Еҳушаъ боби 12

Номгӯи подшоҳоне ки зердаст шуданд.

  1. ВА инҳоянд подшоҳони он замин,  ки  банӣ-Исроил торумор карда, заминашонро дар он тарафи Урдун ба самти тулӯи офтоб, аз водии Арнӯн то  кӯҳи Ҳермӯн ва тамоми саҳрои шарқӣ ба тасарруфи худ дароварданд:
  2. Сихӯн, подшоҳи   амӯриён,   ки   дар   Ҳешбӯн сокин буд, ва аз Арӯэр, ки дар канори водии Арнӯн аст, ва анда-руни водӣ ва нисфи Ҷилъод то водии Яббӯқ,  ки   дар сарҳади банӣ-Аммӯн аст,  салтанат меронд,
  3. Ва дар саҳро низ то баҳри Кинерӯт ба тарафи шарқ, ва то баҳри биёбон, яъне баҳри Намак, ба тарафи шарқ ба роҳи Байт-Ешимӯт, ва аз ҷануб — зери нишебиҳои Фисҷа,
  4. То сарҳади Ӯҷ, подшоҳи Бошон, ки вай аз бақияи рафоиён буда, дар Ашторӯт ва Эдрей сукунат дошт,
  5. Ва дар кӯҳи Ҳермӯн ва Салхо ва тамоми Бошон, то сарҳади ҷашуриён ва маъхогиён, ва дар   нисфи Ҷилъод, то сарҳади Сиҳӯн, подшоҳи Ҳешбӯн, салтанат меронд.
  6. Мусо, бандаи Худованд, ва банӣ-Исроил онҳоро зарба заданд; ва онро Мусо, бандаи Худованд, ба реубениён ва ҷодиён ва нисфи сибти Менашше ба моликият бахшид.
  7. Ва инҳоянд   подшоҳони   он  замин,  ки   Еҳушаъ  ва банӣ-Исроил онҳоро дар  он тарафи Ӯрдун ба самти ғарб, аз  Баал-Ҷод  дар  водии  Лубнон то кӯҳи Ҳолоқ,   ки сӯи Сеир баланд шуда меравад,  торумор карданд, ва Еҳушаъ онро ба сибтҳои Исроил мувофиқи тақсимоташон ба моликият бахшид, —
  8. Дар кӯҳистон ва пастӣ ва саҳро ва нишебиҳо ва биёбон ва дар ҷануб — ҳиттиён, амӯриён ва канъониён, фариззиён, ҳиввиён ва ябусиён:
  9. Як подшоҳи Ериҳӯ; як подшоҳи Ой, ки дар наздикии Байт-Ил аст;
  10. Як подшоҳи Ерусалим; як подшоҳи Ҳебрӯн;
  11. Як подшоҳи Ярмут; як подшоҳи Лохиш;
  12. Як подшоҳи Эҷлӯн; як подшоҳи Ҷозар;
  13. Як подшоҳи Дабир; як подшоҳи Ҷодар;
  14. Як подшоҳи Ҳормо; як подшоҳи Арод;
  15. Як подшоҳи Либно; як подшоҳи Адуллом;
  16. Як подшоҳи Мадқедо; як подшоҳи Байт-Ил;
  17. Як подшоҳи Тафуҳа; як подшоҳи Ҳефар;
  18. Як подшоҳи Афиқ; як подшоҳи Лашшорӯн;
  19. Як подшоҳи Модӯн; як подшоҳи Ҳосӯр;
  20. Як подшоҳи Шимрӯн-Марӯн; як подшоҳи Акшоф;
  21. Як подшоҳи Таънок; як подшоҳи Маҷиддӯ;
  22. Як подшоҳи Қодеш; як подшоҳи Ёқенъом дар Кармил;
  23. Як подшоҳи Дӯр дар Нофат-Дӯр; як подшоҳи ҷӯим дар Ҷилҷол;
  24. Як подшоҳи Тирсо; ҷамъи подшоҳон сию як нафар.

© IBT 1992