Дуюм Подшоҳон боби 5

Довуд бар Исроил подшоҳ мешавад.

  1. ВА ҳамаи сибтҳои Исроил назди Довуд ба Ҳебрӯн омаданд, ва сухан ронда, гуфтанд: «Инак, мо устухон ва гӯшти ту ҳастем.
  2. Дирӯз ва парирӯз низ, вақте ки Шоул бар мо подшоҳ буд, ту Исроилро берун мебурдӣ ва андарун меовардӣ; ва Худованд ба ту гуфта буд: «Ту қавми Ман Исроилро хоҳӣ чаронид, ва ту бар Исроил раис хоҳӣ буд»».
  3. Ва ҳамаи пирони Исроил назди подшоҳ ба Ҳебрӯн омаданд, ва подшоҳ Довуд бо онҳо дар Ҳебрӯн ба ҳузури Худованд аҳд баст; ва Довудро ба подшоҳӣ бар Исроил тадҳин карданд.
  4. Довуд, вақте ки подшоҳ шуд,  сисола буд; чил сол подшоҳӣ кард.
  5. Дар Ҳебрӯн ҳафт солу шаш моҳ бар Яҳудо подшоҳӣ кард, ва дар Ерусалим сию се сол бар тамоми Исроил ва Яҳудо подшоҳӣ кард.

Ерусалимпойтахти мамлакати муттаҳида.

  1. Ва подшоҳ   бо   одамонаш ба Ерусалим ба муқобили ябусиён, ки сокинони ин замин буданд,  рафт, вале  онҳо ба Довуд сухан ронда, гуфтанд:  «Ба ин ҷо дохил нахоҳӣ шуд,  магар ин ки   аввал  кӯрон  ва  лангонро  дур   созӣ», яъне: «Довуд ба ин ҷо дохил нахоҳад шуд».
  2. Ва Довуд қалъаи Сионро забт кард, ки ҳамон шаҳри Довуд аст.
  3. Ва Довуд дар он рӯз гуфт: «Ҳар кӣ ябусиёнро бизанад ва ба қубури обгузар бирасад, бигзор лангон ва кӯронро низ, ки барои ҷони Довуд манфур ҳастанд, бизанад». Бинобар ин мегӯянд: «Кӯр ва ланг ба хона дохил нахоҳанд шуд».
  4. Ва Довуд  дар  қалъа  сокин  шуд,   ва  онро   шаҳри Довуд номид; ва Довуд гирдогирди он, аз Миллӯ гирифта то андаруни шаҳр, ҳисор бино кард.
  5. Ва Довуд торафт бештар комьёб ва бузург мегардид, ва Худованд Худои лашкарҳо бо ӯ буд.
  6. Ва Ҳиром, подшоҳи Сӯр, назди Довуд қосидон, ва дарахтони арз, ва наҷҷорон ва сангтарошонро фиристод, ва онҳо барои Довуд хона бино карданд.
  7. Ва Довуд дарк намуд, ки Худованд ӯро ба подшоҳӣ бар Исроил устувор гардонидааст, ва салтанати ӯро ба хо-тири қавми Худ Исроил баланд бардоштааст.
  8. Ва Довуд, баъд аз он ки аз Ҳебрӯн омад, боз суррия-гон ва занон аз Ерусалим гирифт;   ва боз  барои Довуд писарон ва духтарон таваллуд ёфтанд.
  9. Ва ин аст номҳои онҳое ки барои ӯ дар Ерусалим та-валлуд ёфтанд: Шамуа, ва Шубоб, ва Нотон, ва Сулаймон,
  10. Ва Йибҳор, ва Элишуа, ва Нофаг, ва Ёфиа,-
  11. Ва Элишомаъ, ва Эльёдоъ, ва Элифолат.

Ҷанг бо фалиштиён.

  1. Ва чун фалиштиён шуниданд, ки Довудро ба подшоҳӣ бар Исроил тадҳин намудаанд,  ҳамаи  фалиштиён  барома-данд, то ки Довудро биҷӯянд; ва Довуд инро шунида, ба қалъа фурӯд омад.
  2. Ва фалиштиён омада, дар водии Рафоим ҷойгир шуданд.
  3. Ва Довуд аз Худованд пурсида, гуфт: «Оё ба  му-қобили фалиштиён бароям? Оё онҳоро ба дасти ман хоҳӣ супурд?» Ва Худованд ба Довуд гуфт: «Баро, зеро ки фа-лиштиёнро ҳатман ба дастат хоҳам супурд».
  4. Ва Довуд ба Баал-Фаросим омад, ва дар он ҷо До-вуд ба онҳо шикаст расонда, гуфт: «Худованд душманонамро аз пешам маҳв намуд, чунон ки селоб маҳв менамояд». Би-нобар ин номи он макон Баал-Фаросим хонда шудааст.
  5. Ва бутҳои худро дар он ҷо партофта рафтанд, ва До-вуд ва одамонаш онҳоро бардошта бурданд.
  6. Ва бори дигар фалиштиён баромада, дар водии Рафоим ҷойгир шуданд.
  7. Ва Довуд аз Худованд пурсид, ва Ӯ гуфт: «Набаро, балки аз ақибашон давр зада, аз ҷониби дарахтони тут ба онҳо наздик шав,
  8. Ва ҳамин ки акси садои қадамҳоро дар сари дарахтони тут бишнавӣ, дарҳол ба ҳуҷум шитоб намо, зеро ки он гоҳ Худованд  пешопеши ту берун  хоҳад  омад, то ки ба лашкари фалиштиён шикаст расонад».
  9. Ва Довуд ончунон, ки Худованд ба ӯ амр фармуд, амал намуд, ва ба фалиштиён аз Ҷабъа то даромадгоҳи Ҷозар зарба расонид.

© IBT 1992