Борад ва писараш Таҳат ва писараш Элъодо ва писараш Таҳат;
  21. Ва писараш Зобод ва писараш Шутолаҳ, ва Озар ва Элъод; ва мардуми Ҷат, ки дар ин замин таваллуд ёфтаанд, онҳоро куштанд,   зеро   ки   барои   гирифтани   чорвояшон фурӯд омада буданд.
  22. Ва падари онҳо Эфроим рузҳои зиёде мотам гирифт, ва бародаронаш барои тасаллӣ додани ӯ омаданд.
  23. Ва ӯ назди зани худ даромад, ва вай ҳомила шуда, писаре зоид, ва ӯро Барио ном ниҳод, зеро ки дар хонадонаш мусибат рӯй дода буд.
  24. Ва духтараш Шоара буд, ки Бет-Ҳӯрӯни поён ва болоро бино кард, ва Узин-Шоараро низ.
  25. Ва писараш Рофаҳ ва Рошаф ва писараш Толаҳ ва писараш Тоҳан;
  26. Писараш Лаъдон, писараш Аммиҳуд, писараш Эли-шомоъ;
  27. Писараш Нун, писараш Еҳушаъ.
  28. Ва амлок ва масканҳошон: Байт-Ил ва деҳоташ, ва ба тарафи шарқ — Наарон, ва ба тарафи ғарб —   Ҷозар ва деҳоташ, ва Шакем ва деҳоташ, то Айё ва деҳоташ.
  29. Ва назди ҳудуди банӣ-Менашше: Байт-Шеон ва деҳо-таш, Таънак ва деҳоташ,  Маҷиддӯ  ва деҳоташ, Дӯр ва деҳоташ; дар ин ҷойҳо писарони Юсуф ибни Исроил сукунат доштанд.
  30. Писарони Ошер:  Йимно  ва  Йишво   ва  Йишвӣ ва Барио, ва хоҳарашон Сораҳ.
  31. Ва писарони Барио: Ҳобар ва Малкиил, ки ӯ падари Бирзоит аст.
  32. Ва Ҳобар Яфлит ва Шӯмир ва Ҳӯтом, ва хоҳарашон Шуоро ба дуньё овард.
  33. Ва писарони Яфлит: Фосак ва Бимҳол   ва   Ашвот; инҳо писарони Яфлит буданд.
  34. Ва писарони Шомар: Аҳӣ ва Роҳҷо ва Ҳуббо ва Аром.
  35. Ва писарони бародараш Ҳилам: Сӯфаҳ ва Йимноъ ва Шилаш ва Омол.
  36. Писарони Сӯфаҳ: Суаҳ ва Ҳарнофар ва Шуол ва Бирӣ ва Йимро;
  37. Босар ва Ҳӯд ва Шаммо ва Шилшо ва Йитрон ва Баиро.
  38. Ва писарони Ётар: Ефунне ва Фисфо ва Аро.
  39. Ва писарони Улло: Ораҳ ва Ҳанниил ва Рисьё.
  40. Ҳамаи инҳо писарони Ошер, сардорони гузини хона-водаҳо, мардони ҷангӣ, сарварони раисон буданд, ва шумораи онҳо дар лашкар барои ҷанг, мувофиқи насабномаҳошон, бисту шаш ҳазор нафар буд.

© IBT 1992