Ададҳо боби 31

Доварӣ бар мидьёниён.

  1. ВА Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:
  2. «Интиқоми банӣ-Исроилро аз мидьёниён бигир; баъд аз он ба қавми худ хоҳӣ пайваст».
  3. Ва Мусо ба қавм сухан ронда, гуфт: «Аз миёни худ одамонро барои лашкар мусаллаҳ намоед, то ки онҳо ба Мидьён ҳуҷум карда, интиқоми Худовандро аз Мидьён бигиранд.
  4. Ҳазор нафар аз ҳар сибт, аз ҳамаи сибтҳои Исроил, ба лашкар бифиристед».
  5. Ва аз қабилаҳои Исроил ҳазор нафар аз ҳар сибт, ҷамъ дувоздаҳ ҳазор нафар ҷанговарони мусаллаҳ супурда шу-данд.
  6. Ва Мусо онҳоро, ҳазор нафар аз ҳар сибт, ба ҷанг фиристод, онҳоро бо Финҳос ибни Элъозори коҳин, ки колои муқаддас ва карнайҳо барои навохтан дар дасташ буд, ба ҷанг фиристод.
  7. Ва онҳо бо Мидьён, чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд, ҷанг карданд, ва ҳамаи мардҳоро куштанд.
  8. Ва дар миёни мақтулон подшоҳони Мидьён: Авӣ, Ро-қам, Сур, Ҳур ба Рабаъро, яъне панҷ подшоҳи Мидьёнро куштанд; ва Билъом ибни Баӯрро бо шамшер куштанд.
  9. Ва банӣ-Исроил занони Мидьён ва бачагони онҳоро ба асирӣ бурданд; ва ҳамаи чорпоён ва ҳамаи рамаҳо ва та-моми дороии онҳоро тороҷ карданд.
  10. Ва ҳамаи шаҳрҳои онҳоро дар бошишгоҳҳои онҳо, ва тамоми деҳоти онҳоро бо оташ сӯзониданд.
  11. Ва тамоми ғанимат ва ҳамаи одамон ва чорпоёни забт-шударо гирифтанд,
  12. Ва асирон ва чорпоёни забтшуда ва ғаниматро пеши Мусо ва Элъозори коҳин ва ҷамоати банӣ-Исроил ба ӯрду-гоҳ, ба даштҳои Мӯоб, ки назди Ӯрдун, дар рӯ ба рӯи Ериҳӯ буд, оварданд.
  13. Ва Мусо ва Элъозори коҳин ва ҳамаи раисони ҷамоат ба пешвози онҳо, берун аз ӯрдугоҳ баромаданд.
  14. Ва Мусо бар сардорони лашкар, яъне бар мириҳазорҳо ва мирисадҳо, ки аз ҷанг омада буданд, дарғазаб шуд,
  15. Ва Мусо ба онҳо гуфт: «Оё ҳамаи занонро зинда нигоҳ доштед?
  16. Инҳо, охир, аз рӯи машварати Билъом, банӣ-Исроилро васваса дода буданд, ки ба хотири Фаӯр ба Худованд хиёнат кунанд, ва дар ҷамоати Худованд вабо рӯй дод.
  17. Ва алҳол, ҳар писарбачаро бикушед, ва ҳар занеро, ки бо мард ҳамхоб шуда бошад, бикушед.
  18. Ва ҳар духтарро, ки бо мард ҳамхоб нашуда бошад, барои худ нигоҳ доред.
  19. Ва шумо ҳафт рӯз берун аз ӯрдугоҳ хайма занед; ҳар кӣ касеро кушта бошад, ва ҳар кӣ ба мақтуле расида бошад, аз шумо ва асирони шумо, дар рӯзи сеюм ва дар рӯзи ҳафтум худро татҳир намояд.
  20. Ва ҳар либос, ва ҳар колои чармин, ва ҳар ашьёи аз пашми буз сохташуда, ва ҳар колои чӯбинро татҳир намоед».
  21. Ва Элъозори коҳин ба ҷанговароне ки ба ҷанг рафта буданд, гуфт: «Ин аст фаризаи шариат, ки Худованд ба Мусо амр фармудааст:
  22. Фақат тилло, нуқра, мис, оҳан, қалъагӣ ва қӯрғошимро,
  23. Яъне ҳар чиро, ки ба оташ тоб меоварад, аз оташ биг-заронед, ва он татҳир хоҳад ёфт, аммо бо оби татҳири нопокӣ низ он бояд татҳир карда шавад; ва ҳар чиро, ки ба оташ тоб намеоварад, аз об бигзаронед.
  24. Ва либосҳои худро дар рӯзи ҳафтум бишуед, ва татҳир хоҳед ёфт, ва баъд аз он метавонед ба ӯрдугоҳ дохил шавед».
  25. Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:
  26. «Ту ва Элъозори коҳин ва сардорони хонаводаҳо ғани-мати асириро, чи аз одамон, чи аз чорпоён, саросар дар шу-мор оваред.
  27. Ва ин ғаниматро дар миёни ҷанговароне ки ба ҷанг рафтаанд, ва тамоми ҷамоат ду тақсим намо.
  28. Ва аз ҷанговароне ки ба ҷанг рафтаанд, хироҷ барои Худованд бигир: як адад аз панҷсад адад — чи аз одамон, чи аз говон, чи аз харон, чи аз гӯсфандон.
  29. Инро аз ҳиссаи онҳо гирифта, ба Элъозори коҳин би-деҳ, то ки ҳадия барои Худованд бошад.
  30. Ва аз ҳиссаи банӣ-Исроил як адад аз панҷоҳ адад — чи аз одамон, чи аз говон, чи аз харон, чи аз гӯсфандон, яъне аз ҳамаи чорпоён — бигир, ва онҳоро ба левизодагон, ки хизмати маскани Худовандро ба ҷо меоваранд, бидеҳ».
  31. Ва Мусо ва Элъозори коҳин бар тибқи он чи Худованд ба Мусо амр фармуда буд, амал карданд.
  32. Ва ғанимат, ғайр аз он чи мардони ҷангӣ тороҷ карда буданд, чунин буд: гӯсфандон — шашсаду ҳафтоду панҷ ҳазор сар;
  33. Ва говон — ҳафтоду ду ҳазор сар;
  34. Ва харон — шасту як ҳазор сар;
  35. Ва одамон, аз заноне ки бо мард ҳамхоб нашудаанд, ҷамъ сию ду ҳазор нафар.
  36. Ва нимае ки ҳиссаи ба ҷанг рафтагон шуда буд, чунин буд: миқдори гӯсфандон — сесаду сию ҳафт ҳазору панҷсад сар;
  37. Ва хироҷи Худованд аз ин гӯсфандон — шашсаду ҳаф-тоду панҷ сар;
  38. Ва говон — сию шаш ҳазор сар, ва аз онҳо хироҷ барои Худованд — ҳафтоду ду сар;
  39. Ва харон — сӣ ҳазору панҷсад сар, ва аз онҳо хироҷ барои Худованд — шасту як сар;
  40. Ва одамон — шонздаҳ ҳазор нафар, ва аз онҳо хироҷ барои Худованд — сию ду нафар.
  41. Ва Мусо ин хироҷро, ки ҳадия барои Худованд буд, ба Элъозори коҳин дод, чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд.
  42. Ва аз ҳиссаи банӣ-Исроил, ки онро Мусо аз мардони ҷангӣ ҷудо карда буд, —
  43. Ин ҳиссаи ҷамоат чунин буд: гӯсфандон — сесаду сию ҳафт ҳазору панҷсад сар,
  44. Ва говон — сию шаш ҳазор,
  45. Ва харон — сӣ ҳазору панҷсад сар,
  46. Ва одамон — шонздаҳ ҳазор нафар, —
  47. Ва Мусо аз ҳиссаи банӣ-Исроил як адад аз панҷоҳ адад — чи аз одамон, чи аз чорпоён — гирифт, ва онҳоро ба леви-зодагон, ки хизмати маскани Худовандро ба ҷо меоварданд, дод, чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд.
  48. Ва сардороне ки бар ҳазораҳои лашкар буданд, яъне мириҳазорҳо ва мирисадҳо, назди Мусо омаданд,
  49. Ва ба Мусо гуфтанд: «Бандагонат ҷанговаронеро, ки зердасти мо мебошанд, саросар дар шумор овардем, ва як нафар ҳам аз онҳо кам нашудааст;
  50. Пас, мо ҳадия барои Худованд овардаем аз он чи ҳар кас аз колои тилло: занҷирҳо, дастпонаҳо, ангуштаринҳо, ҳалқаҳо ва гарданбандҳо пайдо кардааст, то ки ҷонҳои моро ба ҳузури Худованд кафорат намояд».
  51. Ва Мусо ва Элъозори коҳин тилло, яъне тамоми колои санъатро аз онҳо гирифтанд.
  52. Ва тамоми тиллои ҳадия, ки ба Худованд аз ҷониби мириҳазорҳо ва мирисадҳо тақдим, карданд, шонздаҳ ҳазору ҳафтсаду панҷоҳ сиқл буд.
  53. Ҷанговарон ҳар яке барои худ тороҷ карда буданд.
  54. Ва Мусо ва Элъозори коҳин тиллоро аз мириҳазорҳо ва мирисадҳо гирифта, ба хаймаи ҷомеъ оварданд, то ки барои банӣ-Исроил ба ҳузури Худованд ёдгорӣ бошад.

© IBT 1992

Реклама