Хуруҷ боби 17

Ташнагӣ.

  1. ВА тамоми ҷамоати банӣ-Исроил, бо амри Худованд, аз биёбони Син ба сафари худ равона шуданд; ва дар Рафидим ӯрду заданд, ва обе барои нӯшидани қавм набуд.
  2. Ва қавм бо Мусо низоъ карда, гуфтанд: «Ба мо об диҳед, то бинӯшем». Ва Мусо ба онҳо гуфт: «Чаро бо ман низоъ мекунед? Чаро Худовандро меозмоӣ(ед)?»
  3. Ва дар он ҷо қавм ташнаи об буданд, ва қавм аз Мусо шикоят карда гуфтанд: «Чаро моро аз Миср берун овардӣ, то ки мо ва фарзандони мо ва чорвои моро аз ташнагӣ бикушӣ?»
  4. Ва Мусо сӯи Худованд нола карда, гуфт: «Бо ин қавм чӣ кунам? Андаке мондааст, ки маро сангсор кунанд».

Об аз сахра; тимсоли Масеҳ, ки Рӯҳи Худро пешкаш мекунад.

  1. Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Пеши қавм убур намо, ва аз пирони Исроил бо худ бигир; ва асои худро, ки наҳрро бо он задӣ, ба дастат гирифта, равона шав.
  2. Инак, Ман дар он ҷо пеши ту бар сахрае ки дар Ҳӯриб аст, меистам ва ту сахраро мезанӣ, ва об аз он мебарояд, ва қавм менӯшанд». Ва Мусо пеши назари пирони Исроил чунин кард.
  3. Ва он маконро Массо ва Мерибо* ном ниҳод, ба сабаби ҷидоли банӣ-Исроил ва Худовандро озмуданашон, ки гуфта буданд: «Оё дар миёни мо Худованд ҳаст, ё не?»

Ҳарбу зарб бо Амолеқ.

  1. Ва Амолеқ омада, дар Рафидим бо Исроил ҷанг кард.
  2. Ва Мусо ба Еҳушаъ гуфт: «Мардонро барои мо интихоб намо ва баромада, бо Амолеқ ҳарбу зарб кун; фардо ман бар қуллаи тал хоҳам истод, ва асои Худо дар дастам хоҳад буд».
  3. Ва Еҳушаъ ончунон, ки Мусо ба ӯ амр фармуда буд, амал намуд, то ки бо Амолеқ ҳарбу зарб кунад; ва Мусо, Ҳорун ва Ҳур бар қуллаи тал баромаданд.
  4. Ва чунин воқеъ шуд, ки чун Мусо дасташро мебардошт, Исроил дастболо мешуд, ва ҳамин ки дасташро мефуровард, Амолеқ дастболо мешуд.
  5. Вале дастҳои Мусо бемаҷол гардид; ва санге гирифта, ба таги ӯ гузоштанд, ва ӯ бар он нишаст, ва Ҳорун ва Ҳур, яке аз ин тараф ва дигаре аз он тараф, дастҳои ӯро бардошта нигоҳ медоштанд; ва дастҳои ӯ то ғуруби офтоб устувор монд.
  6. Ва Еҳушаъ Амолеқ ва қавми варо бо дами шамшер зарба зад.
  7. Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Инро барои ёдгорӣ дар китоб бинавис, ва гӯшраси Еҳушаъ намо, ки Ман зикри Амолеқро аз зери осмон тамоман маҳв хоҳам кард».
  8. Ва Мусо қурбонгоҳе бино кард, ва онро Худованд Ниссӣ* ном монд.
  9. Ва гуфт: «Зеро ки даст бар тахти Худованд аст, ҷанги Худованд бар зидди Амолеқ аз насл ба насл хоҳад буд».

*7. Озмоиш ва низоъ.

*15. Худованд байрақи ман аст.

© IBT 1992

Оставьте комментарий