Ибодат боби 20

Чораҳои ҷазо барои гуноҳҳои гуногун.

  1. ВА Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:
  2. «Инро низ ба банӣ-Исроил бигӯ: ҳар кӣ аз банӣ-Исроил ва аз ғарибоне ки дар Исроил маскан гирифтаанд, аз насли худ ба Мӯлик бидиҳад, бигзор кушта шавад: бигзор қавми замин варо сангсор кунанд.
  3. Ва Ман хашми Худро ба он кас хоҳам нигаронид ва ӯро аз миёни қавмаш маҳв хоҳам кард, зеро ки ӯ аз насли худ ба Мӯлик додааст, то ки қудси Маро наҷис ва исми қуддуси Маро беҳурмат гардонад.
  4. Ва агар қавми замин чашмони худро аз он кас бипӯ-шонанд, вақте ки ӯ аз насли худ ба Мӯлик медиҳад, ва ӯро накушанд, —
  5. Дар он сурат Ман хашми Худро ба он кас ва ба оилаи ӯ хоҳам нигаронид, ва ӯ ва ҳамаи онҳоеро, ки аз паи ӯ зино карда, ба Мӯлик зинокорона пайравӣ намудаанд, аз миёни қавми онҳо маҳв хоҳам сохт.
  6. Ва касе ки ба ҷодурагон ва азоимхонон рӯ меоварад, то ки ба онҳо зинокорона пайравӣ намояд, — Ман хашми Худро ба он кас нигаронида, ӯро аз миёни қавмаш маҳв хоҳам кард.
  7. Ва шумо худро тақдис намуда, одамони муқаддас бо-шед, зеро ки Ман Худованд Худои шумо ҳастам.
  8. Ва фароизи Маро риоя намоед, ва онҳоро ба амал ова-ред. Ман Худованд ҳастам, ки шуморо тақдис менамоям.
  9. Ҳар кӣ падари худ ё модари худро ҳақорат кунад, бояд ҳатман кушта шавад: модоме ки вай падари худ ё мо-дари худро ҳақорат кардааст, хунаш бар гарданаш хоҳад буд.
  10. Ва касе ки бо зани шавҳардор зино кунад, яъне касе ки бо зани ёри худ зино кунад, — бигзор он марди зинокор ва он зани зинокор кушта шаванд.
  11. Ва касе ки бо зани падари худ хобида, аврати падари худро ошкор кардааст, — бигзор ҳар дуяшон кушта шаванд; хунашон бар гардани онҳост.
  12. Ва касе ки бо келини худ бихобад, — бигзор ҳар дуя-шон кушта шаванд; кори зиште кардаанд, хунашон бар гар-дани онҳост.
  13. Ва касе ки бо марде бихобад, мисли он ки бо зан мехо-банд, — ҳар дуяшон кори зиште кардаанд; бигзор онҳо куш-та шаванд, хунашон бар гардани онҳост.
  14. Ва касе ки зан ва модари варо бигирад, ин фисқу фуҷур аст; ӯ ва онҳо бояд дар оташ сӯзонида шаванд, то ки фисқу фуҷур дар миёни шумо набошад.
  15. Ва касе ки бо чорпое ҷимоъ кунад, — бигзор вай кушта шавад; он чорпоро низ бикушед.
  16. Ва зане ки ба ягон чорпо наздик шавад, то ки он бо вай ҷимоъ кунад, — он зан ва он чорпоро бикуш; бигзор онҳо кушта шаванд, хунашон бар гардани онҳост.
  17. Ва касе ки хоҳари худро, яъне духтари падараш ё духтари модарашро бигирад, ва аврати варо бубинад, вай низ аврати ӯро бубинад, — ин расвоист; бигзор онҳо дар пеши назари фарзандони қавми худ маҳв карда шаванд; ӯ аврати хоҳарашро ошкор кардааст, — барои гуноҳаш ҷазо хоҳад ёфт.
  18. Ва касе ки бо зане дар вақти хайзи вай хобида, аврати варо ошкор кунад, азбаски ӯ чашмаи хуни варо яла кардааст, ва вай чашмаи хуни худро ошкор кардааст, — бигзор ҳар дуяшон аз миёни қавми худ маҳв карда шаванд.
  19. Ва аврати хоҳари модари худ ва хоҳари падари худро ошкор накун; он кас аврати ҳамҷисми худро ошкор кардааст; онҳо барои гуноҳи худ ҷазо хоҳанд ёфт.
  20. Ва касе ки бо янгаи худ бихобад, — аврати амаки (ё тағои) худро ошкор кардааст; онҳо барои гуноҳи худ ҷазо хоҳанд ёфт, бефарзанд хоҳанд мурд.
  21. Ва касе ки зани бародари худро бигирад, — ин кори зишт аст: ӯ аврати бародари худро ошкор кардааст; онҳо бе-фарзанд хоҳанд буд.
  22. Пас, тамоми фароизи Маро ва тамоми аҳкоми Маро риоя намоед, ва онҳоро ба амал оваред, то замине ки Ман шуморо ба он ҷо мебарам, то ки дар он сокин шавед, шуморо қай накунад.
  23. Ва бар тибқи фароизи халқҳое ки Ман онҳоро эз пеши шумо бадар меронам, рафтор накунед; зеро ки онҳо ҳамаи ин корҳоро карданд, ва Ман аз онҳо нафрат намудам.
  24. Ва ба шумо гуфтам: «Шумо замини онҳоро мерос хоҳед гирифт, ва Ман онро ба шумо хоҳам дод, то ки онро тасарруф намоед, — замине ки шир ва асал дар он ҷорист». Ман Худо-ванд Худои шумо ҳастам, ки шуморо аз қавмҳо фарқ кардаам.
  25. Пас, шумо низ чорпоёни покро аз наҷис, ва парран-дагони покро аз наҷис фарқ кунед, ва ҷонҳои худро бо чор-поён ва паррандагон ва ҳар чизе ки бар замин мехазад, наҷис нагардонед, ки Ман онҳоро ҳамчун чизҳои наҷис барои шу-мо фарқ кардаам.
  26. Ва шумо барои Ман муқаддас бошед, зеро ки Ман, Худованд, қуддус ҳастам, ва шуморо аз қавмҳо фарқ кар-даам, то ки аз они Ман бошед.
  27. Ва мард ё зане ки ҷодугар ё азоимхон бошанд, бигзор кушта шаванд: онҳо бояд сангсор карда шаванд, — хуна-шон бар гардани онҳост».

© IBT 1992