Ҳастӣ боби 23

Вафоти Соро ва дафни вай.

  1. ВА айёми зиндагонии Соро саду бисту ҳафт сол буд: ин аст солҳои умри Соро.
  2. Ва Соро дар Қирьяи Арбаъ, ки ҳамон Ҳебрӯн бошад, дар замини Канъон мурд, ва Иброҳим омад, то ки барои Соро навҳа ва гирья кунад.
  3. Ва Иброҳим аз пеши мурдаи худ бархост, ва ба фарзан-дони Ҳит сухан ронда, гуфт:
  4. «Ман пеши шумо ғарибу мусофир ҳастам: мақбарае дар байни худ ба моликияти ман бидиҳед, то ки мурдаи худро аз пешам дафн кунам».
  5. Ва фарзандони Ҳит ба Иброҳим ҷавоб дода, гуфтанд:
  6. «Эй оғои мо, сухани моро бишнав: ту дар миёни мо амири Худо ҳастӣ; дар беҳтарин мақбараи мо мурдаи худро дафн кун; ҳеҷ кадоме аз мо мақбараи худро аз ту барои дафни мурдаат дареғ нахоҳад дошт».
  7. Ва Иброҳим бархоста, ба мардуми он замин, яъне ба фарзандони Ҳит таъзим намуд,
  8. Ва ба онҳо сухан ронда, гуфт: «Агар шумо розӣ бошед, ки мурдаи худро аз пешам дафн кунам, сухани маро бишна-вед ва аз Афрӯн ибни Сӯҳар барои ман илтимос кунед,
  9. То мағораи Макфелоро, ки аз они ӯст ва дар канори саҳрои ӯ воқеъ аст, ба ман бидиҳад, ба қимати пурра барои мақбара дар миёни шумо ба моликияти ман бидиҳад».
  10. Ва Афрӯн дар миёни фарзандони Ҳит нишаста буд; ва Афрӯни ҳиттӣ дар самъи фарзандони Ҳит, дар пеши ҳамае ки ба дарвозаи шаҳри ӯ медаромаданд, ба Иброҳим ҷавоб дода, гуфт:
  11. «Не, оғои ман, сухани маро бишнав: ин саҳроро ба ту медиҳам ва мағораро, ки дар он воқеъ аст, ба ту медиҳам, дар пеши назари фарзандони қавми худ онро ба ту медиҳам, мурдаи худро дафн кун».
  12. Ва Иброҳим пеши мардуми он замин таъзим намуд,
  13. Ва дар самъи мардуми он замин ба Афрӯн сухан ронда, гуфт: «Агар ту ба гапам гӯш андозӣ, ман ба ту барои саҳро нуқра медиҳам: онро аз ман бигир, то ки мурдаи худро дар он ҷо дафн кунам».
  14. Ва Афрӯн ба Иброҳим ҷавоб дода, гуфт:
  15. «Эй оғои ман! Сухани маро бишнав: қимати замин чорсад сиқл* нуқра аст; ин дар миёни ману ту чист? Мурдаи худро дафн кун».
  16. Ва Иброҳим сухани Афрӯнро шунида, он маблағро, ки дар самъи фарзандони Ҳит гуфта буд, яъне чорсад сиқл нуқраи роиҷулмуомиларо ба Афрӯн баркашида дод.
  17. Ва саҳрои Афрӯн, ки дар назди Макфело, дар рӯ ба рӯи Мамре воқеъ аст, яъне саҳро ва мағораи он, бо ҳамаи дарахтоне ки дар он саҳро ва дар тамоми ҳудуди гирду пеши он буд,
  18. Ба моликияти Иброҳим мубаддал шуд дар пеши назари фарзандони Ҳит, яъне ҳамае ки ба дарвозаи шаҳри ӯ медаромаданд.
  19. Ва пас аз ин Иброҳим зани худ Сороро дар мағораи саҳрои Макфело, дар рӯ ба рӯи Мамре, ки ҳамон Ҳебрӯн бошад, дар замини Канъон дафн кард.
  20. Ва он саҳро бо мағорае ки дар он воқеъ аст, аз ҷониби фарзандони Ҳит ба моликияти Иброҳим барои мақбара мубаддал шуд.

*15. Сиқл — воҳиди пули қадимӣ, ки маънои «вазн»-ро низ дошт, ва қиматаш аз рӯи вазнаш муайян карда мешуд. Мувофиқи маълумоти қадимӣ, дертар, дар давлати яҳудиён, дар давраи подшоҳии Шимъӯни Макабӣ (асри 2 пеш аз ми-лод), вазни сиқли нуқра 14,55 грамм ва сиқли тилло 16,37 грамм буд.

© IBT 1992

Оставьте комментарий