Якум Подшоҳон боби 25

Вафоти Самуил. Довуд ва Нобол.

  1. ВА Самуил вафот   кард;   ва  тамоми   Исроил   ҷамъ шуда, барои ӯ навҳагарӣ карданд, ва ӯро дар хонааш, дар Ромо дафн намуданд. Ва Довуд бархоста, ба биёбони Форон фурӯд омад.
  2. Ва марде дар Моӯн буд, ки дороияш дар Кармил буд, ва ин мард бағоят сарватдор буда, се ҳазор гӯсфанд ва ҳазор буз дошт; ва ӯ дар  мавсими   пашмбурии   рамаҳояш   дар Кармил буд.
  3. Ва номи ин мард Нобол, ва номи занаш Абиҷайл буд; ва ин зан оқила ва хушҷамол буд, вале ин мард сахтгир ва бадкор буда, аз хонадони Колеб буд.
  4. Ва Довуд дар биёбон шунид, ки Нобол рамаҳояшро пашмбурӣ мекунад.
  5. Ва Довуд даҳ ҷавонро фиристод; ва  Довуд  ба он ҷавонон гуфт:  «Ба Кармил бароед, ва назди Нобол рафта, аз номи ман ба ӯ салом расонед.
  6. Ва бигӯед:    «Зинда бош!   Осоиштагӣ  бар ту бод, осоиштагӣ бар хонадони ту, осоиштагӣ бар ҳар чизе ки дорӣ!
  7. Ва алҳол шунидаам, ки назди ту пашмбурӣ мекунанд. Алҳол чӯпононе ки ту дорӣ, бо мо буданд,  ва мо ба онҳо осебе нарасондаем, ва дар тамоми айёме ки онҳо дар Кармил буданд, ҳеҷ як чизашон талаф нашудааст.
  8. Аз навкарони худ бипурс, ва онҳо ба ту хоҳанд гуфт. Пас бигзор ин ҷавонон дар назари ту илтифот ёбанд, зеро ки мо дар рӯзи нек омадаем; лутфан, аз он чи зери дасти туст, барои бандагонат ва барои писарат Довуд бидеҳ»».
  9. Ва ҷавонони   Довуд   омада, ин суханонро аз   номи Довуд ба Нобол гуфтанд, ва хомӯш монданд.
  10. Ва Нобол ба навкарони Довуд ҷавоб гардонида, гуфт: «Довуд кист, ва писари Йисой кист? Имрӯз ғуломони зиёде ҳастанд, ки ҳар яке аз пеши оғоёни худ гурехта рафтаанд.
  11. Оё равост, ки ман нони худ ва оби худ ва гӯшти худро, ки барои пашмбурони худ муҳайё кардаам, бигирам ва ба ка-соне ки намедонам аз куҷо пайдо шудаанд, бидиҳам?»
  12. Ва ҷавонони Довуд   тоб   хӯрда,   ба  роҳи  худ раф-танд; ва гашта омада, ҳамаи ин суханонро ба ӯ хабар доданд.
  13. Ва Довуд ба одамони худ гуфт: «Ҳар яке шамшери худро бандед!» Ва ҳар яке шамшери худро бастанд, ва Довуд низ шамшери худро баст. Ва тақрибан чорсад кас аз ақиби Довуд рафтанд, ва дусад кас назди ашьё монданд.
  14. Валекин ба Абиҷайл, зани Нобол, яке аз навкаронаш хабар дода, гуфт: «Инак, Довуд қосидонро аз биёбон фирис-тод, то ки оғои моро табрик гӯянд, вале ӯ ба онҳо дағало-на муносибат намуд.
  15. Ва ҳол он ки ин одамон ба мо бағоят некӯ рафтор кар-данд, ва дар тамоми айёме ки мо дар саҳро буда, бо онҳо мегаштем, ба мо осебе нарасидааст, ва ҳеҷ чизи мо талаф нашудааст.
  16. Дар тамоми айёме ки мо бо онҳо гашта, рамаҳоро ме-чаронидем, ҳам рӯзона ва ҳам шабона, онҳо барои мо мисли ҳисоре буданд.
  17. Ва алҳол бидон ва бубин, ки чӣ бояд бикунӣ, зеро мусибате бар оғои мо ва бар тамоми хонадонаш таҳдид ме-намояд; ва ӯ шахси нобакор аст, ба тавре ки бо ӯ гап задан мумкин нест».
  18. Ва Абиҷайл шитобон дусадто нон, ва ду машк шароб, ва панҷ гӯсфанди пухта, ва панҷ сео* хӯшабирьён, ва сад сар мавизи соягӣ, ва дусад қурс анҷир гирифта, ба харҳо бор кард.
  19. Ва ба навкаронаш гуфт: «Пешопеши ман равона ша-вед; инак, ман аз қафои шумо меоям». Валекин ба шавҳа-раш Нобол хабар надод.
  20. Ва ҳангоме ки ӯ ба хар савор шуда, бо пайроҳаи ба назар ноаёни кӯҳ мерафт, инак, Довуд ва одамонаш ба пеш-вози вай фурӯд омаданд, ва ӯ бо онҳо рӯ ба рӯ шуд.
  21. Ва Довуд  мегуфт:   «Ҳақиқатан,  ман  тамоми дороии ин  шахсро  дар   биёбон  беҳуда нигаҳбонӣ намудаам, ва аз тамоми дороии вай чизе талаф нашудааст; валекин вай ба бадали некӣ ба ман бо бадӣ подош додааст.
  22. Худованд ба душманони Довуд чунин ва зиёда аз ин бикунад, агар ман то субҳидам аз тамоми дороии вай як на-ринае боқӣ бигузорам».
  23. Ва ҳангоме ки Абиҷайл Довудро дид, шитобон аз бо-лои хар фуромад, ва пеши Довуд рӯ бар замин афтода, ба ӯ саҷда кард.
  24. Ва назди поҳои ӯ афтода, гуфт: «Ин гуноҳ бар ман аст, эй оғоям; лутфан, канизат дар гӯши ту сухан гӯяд, ва суханони чӯрии худро бишнав.
  25. Бигзор оғоям ба ин марди нобакор, яъне ба Нобол, диққат надиҳад, зеро, номи вай чӣ гуна бошад, худаш ҳа-мон гуна аст: номаш Нобол* аст, ва зиштӣ бо ӯст. Вале ман, чӯрии ту, навкарони оғоямро, ки ту фиристодӣ, надидаам.
  26. Ва алҳол, эй оғоям, қасам ба ҳаёти Худованд ва қа-сам ба ҳаёти ту, ки Худованд туро аз хунрезӣ нигоҳ дошта, нагузоштааст, ки бо дасти худ  интиқом   гирӣ;  ва   алҳол душманонат, ва онҳое ки ба оғоям бадӣ  мехоҳанд, бигзор мисли Нобол шаванд.
  27. Ва ин аст инъоме ки канизат барои оғоям овардааст, ва он ба навкароне ки ҳамроҳи оғоям мераванд, дода мешавад.
  28. Лутфан, аз гуноҳи чӯрии худ гузароӣ намо; яқинан Худованд барои оғоям хонадони матине барқарор хоҳад кард, зеро ки оғоям ҷангҳои Худовандро мебарад, ва тамоми айёми умрат дар ту бадӣ ёфт нахоҳад шуд.
  29. Ва агар касе бархоста, туро таъқиб намояд ва қасди ҷони ту кунад, ҷони оғоям бо риштаи ҳаёт назди Худо-ванд Худои ту баста хоҳад буд, вале ҷони душманонатро Ӯ мисли он ки аз даруни фалахмон бошад, дур хоҳад андохт.
  30. Ва ҳангоме ки Худованд ба оғоям, мувофиқи ҳар он чи дар бораи ту гуфтааст, некӣ бикунад, ва туро бар Исроил раис таъин намояд,
  31. Он гоҳ ин барои ту сабаби таассуф ва барои оғоям азоби виҷдон нахоҳад   шуд, ки хуни ноҳақ   рехтааст,  ва оғоям интиқомро ба дасти худ раво дидааст. Ва ҳангоме ки Худованд ба оғоям некӣ кунад, канизи худро ба ёд хоҳӣ овард».
  32. Ва Довуд ба Абиҷайл гуфт:  «Муборак аст Худованд Худои Исроил, ки туро имрӯз ба пешвози ман фиристод.
  33. Ва хиради ту муборак аст, ва худат муборак ҳастӣ, ки имрӯз маро нагузоштӣ, ки хун бирезам,  ва бо дасти худ интиқом гирам.
  34. Валекин, қасам ба ҳаёти Худованд Худои Исроил, ки маро аз бадӣ кардан ба ту нигоҳ дошт: агар ту шитобон ба пешвози ман намеомадӣ, албатта назди Нобол то субҳидам наринае боқӣ намемонд».
  35. Ва Довуд он чиро, ки барои ӯ оварда буд, аз дасти вай гирифта, ба вай гуфт: «Ба саломатӣ ба хонаат бирав; инак, ман ба овози ту гӯш андохта, туро рӯихотир кардам».
  36. Ва Абиҷайл назди Нобол омад, ва инак, базме дар хонаи ӯ мисли базми подшоҳ ороста шуда буд, ва дили Нобол шод гардида, ӯ бағоят маст буд; ва то субҳ вай ба ӯ чизе кам ё зиёд хабар надод.
  37. Ва бомдодон,  вақте ки мастӣ аз Нобол берун рафт, занаш ин ҳодисаҳоро ба ӯ хабар дод; ва дили ӯ андаруни ӯ шах шуда монд, ва худаш мисли санг гардид.
  38. Ва чунин воқеъ шуд, ки баъд аз даҳ рӯз Худованд Ноболро мубталои дард гардонид, ва ӯ мурд.
  39. Ва чун Довуд шунид,  ки Нобол   мурдааст,   гуфт: «Муборак  аст Худованд, ки ниқори нанги маро аз Нобол ситонидааст,  ва бандаи Худро аз бадӣ нигоҳ доштааст, ва бадии  Ноболро  ба  сари  вай баргардонидааст».   Ва Довуд фиристод, то ба Абиҷайл бигӯянд, ки ӯ мехоҳад варо барои худ ба занӣ бигирад.
  40. Ва навкарони Довуд назди Абиҷайл ба Кармил омаданд ва ба вай сухан ронда, гуфтанд: «Довуд моро  назди ту фиристод, то ки туро барои худ ба занӣ бигирад».
  41. Вай бархост, ва рӯ ба замин саҷда бурда, гуфт: «Инак, канизи ту ҳозир аст чӯрие бишавад, то ки пойҳои навкарони оғоямро бишӯяд».
  42. Ва Абиҷайл шитобон бархоста, бар хар савор шуд, ва панҷ канизаш ба вай ҳамроҳӣ карданд; ва аз ақиби қосидони Довуд равона шуд, ва зани ӯ гардид.

Довуд  Аҳинӯамро  низ   барои  худ  ба  занӣ  мегирад.

  1. Довуд пеш   аз   ин  Аҳинӯами   изреъилиро ба   зани гирифта буд; ва акнун ҳар дуи онҳо занони ӯ буданд.
  2. Ва Шоул духтараш Микалро, ки зани Довуд буд, ба Фалтӣ ибни Лайиш, ки аз Ҷаллим буд, дод.

*18. Сео — андозаи қадимии ҳаҷми ғалладона, ки тақрибан 13 литр гунҷоиш дошт.

*25. Нобол — зишт.

© IBT 1992