Рут боби 1

Рут азм намуда, бо Ноомӣ ба Байт-Лаҳм  меравад.

  1. ВА воқеъ шуд дар айёми ҳокимияти доварон, ки бар замин қаҳтӣ падид омад.  Ва марде аз Байт-Лаҳми Яҳудо рафт, то ки дар ноҳияи Мӯоб маскан гирад, — ӯ ва занаш, ва ду писараш.
  2. Номи он мард Элимелех буд, ва номи занаш — Ноомӣ, ва номи ду писараш — Маҳлӯн ва Килйӯн. Онҳо эфротиёни Байт-Лаҳми Яҳудо буданд, ва ба ноҳияи Мӯоб омада, дар он сокин шуданд.
  3. Ва Элимелех, шавҳари Ноомӣ, мурд, ва ӯ бо ду писа-раш монд.
  4. Онҳо барои  худ занони мӯобия гирифтанд, ки номи яке Орфо ва номи дигаре Рут буд; ва дар он ҷо қариб даҳ сол иқомат карданд.
  5. Ва ҳар дуяшон  — Маҳлӯн ва Килйӯн низ мурданд; ва он зан аз ду фарзандаш ва аз шавҳараш маҳрум монд.
  6. Ва ӯ бо келинҳои худ бархост, то ки аз ноҳияи Мӯ-об баргардад, зеро дар ноҳияи Мӯоб шунид, ки Худованд қавми Худро тафаққуд намуда, ба онҳо нон додааст;
  7. Ва аз маконе ки дар он иқомат дошт, берун омад, ва ду келинаш ҳамроҳи ӯ буданд; ва роҳсипор шуданд, то ки ба замини Яҳудо баргарданд.
  8. Ноомӣ ба ду келини худ гуфт: «Биравед, ва ҳар яке ба хонаи модари худ баргардед. Бигзор Худованд ба шумо эҳсон кунад, чунон ки шумо ба мурдагон ва ба ман кардед!
  9. Бигзор Худованд ба шумо ато кунад, ки ҳар кадома-тон дар хонаи шавҳари худ фароғат ёбед!» Ва онҳоро бӯса кард. Вале онҳо овози худро баланд карда, гиристанд,
  10. Ва ба ӯ гуфтанд, ки «бо ту назди қавми ту хоҳем бар-гашт».
  11. Валекин Ноомӣ  гуфт: «Баргардед, духтаронам! Чаро ҳамроҳи ман меоед? Оё ҳанӯз дар амъои ман писарон ҳас-танд, ки барои шумо шавҳар шаванд?
  12. Баргардед, духтаронам, биравед! Зеро ки ман пир шу-даам ва наметавонам шавҳар кунам. Ҳатто агар мегуфтам, ки «ҳанӯз умеде дорам», ва худи ҳамин шаб шавҳар мекардам ва писарон низ мезоидам, —
  13. Оё ба онҳо то дами калон шуданашон интизорӣ хоҳед кашид? Оё аз барои онҳо худро аз шавҳар кардан хоҳед боздошт? Не, духтаронам! Қисмати шумо барои ман бағоят ғамангез аст; дар асл, дасти Худованд ба ман шикаст ра-сондааст».
  14. Онҳо боз овози худро баланд карда, гиристанд. Ва Орфо модаршӯи худро бӯсида, видоъ кард, вале Рут бо ӯ монд;
  15. Ва ӯ гуфт: «Инак, дағечат назди қавми худ ва назди худоёни худ баргашт; ту низ аз паси дағечат баргард».
  16. Вале Рут гуфт: «Маро водор накун, ки туро тарк на-моям ва аз пеши ту баргардам, зеро ба ҳар ҷое ки ту биравӣ, хоҳам рафт, ва дар ҳар ҷое ки ту иқомат кунӣ, иқомат хоҳам кард: қавми ту қавми ман ва Худои ту Худои ман хоҳад буд;
  17. Дар ҳар ҷое ки ту бимирӣ, хоҳам мурд  ва дар он ҷо дафн хоҳам шуд. Бигзор Худованд дар ҳаққи ман чу-нин ва чунин кунад ва зиёда аз он кунад, агар чизе ғайр аз марг маро аз ту ҷудо кунад!»
  18. Чун ӯ дид, ки вай азми қавӣ дорад ҳамроҳи ӯ бира-вад, дигар ба вай сухане нагуфт.
  19. Ва ҳар дуяшон равона шуданд, то даме ки ба Байт-Лаҳм расиданд. Ва ҳангоме ки ба Байт-Лаҳм ворид шуданд, тамоми аҳли шаҳр  аз  онҳо  ба  ҳаяҷон омаданд, ва занон гуфтанд: «Оё ин Ноомист?»
  20. Ба онҳо гуфт: «Маро Ноомӣ* нахонед, балки Марро** бихонед, зеро ки Қодир талхии зиёде бар сарам овард:
  21. Ман пурганҷ рафта будам, ва Худованд маро тиҳидаст баргардонд. Пас, чаро маро Ноомӣ мехонед, дар сурате ки Худованд маро ба азобу уқубат гирифтор кардааст, ва Қо-дир бадбахтӣ бар сарам овардааст?»
  22. Ва Ноомӣ чунин баргашт, ва келинаш — Рути мӯобия, ки аз ноҳияи Мӯоб баргашта  буд, ҳамроҳи ӯ буд; ва онҳо дар ибтидои дарави ҷав ба Байт-Лаҳм ворид шуданд.

* 20. Дилпазир.

**20. Талхком.

© IBT 1992