Еҳушаъ боби 17

Мулки сибтҳои Менашше ва Эфроим.

  1. ВА қуръа барои хонадони Менашше  чунин афтод, зеро ки ӯ нахустзодаи Юсуф буд; ба Мокир, нахустзодаи Менашше, падари Ҷилъод, азбаски марди ҷангӣ буд, Ҷилъод ва Бошон расид.
  2. Ва ба писарони дигари Менашше мувофиқи қабила-ҳои онҳо ҳиссае расид, чунончи: ба писарони Абиэзер, ба пи-сарони Ҳелеқ, ба писарони Асриил, ба писарони Шекем, ба писарони Ҳефер ва ба писарони Шамидоъ; инҳо писарони Менашше ибни Юсуф, яъне ҷинси мардони онҳо, мувофиқи қабилаҳошон мебошанд.
  3. Вале Селофҳод ибни Ҳефер ибни Ҷилъод ибни Мо-кир ибни Менашше писар не, балки духтар дошт, ва инҳост номҳои духтаронаш: Маҳло, Нӯо, Ҳоҷло, Милко ва Тирсо.
  4. Ва онҳо пеши Элъозори коҳин ва пеши Еҳушаъ ибни Нун ва пеши раисон наздик омада, гуфтанд: «Худованд ба Мусо амр фармудааст, ки ба мо мулке дар миёни бародаро-намон бидиҳад». Ва ба онҳо бар тибқи амри Худованд мулке дар миёни бародарони падарашон дода шуд.
  5. Ва ба Менашше, ғайр аз замини Ҷилъод ва Бошон, ки дар он тарафи Урдун аст, даҳ қитъа расид;
  6. Зеро ки духтарони Менашше мулке дар миёни писарони ӯ гирифтанд, ва замини Ҷилъод ба писарони дигари Ме-нашше расид.
  7. Ва сарҳади Менашше аз Ошер сӯи Михматот мерафт, ки он дар рӯ ба рӯи Шакем аст; ва сарҳад ба тарафи рост сӯи сокинони Эйн-Тапуҳа мерафт.
  8. Замини атрофи Тапуҳа аз они Менашше буд,  вале худи Тапуҳа, ки назди  сарҳади   Менашше буд,  ба  банӣ-Эфроим расид.
  9. Ва сарҳад сӯи водии Қоно, ба тарафи ҷанубии водӣ фурӯд меомад; ин шаҳрҳо дар миёни шаҳрҳои Менашше ба эфроимиён расид; ва сарҳади Менашше аз шимоли водӣ буд, ва интиҳои он баҳр буд.
  10. Тарафи ҷанубӣ аз они Эфроим ва тарафи шимолӣ аз они Менашше буда, баҳр сарҳади онҳо буд; ва онҳо аз шимол ба Ошер, ва аз шарқ ба Иссокор ҳамҳудуд буданд.
  11. Ва ба Менашше дар мулкҳои Иссокор ва Ошер инҳо тааллуқ дошт: Байт-Шаон ва қасабаҳояш, Иблеом ва қаса-баҳояш, сокинони Дӯр ва қасабаҳояш, сокинони Эйн-Дӯр ва қасабаҳояш, сокинони Таънок ва қасабаҳояш, сокинони Маҷиддӯ ва қасабаҳояш, — ин се ноҳияи кӯҳӣ.
  12. Вале банӣ-Менашше сокинони ин шаҳрҳоро натаво-нистанд бадар ронанд, ва канъониён азм карданд ки дар ин замин сокин бошанд.
  13. Ва чун банӣ-Исроил қувват гирифтанд, он гоҳ канъо-ниёнро хироҷгузор гардониданд, валекин онҳоро бадар наронданд.
  14. Ва банӣ-Юсуф ба Еҳушаъ сухан ронда, гуфтанд: «Чаро бар тибқи як қуръа мулкеро бо як қитъае ба ман додаӣ, ва ҳол он ки ман қавми сершумор ҳастам, чунки Худованд маро то ин дараҷа баракат додааст».
  15. Ва Еҳушаъ ба онҳо гуфт: «Агар ту қавми  сершумор бошӣ, ба ҷангал баро ва дар он ҷо, дар замини фариззиён ва рафоиён барои худ маконе тоза намо, зеро ки кӯҳи Эфроим барои ту танг аст».
  16. Ва банӣ-Юсуф гуфтанд: «Кӯҳистон барои мо кифоят намекунад; ва ҳамаи канъониёне ки дар замини водӣ соки-нанд, аробаҳои оҳанин доранд, чи онҳое ки дар Байт-Шаон ва қасабаҳояш, ва чи онҳое ки дар водии Изреъил мебошанд».
  17. Ва Еҳушаъ ба хонадони Юсуф, ба Эфроим ва Менашше сухан ронда, гуфт: «Ту қавми сершумор ҳастӣ, ва қуввати бузурге дорӣ, пас мулки ту бар тибқи як қуръа нахоҳад буд,
  18. Балки кӯҳистон аз они ту хоҳад буд, ҷангалро низ ту барои худ тоза хоҳӣ кард, ва он то ақсояш аз они ту хоҳад буд, зеро ки канъониёнро бадар хоҳӣ ронд, агарчи аробаҳои оҳанин доранд, агарчи зӯроваранд».

© IBT 1992