Сеюм Подшоҳон боби 21

Аҳъоб мехоҳад токзори Нобӯтро соҳиб шавад.

  1. ВА баъд аз ин ҳодисаҳо чушн воқеъ шуд: Нобӯти изреъилӣ дар Изреъил дар паҳлуи қасри Аҳъоб, подшоҳи Сомария, токзоре дошт.
  2. Ва Аҳъоб ба Нобӯт сухан ронда, гуфт: «Токзоратро ба ман бидеҳ, то ки полизе барои ман бишавад, зеро ки он дар паҳлуи хонаи ман аст; ва ман дар ивази он ба ту токзори аз он хубтаре хоҳам дод, ё агар дар назарат писанд ояд, ба қадри қимати он ба ту нуқра хоҳам дод».
  3. Вале Нобӯт ба Аҳъоб гуфт: «Ҳошо  аз  тарси Худованд, ки ман мероси падаронамро ба ту бидиҳам».
  4. Ва Аҳъоб аз сухане ки Нобӯти изреъилӣ ба ӯ  гуфт, ғамгин ва музтариб гардида, ба хонаи худ омад, зеро ки вай гуфт: «Мероси падаронамро ба ту нахоҳам дод». Ва ӯ бар бистари худ хобида, рӯи худро гардонид, ва хӯроке нахӯрд.
  5. Ва занаш Изобал назди ӯ омада, ба  ӯ гуфт:  «Чаро рӯҳи ту музтариб шудааст, ва хӯроке намехӯрӣ?»
  6. Ва ӯ ба вай гуфт: «Вақте ки ман ба Нобӯти изреъилӣ сухан ронда гуфтам: «Токзоратро ба ман ба нуқра бидеҳ, ё агар хоҳӣ, дар ивази он токзори дигаре ба ту хоҳам дод», вай гуфт: «Токзори худро ба ту нахоҳам дод»».
  7. Ва занаш Изобал ба ӯ гуфт: «Оё ту алҳол бар Исроил чунин салтанат меронӣ? Бархез ва хӯрок бихӯр, ва биг-зор дили ту хуш бошад: ман токзори Нобӯти изреъилиро ба ту хоҳам дод».
  8. Вай мактубҳо аз номи Аҳъоб навишта, бар онҳо мӯҳри ӯро гузошт, ва мактубҳоро ба пирон ва асилзодагоне ки бо Нобӯт дар шаҳраш сукунат доштанд, фиристод.
  9. Ва дар мактубҳо вай чунин навишта буд: «Рӯзадорӣ эълон намоед ва Нобӯтро дар сари қавм биншонед;
  10. Ва ду шахси нобакорро дар рӯ ба рӯи ӯ биншонед, то ки онҳо гувоҳӣ дода, бигӯянд: «Ту дар ҳаққи Худо ва под-шоҳ куфр гуфтӣ»; ва ӯро берун бароварда, сангсор кунед, то ки бимирад».
  11. Ва аҳли шаҳри ӯ, яъне пирон ва асилзодагоне ки дар шаҳраш сукунат доштанд, бар тибқи амре ки  Изобал  ба онҳо фиристода буд, амал карданд, ончунон ки дар мак-тубҳои ба онҳо фиристодаи вай навишта шуда буд:
  12. Рӯзадорӣ эълон карданд, ва Нобӯтро дар сари қавм нишонданд;
  13. Ва ду шахси нобакор омада, дар рӯ ба рӯи ӯ нишас-танд, ва ин шахсони нобакор пеши қавм ба зидди Нобӯт гувоҳӣ дода, гуфтанд:   «Нобӯт дар ҳаққи  Худо ва подшоҳ куфр гуфт». Ва ӯро аз шаҳр берун бароварда, сангсор кар-данд, ва ӯ мурд.
  14. Ва назди Изобал фиристода, гуфтанд: «Нобӯт сангсор шуда, мурд».
  15. Ва чун Изобал шунид, ки Нобӯт сангсор шуда мурдааст, Изобал ба Аҳъоб гуфт: «Бархез ва токзори Нобӯти изреъи-лиро, ки нахост ба ту ба нуқра бидиҳад, тасарруф намо, зеро ки ӯ зинда нест, балки мурдааст».
  16. Ва чун Аҳъоб шунид, ки Нобӯт мурдааст, Аҳъоб бар-хост, то ки назди токзори Нобӯти изреъилӣ фурӯд омада, онро тасарруф намояд

Ильёс ҳалокати Аҳъобро пешгӯӣ мекунад.

  1. Ва каломи Худованд бар Ильёси тишбӣ нозил шуда, гуфт:
  2. «Бархез ва   ба   истиқболи  Аҳъоб, подшоҳи Исроил, ки дар Сомария аст, фурӯд ой; инак, ӯ дар токзори Нобӯт мебошад, ки ба он ҷо фурӯд омадааст, то ки онро тасарруф намояд;
  3. Ва ба ӯ сухан ронда, бигӯй: «Худованд чунин мегӯяд: ҳам куштӣ   ва  ҳам  тасарруф   мекунӣ?» Ва боз ба ӯ сухан ронда, бигӯй: «Худованд чунин мегӯяд: дар ҳамон ҷое ки сагон хуни Нобӯтро лесиданд, сагон хуни туро низ хоҳанд лесид»».
  4. Ва Аҳъоб ба Ильёс гуфт: «Оё маро ёфтӣ, эй душма-ни ман?» Ва ӯ гуфт: «Орё, ёфтам, чунки ту худро фурӯх-таӣ, то он чиро, ки дар назари Худованд  бад аст, ба амал оварӣ.
  5. Инак, Ман бар ту фалокате оварда, туро тамоман бар-ҳам хоҳам дод, ва аз Аҳъоб ҳар наринаро, хоҳ бандӣ ва хоҳ озод дар Исроил бошад, маҳв хоҳам кард.
  6. Ва хонадони туро   мисли   хонадони   Ёробъом   ибни Набот ва мисли хонадони Баъшо ибни Аҳиё хоҳам кард, барои он ки ту Маро ба ғазаб овардаӣ ва Исроилро гирифтори гуноҳ гардонидаӣ.
  7. Ва дар бораи Изобал низ Худованд сухан ронда, гуфт: «Сагон Изобалро назди ҳисори Изреъил хоҳанд хӯрд».
  8. Ҳар киро, ки аз Аҳъоб дар шаҳр бимирад, сагон  хо-ҳанд хӯрд, ва ҳар киро, ки дар саҳро бимирад, мурғони ҳа-во хоҳанд хӯрд».
  9. Ҳанӯз касе мисли Аҳъоб набуд, ки ӯ худро фурӯхт, то он чиро, ки дар назари Худованд бад аст, ба амал ова-рад, ки ба ин амал ӯро занаш Изобал барангехт.
  10. Ва ӯ рафтори бағоят зиште карда, бутҳоро пайравӣ на-муд, ончунон ки амӯриён амал мекарданд, ки онҳоро Худо-ванд аз пеши банӣ-Исроил бадар ронда буд.

Худованд ба Аҳъоб тараҳҳум менамояд.

  1. Ва ҳангоме ки   Аҳъоб ин суханонро шунид, либос-ҳояшро дарронид, ва палосе дар бар кард,   ва рӯза дошт, ва дар палос мехобид, ва ғамгинона роҳ мерафт.
  2. Ва каломи Худованд бар Ильёси тишбӣ нозил шуда, гуфт:
  3. «Оё Аҳъобро мебинӣ, чӣ гуна ба ҳузури Ман гардан фуровардааст? Азбаски ӯ ба ҳузури Ман гардан фуровардааст, он фалокатро дар айёми ӯ нахоҳам овард, балки дар айёми писараш он фалокатро бар хонадони ӯ хоҳам овард».

© IBT 1992