Еҳушаъ боби 7

Гуноҳи Охон ба сари тамоми қавм фалокат меоварад.

  1. ВАЛЕ банӣ-Исроил   дар ҳаққи  ғанимате   ки   ҳаром дониста шуда буд, хиёнат карданд; ва Охон ибни Кармӣ ибни Забдӣ  ибни  Зораҳ,  ки  аз  сибти Яҳудо буд, аз он ғанимати ҳаром гирифт, ва хашми Худованд бар банӣ-Исроил аланга зад.
  2. Ва Еҳушаъ аз Ерихӯ ба Ой, ки дар наздикии Байт-Овин, ба тарафи шарқии Байт-Ил воқеъ аст, одамонро фиристод, ва ба онҳо сухан ронда, гуфт: «Биравед ва он заминро ҷосусӣ кунед». Ва он одамон рафта, Ойро ҷосусӣ карданд.
  3. Ва назди Еҳушаъ баргашта, ба ӯ гуфтанд:  «Набояд тамоми қавм бароянд, балки  тақрибан ду ҳазор нафар,  ё тақрибан се ҳазор нафар бароянд, ва онҳо Ойро торумор хо-ҳанд кард; тамоми қавмро ба он ҷо бурда заҳмат надеҳ, зеро ки онҳо кам ҳастанд».
  4. Ва аз қавм ба он ҷо тақрибан се ҳазор нафар равона шуданд, ва аз пеши мардуми Ой рӯ ба гурез оварданд.
  5. Ва аз онҳо мардуми Ой тақрибан сиву шаш нафарро куштанд, ва аз пеши дарвоза то  Шеборим онҳоро таъқиб карданд, ва дар нишебӣ ба онҳо зарба расониданд; ва дили қавм гудохта гардида, об шуд.
  6. Ва Еҳушаъ либосҳояшро чок зад, ва пеши сандуқи Ху-дованд то шом рӯ ба замин афтод, — ӯ ва пирони Исроил, — ва хок бар сари худ пошиданд.
  7. Ва Еҳушаъ гуфт: «Ё Худоё Худовандо! Чаро ин қавмро аз Урдун убур кунондӣ, то ки моро ба дасти амӯриён супурда, ба ҳалокат бирасонӣ? Кошки мо азм намуда, дар он тарафи Урдун мемондем!
  8. Лутфан, эй  Худованд! Ман  чӣ  гӯям баъд аз он ки Исроил аз пеши душманони худ гурехта ақиб рафтаанд?
  9. Ва акнун канъониён ва ҳамаи сокинони ин замин инро шунида, дар гирди мо ҷамъ хоҳанд шуд ва номи моро аз за-мин маҳв хоҳанд намуд; ва ту ба исми бузурги Худ чӣ хоҳӣ кард?»
  10. Ва Худованд ба Еҳушаъ гуфт: «Бархез; чаро ту чунин бар рӯи худ афтодаӣ?
  11. Исроил гуноҳкор шуданд, ва ҳам аҳдеро, ки ба онҳо амр фармудаам,  поймол карданд, ва ҳам ғанимати ҳаромро гирифтанд, ва ҳам дуздиданд, ва ҳам пинҳон карданд, ва ҳам дар ашьёи худ гузоштанд.
  12. Ба ин сабаб Исроил наметавонанд пеши душманони худ истодагӣ намоянд, ва аз пеши душманони худ гурехта ақиб мераванд, зеро ки худро ҳаром гардониданд; агар шумо ғани-мати ҳаромро аз миёни худ нест накунед, Ман дигар бо шумо нахоҳам буд.
  13. Бархоста, қавмро тақдис намо ва бигӯй: «Барои тақ-диси фардо ҳозир шавед; зеро ки Худованд Худои Исроил чунин мегӯяд: ғанимати ҳаром дар миёни шумост, эй Исроил! То он ҳаромро аз миёни худ дур накунед, пеши душманони худ наметавонед истодагӣ намоед».
  14. Ва бомдодон шумо мувофиқи сибтҳои худ наздик оед; ва сибте ки Худованд бар он ишорат диҳад, бигзор мувофиқи қабилаҳои худ наздик ояд; ва қабилае ки Худованд бар он ишорат диҳад, бигзор  мувофиқи хонадонҳои   худ   наздик ояд; ва хонадоне ки Худованд бар он ишорат диҳад, бигзор ҳар марди он наздик ояд.
  15. Ва ҳар кас, ки ғанимати  ҳаром  назди вай барояд, бигзор худаш ва ҳар чизе ки дорад, ба оташ сӯзонида шавад, зеро ки вай аҳди Худовандро поймол карда, қабоҳате дар Исроил ба амал овардааст».
  16. Ва Еҳушаъ бомдодон бармаҳал   бархоста,  Исроилро мувофиқи сибтҳошон наздик овард, ва ишорат  бар  сибти Яҳудо афтод;
  17. Ва қабилаҳои Яҳудоро наздик овард, ишорат бар қа-билаи Зораҳ афтод; ва қабилаи Зораҳро мувофиқи мардҳои он наздик  овард,  ишорат  бар Забдӣ афтод;
  18. Ва хонадони ӯро мувофиқи мардҳои он наздик овард, ишорат бар Охон ибни Кармӣ ибни Забдӣ ибни Зораҳ, ки аз хонадони Яҳудо буд, афтод.
  19. Ва Еҳушаъ ба Охон гуфт: «Писарам, лутфан Худованд Худои Исроилро ҷалол деҳ, ва пеши Ӯ иқрор шав, ва ба ман маълум намо, ки чӣ кардӣ; аз ман пинҳон надор».
  20. Ва Охон ба  Еҳушаъ  ҷавоб  гардонида,   гуфт:   «Ман ҳақиқатан пеши Худованд Худои Исроил гуноҳ карда, чу-нин коре ба амал овардам:
  21. Вақте ки дар миёни ғанимат як ҷомаи зебои шинъорӣ, ва дусад сиқл нуқра, ва як сихи тиллоро, ки вазнаш панҷоҳ сиқл буд, дидам, онҳоро тамаъ намуда, гирифтам; ва инак, он андаруни хаймаи ман дар замин пинҳон карда шудааст, ва нуқра дар таги он мебошад».
  22. Ва Еҳушаъ қосидонро фиристод, ва онҳо сӯи он хай-ма давиданд; ва инак, он дар хаймаи ӯ пинҳон карда шуда буд, ва нуқра дар таги он буд.
  23. Ва онро аз даруни хайма гирифта, назди Еҳушаъ ва тамоми банӣ-Исроил оварданд, ва ба ҳузури Худованд гузош-танд.
  24. Ва Еҳушаъ, ва тамоми Исроил ҳамроҳи ӯ, Охон ибни Зораҳ ва нуқра ва ҷома ва сихи тилло, ва писаронаш ва духтаронаш, ва говонаш ва харонаш, ва бузу гӯсфандонаш ва хаймааш ва ҳар чиро, ки дошт, гирифтанд, ва онҳоро ба водии Охӯр бароварданд.
  25. Ва Еҳушаъ гуфт: «Чӣ фалокатест, ки ту ба сари мо овардӣ? Худованд имрӯз ба сари ту фалокат хоҳад овард». Ва тамоми Исроил ӯро сангсор карданд, ва онҳоро ба оташ сӯзонидан ва онҳоро сангборон карданд.
  26. Ва сангтӯдаи бузурге бар ӯ барпо карданд, ки он то имрӯз боқист, ва оташи хашми Худованд фурӯ нишаст. Бинобар ин номи он мавзеъ то имрӯз водии Охӯр хонда мешавад.

© IBT 1992