Якум Подшоҳон боби 17

Ситезаи Ҷольёт дар ҳаққи Исроил.

  1. ВА фалиштиён лашкари худро барои ҷанг фароҳам оварда, дар Сӯхӯ, ки дар кишвари Яҳудо воқеъ аст, ҷамъ шуданд, ва дар миёни Сӯхӯ ва Азеқо дар Эфес-Дамим ӯрду заданд.
  2. Ва Шоул ва исроилиён ҷамъ шуда, дар водии Эло ӯрду заданд, ва барои ҷанг ба муқобили фалиштиён тайёр шуданд.
  3. Ва фалиштиён бар куҳ аз ин тараф меистоданд, ва исроилиён бар кӯҳ аз тарафи дигар меистоданд, ва дарае дар миёни онҳо буд.
  4. Ва аз ӯрдуи фалиштиён Ҷольёт ном   марди паҳлавон, ки аз Ҷат буд, берун омад; қоматаш шаш зироъ ва як ваҷаб буд.
  5. Ва хӯди мисин  ба  сараш   дошт,   ва  зиреҳи пулак-чадоре ӯ дар бар карда буд; ва вазни зиреҳи ӯ панҷ ҳазор сиқл мис буд.
  6. Ва бар соқҳояш   соқбандҳои   мисин,  ва дар   миёни китфҳояш мизроқи мисин буд.
  7. Ва дастаи найзааш мисли наварди бофандагӣ, ва теғи найзааш шашсад  сиқл оҳан буд; ва сипарбардораш пешо-пеши ӯ мерафт.
  8. Ва ӯ истода, ба фавҷҳои Исроил хитоб намуд, ва ба онҳо гуфт: «Чаро барои ҷанг саф ороста берун омадаед? Ман, охир, фалиштӣ ҳастам, ва шумо — навкарони Шоул. Барои худ касеро интихоб кунед, то ки назди ман фурӯд ояд.
  9. Агар вай тавонад бо ман ҷангида, маро бикушад, мо бандагони шумо хоҳем шуд; вале агар ман бар вай ғолиб омада, варо бикушам, шумо бандагони мо шуда, хизмати моро ба ҷо хоҳед овард».
  10. Ва фалиштӣ гуфт:   «Ман имрӯз  фавҷҳои Исроилро таҳқир намудам; пас, касеро ба ман бидиҳед, то ки бо ҳам ҷанг кунем».
  11. Ва Шоул ва тамоми Исроил ин суханони фалиштиро шуниданд, ва   воҳима   карда,   бағоят   ҳаросон шуданд.
  12. Ва Довуд писари он марди   эфротӣ,   аз Байт-Лаҳми Яҳудо буд, ки  номаш Йисой  буда,  ҳашт писар дошт; ва он мард дар айёми Шоул дар миёни мардум пир ва солхӯрда буд.
  13. Ва се писари калонии Йисой равона шуда, аз ақиби Шоул ба ҷанг рафтанд; ва номи се писари вай, ки ба ҷанг рафта буданд, чунин буд: нахустзодааш Элиоб, ва дуюмаш Абинодоб ва  сеюмаш Шаммо.
  14. Ва Довуд писари хурдӣ буд; ва се писари калонӣ аз ақиби Шоул рафта буданд.

Довуд назди лашкари Шоул меояд.

  1. Ва Довуд аз пеши Шоул омаду рафт мекард, то ки рамаи падарашро дар Байт-Лаҳм бичаронад.
  2. Ва он фалиштӣ ҳар субҳ ва шом пайдо мешуд, ва чил рӯз худро нишон дод.
  3. Ва Йисой ба писараш Довуд гуфт:   «Лутфан,  барои бародаронат як эфа аз ин хӯшабирьён ва даҳто аз ин нон бигир, ва ба ӯрдугоҳ назди бародаронат шитоб намо.
  4. Ва ин даҳ қурс панирро барои мириҳазор бибар; ва саломатии бародаронатро бипурс, ва аз онҳо нишоние бигир».
  5. Ва Шоул, ва онҳо,  ва ҳамаи мардони  Исроил   дар водии Эло буда, бо фалиштиён меҷангиданд.
  6. Ва Довуд  бомдодон   бармаҳал   бархоста,   рамаро   ба қаровуле вогузошт, ва борашро гирифта,  чунон ки Йисой амр фармуда буд, равона шуд; ва ба сангари  гирдаи ӯрду вақте расид,  ки  лашкар   берун   омада   саф   мебастанд   ва барои ҷанг наъра мезаданд.
  7. Ва сафҳои   исроилиён   ва   фалиштиён   ба   муқобили якдигар   меистоданд.
  8. Ва Довуд ашьёеро, ки  дошт,   назди   посбони  ашьё гузошта,  сӯи сафҳои лашкар  давида  омад,  ва  саломатии бародаронашро  пурсид.
  9. Ва ҳангоме ки ӯ бо онҳо гуфтугӯ мекард, инак, он марди паҳлавон, ки Ҷольёти фалиштӣ ном дошта, аз аҳли Ҷат буд,   аз   миёни   сафҳои   фалиштиён   баромада,   ҳамон суханонро гуфт, ва Довуд шунид.
  10. Ва ҳамаи мардони Исроил он мардро дида, аз вай мегурехтанд ва бағоят ҳаросон мешуданд.
  11. Ва мардони Исроил мегуфтанд: «Оё  ин мардро, ки мебарояд,   дидед?   Вай   мебарояд,   ки   Исроилро   таҳқир намояд.  Ва  агар  ягон кас варо  бикушад,  подшоҳ ӯро бо сарвати бисьёр сарватманд хоҳад гардонид, ва духтари худро ба ӯ ба занӣ хоҳад дод, ва хонадони падари ӯро дар Исроил озод хоҳад кард».
  12. Ва Довуд ба касоне ки назди ӯ истода буданд, гуфт: «Ба шахсе ки ин фалиштиро бикушад ва нангро аз Исроил дур созад, чӣ хоҳад шуд? Зеро ин фалиштии номахтун кист, ки лашкарҳои  Худои  Ҳайро  таҳқир намояд?»
  13. Ва қавм ба ӯ он суханонро баён намуда, гуфтанд: «Ба шахсе ки варо бикушад, чунин хоҳад шуд».
  14. Ва ҳангоме ки ӯ бо мардум гуфтугӯ мекард, бародари калонии ӯ Элиоб шунид, ва хашми Элиоб бар Довуд аланга зада, гуфт: «Чаро ба ин ҷо  фурӯд  омадӣ? Ва он рамаи камеро дар биёбон   назди кӣ гузоштӣ?    Ман   густохӣ   ва шарорати дили туро медонам:   ту барои тамошои ин ҷанг фурӯд омадаӣ».
  15. Ва Довуд  гуфт:   «Ман  чӣ  кардаам?   Фақат   сухане гуфтаам».
  16. Ва аз пеши вай ба тарафи шахси дигаре тоб хӯрда, ҳамон суханро гуфт; ва қавм ба ӯ ҷавоб гардонида, ҳамон сухани   авваларо   гуфтанд.

Ғалабаи Довуд бар Ҷольёт.

  1. Ва суханоне ки Довуд гуфт, шунида шуд, ва ба Шоул хабар расониданд, ва ӯ варо назди худ оваронид.
  2. Ва Довуд  ба  Шоул  гуфт:   «Бигзор  касе   аз   боиси вай аз рӯҳ наафтад!  Бандаат рафта, бо он фалиштӣ ҷанг мекунад».
  3. Ва Шоул ба Довуд гуфт: «Ту наметавонӣ ба муқобили он фалиштӣ биравӣ, то ки бо вай ҷанг кунӣ, зеро ки ту ҷавон ҳастӣ, ва ҳол он ки вай аз  ҷавониаш марди ҷангӣ будааст».
  4. Ва Довуд   ба   Шоул   гуфт:   «Бандаат   рамаи падари худро мечаронид, ва ҳангоме ки шер ё хирсе омада, барраеро аз рама мерабуд,
  5. Ман аз ақиби он берун омада, онро мекуштам ва аз даҳонаш раҳо мекардам, ва агар он ба ман ҳуҷум меовард, ман мӯи жӯлидаашро дошта, онро мезадам ва мекуштам.
  6. Бандаат ҳам шер ва ҳам хирсро куштааст, ва ин фалиш-тии номахтун   мисли   яке  аз  онҳо   хоҳад   шуд,   зеро   ки лашкарҳои Худои Ҳайро таҳқир кардааст».
  7. Ва Довуд гуфт: «Худованд, ки маро аз чанголи шер ва аз  чанголи хирс  раҳоӣ  додааст, аз дасти ин фалиштӣ низ раҳоӣ хоҳад дод». Ва Шоул ба Довуд гуфт: «Бирав, ва Худованд бо ту бод».
  8. Ва Шоул либоси худро ба Довуд пӯшонид, ва хӯди мисин ба сари ӯ ниҳод, ва зиреҳ ба ӯ пӯшонид.
  9. Ва Довуд  шамшери варо аз болои либоси худ баст, ва хост каме роҳ равад, зеро ки одат накарда буд. Ва До-вуд ба Шоул гуфт: «Бо ин чизҳо наметавонам роҳ равамэ зеро ки одат накардаам».  Ва Довуд  онҳоро   аз  тани   худ кашид.
  10. Ва таёқашро ба  дасташ  гирифта,  ва  барои худ аз даруни ҷӯй панҷ санги силиқро хуш кард, ва онҳоро дар кӯлборе ки дошт,  яъне дар анбони худ гузошт, ва фалах-монаш дар дасташ буд; ва ба фалиштӣ наздик шудан гирифт.
  11. Ва фалиштӣ низ роҳ гашта, ба Довуд наздик мешуд, ва сипарбардораш пешопеши ӯ равона буд.
  12. Ва фалиштӣ назар андохта,  Довудро  дид,   ва  аз  ӯ нафрат кард, зеро ки ҷавони сурхрӯ буда, чеҳраи некӯ дошт.
  13. Ва фалиштӣ  ба  Довуд гуфт:   «Оё   ман  саг  ҳастам, ки бо таёқе назди ман меоӣ?» Ва фалиштӣ Довудро бо ху-доёни худ лаънат кард.
  14. Ва фалиштӣ ба Довуд гуфт: «Назди ман биё, то гӯшти баданатро ба мурғони ҳаво ва даррандагони саҳро бидиҳам».
  15. Ва Довуд ба фалиштӣ гуфт: «Ту бо шамшер ва найза ва мизроқ бар ман меоӣ, валекин ман бо исми Худованди лашкарҳо, Худои фавҷҳои Исроил, ки Ӯро таҳқир намудаӣ, бар ту меоям.
  16. Имрӯз Худованд туро ба дасти ман хоҳад супурд, ва ман туро  кушта, каллаатро аз танат ҷудо хоҳам кард, ва лошаҳои ӯрдуи фалиштиёнро имрӯз   ба   мурғони  ҳаво   ва даррандагони   замин   хоҳам дод, то тамоми аҳли замин би-донанд, ки дар Исроил Худо ҳаст.
  17. Ва тамоми ин ҷамоат хоҳанд донист, ки Худованд на бо шамшер ва найза наҷот медиҳад, балки ин ҷанги Худо-ванд аст, ва Ӯ шуморо ба дасти мо хоҳад супурд».
  18. Ва ҳангоме ки фалиштӣ бархост   ва   равона   шуда, ба   Довуд   наздик   омадан   гирифт, Довуд  шитоб намуда, сӯи лашкар ба пешвози  фалиштӣ давид.
  19. Ва Довуд дасташро ба   кӯлбор  бурд,  ва аз   он ҷо санге гирифта,  бо фалахмон   андохт,  ва ба пешонии   фа-лиштӣ зад;  ва  санг ба пешонии вай ғӯтида, вай рӯй бар замин фурӯ ғалтид.
  20. Ва Довуд, ки бо фалахмон ва санг мусаллаҳ буд, аз фалиштӣ зӯр баромад, ва фалиштиро зада кушт; ва дар дасти Довуд шамшер набуд.
  21. Ва Довуд давида, назди фалиштӣ биистод, ва шам-шери варо гирифта, аз ғилофаш кашид, ва ӯро кушта, кал-лаашро аз танаш ҷудо кард; ва фалиштиён мурдани паҳ-лавонашонро дида, рӯй ба гурез  оварданд.
  22. Ва мардони Исроил ва Яҳудо бархостанд, ва наъра зада, фалиштиёнро то даромадгоҳи дара ва то дарвозаи Эқрӯн дунболагирӣ карданд; ва шаҳидони фалиштиён дар  роҳи Шаароим  то  Ҷат  ва  Эқрӯн  фурӯ меғалтиданд.
  23. Ва банӣ-Исроил аз дунболагирии фалиштиён баргаш-танд, ва ӯрдугоҳи онҳоро тороҷ карданд.
  24. Ва Довуд   каллаи фалиштиро гирифта, ба Ерусалим овард, ва аслиҳаи варо дар хаймаи худ гузошт.
  25. Ва ҳангоме  ки Шоул Довудро дид, ки ба муқобили фалиштӣ берун меояд, ба сардори лашкараш Абнир гуфт: «Эй Абнир, ин ҷавон писари кист?»  Ва Абнир гуфт: «Эй подшоҳ,  ба ҳаёти ту қасам,  ки намедонам».
  26. Ва подшоҳ гуфт: «Пас ту бипурс, ки ин амрад писари кист».
  27. Ва чун   Довуд   баъд аз куштани фалиштӣ  баргашт, Абнир   ӯро   гирифта,   назди   Шоул овард, дар  сурате  ки каллаи  фалиштӣ дар  дасташ  буд.
  28. Ва Шоул ба ӯ гуфт: «Эй ҷавон, ту писари кистӣ?» Ва Довуд гуфт: «Писари бандаат Йисои байтлаҳмӣ ҳастам».

© IBT 1992