Ададҳо боби 20

Вафоти Марьям.

  1. ВА тамоми ҷамоати банӣ-Исроил дар моҳи якум ба биёбони Син расиданд, ва қавм дар Қодеш ӯрду заданд; ва Марьям дар он ҷо вафот ёфт, ва дар он ҷо дафн карда шуд.

Дар биёбон об набуд.

  1. Ва барои ҷамоат об набуд, ва онҳо ба муқобили Мусо ва Ҳорун ҷамъ шуданд.
  2. Ва қавм бо Мусо низоъ карда, гуфтанд: «Кошки мо ҳам мемурдем, вақте ки бародарони мо ба ҳузури Худованд мурданд!
  3. Ва чаро ҷамоати Худовандро ба ин биёбон овардед, то ки мо ва чорпоёни мо дар ин ҷо бимирем?
  4. Ва чаро моро аз Миср берун овардед, то ки моро ба ин ҷои нобоб биёред, ки ҷои зироат ва анҷир ва ангур ва анор нест, ва об ҳам барои нӯшидан нест?»
  5. Ва Мусо ва Ҳорун аз пеши ҷамоат назди даромадгоҳи хаймаи ҷомеъ омада, бар рӯи худ афтоданд; ва ҷалоли Худо-ванд ба онҳо зоҳир шуд.

Мусо аз сахра об мебарорад. Гуноҳи ӯ.

  1. Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:
  2. «Асоро бигир, ва ту ва бародарат Ҳорун ҷамоатро ҷамъ карда, пеши назари онҳо ба сахра бигӯед, ки оби худро бидиҳад: ва ту барои онҳо аз сахра об бароварда, ҷамоат ва чорпоёни онҳоро хоҳӣ нӯшонид».
  3. Ва Мусо асоро аз пеши Худованд гирифт, чунон ки ба ӯ амр фармуда буд.
  4. Ва Мусо ва Ҳорун ҷамоатро назди сахра ҷамъ карданд, ва ӯ ба онҳо гуфт: «Бишнавед, эй саркашон! Оё аз ин сахра об барои шумо берун оварем?»
  5. Ва Мусо дасти худро бардошта, сахраро бо асои худ ду карат зад, ва оби бисьёре берун омад; ва ҷамоат ва чорпо-ёни онҳо нӯшиданд.
  6. Ва Худованд ба Мусо ва Ҳорун гуфт: «Азбаски шумо ба Ман имон наовардед, то ки қудсияти Маро пеши назарибанӣ-Исроил нишон диҳед, бинобар ин ин ҷамоатро ба за-мине ки ба онҳо ваъда кардаам, нахоҳед овард».
  7. Ин аст оби Мерибо*, ҷое ки банӣ-Исроил бо Худованд низоъ карданд, ва Ӯ қудсияти Худро дар миёни онҳо зоҳир сохт.

Гуноҳи ислоҳноназири Адӯм.

  1. Ва Мусо қосидонро аз Қодеш назди подшоҳи Адӯм фиристод, то ки бигӯянд: «Бародари ту Исроил чунин ме-гӯяд: тамоми машаққатеро, ки бар сари мо омадааст, ту ме-донӣ.
  2. Падарони мо ба Миср фурӯд омаданд, ва мо айёми зиёде дар Миср сокин будем, ва мисриён бо мо ва бо падарони мо рафтори бад карданд.
  3. Ва мо сӯи Худованд фиғон кашидем, ва Ӯ овози моро шунид, ва элчие фиристода, моро аз Миср берун овард, ва инак, мо дар Қодеш мебошем, ки шаҳрест дар канори ҳудуди ту.
  4. Лутфан, мо аз замини ту убур кунем, аз киштзор ва токзор нахоҳем гузашт, ва об аз чоҳҳо нахоҳем, нӯшид; аз шоҳроҳ хоҳем рафт, ба тарафи рост ё чап тоб нахоҳем хӯрд, то даме ки аз ҳудуди ту убур кунем».
  5. Вале Адӯм ба ӯ гуфт: «Аз замини ман убур нахоҳӣ кард, вагар на ба пешвози ту бо шамшер берун хоҳам омад».
  6. Ва банӣ-Исроил ба вай гуфтанд: «Мо аз роҳҳои ом равона хоҳем шуд, ва агар ман ва рамаи ман аз оби ту бинӯ-шем, қимати онро хоҳем дод; ҳеҷ зиёне ба ту нахоҳад расид, фақат бо пойҳоям убур хоҳам кард».
  7. Вале вай гуфт: «Убур нахоҳӣ кард!» Ва Адӯм бо қавми зиёде ва бо дасти қавӣ ба пешвози ӯ берун омад.
  8. Ва Адӯм розӣ нашуд, ки аз ҳудуди худ барои убур кардани Исроил роҳ диҳад; ва исроилиён аз пеши ӯ ба тарафи дигар рӯ оварданд.
  9. Ва онҳо аз Қодеш кӯч карданд, ва банӣ-Исроил, та-моми ҷамоаташон, ба кӯҳи Ҳӯр расиданд.

Фавти Ҳорун.

  1. Ва Худованд ба Мусо ва Ҳорун дар кӯҳи Ҳӯр, назди сарҳади замини Адӯм, сухан ронда, гуфт:
  2. «Ҳорун ба қавми худ хоҳад пайваст, зеро ки ӯ ба за-мине ки Ман ба банӣ-Исроил ваъда кардаам, дохил нахоҳад шуд, ба сабаби он ки шумо назди оби Мерибо аз амри Ман саркашӣ кардед.
  3. Пас, Ҳорунро бо писараш Элъозор бигир, ва онҳоро ба кӯҳи Ҳӯр барор.
  4. Ва либоси Ҳорунро бикаш, ва онро ба писараш Элъо-зор бипӯшон; ва Ҳорун дар он ҷо вафот карда, ба қавми худ хоҳад пайваст».
  5. Ва Мусо ончунон ки Худованд амр фармуда буд, амал кард, ва онҳо пеши назари тамоми ҷамоат ба кӯҳи Ҳӯр баро-маданд.
  6. Ва Мусо либоси Ҳорунро кашид, ва онро ба писараш Элъозор пӯшонид, ва Ҳорун дар он ҷо, бар сари кӯҳ вафот ёфт; ва Мусо ва Элъозор аз кӯҳ фурӯд омаданд.
  7. Ва чун тамоми ҷамоат диданд, ки Ҳорун мурдааст, та-моми хонадони Исроил сӣ рӯз мотам гирифтанд.

*13. Низоъ.

© IBT 1992