Сеюм Подшоҳон боби 17

Хизмати Ильёси набӣ, Пешгӯӣ дар бораи хушксолӣ.

  1. ВА Ильёси тишбӣ, ки аз сокинони Ҷилъод буд, ба Аҳъоб гуфт: «Ба ҳаёти Худованд Худои Исроил, ки ба ҳузураш истодаам, қасам мехӯрам, ки дар ин солҳо шабнам ва борон нахоҳад борид, магар ки бар тибқи каломи ман».
  2. Ва каломи Худованд бар ӯ нозил шуда, гуфт:
  3. «Аз ин ҷо рафта, ба тарафи шарқ рӯй овар ва назди наҳри Карит, ки дар рӯ ба рӯи Урдун аст, пинҳон шав.
  4. Ва аз он наҳр ту хоҳӣ нӯшид; ва Ман ба зоғон амр фармудам, ки дар он ҷо ба ту ғизо оваранд».
  5. Ва ӯ рафта, бар тибқи каломи Худованд амал кард; ва рафта, назди наҳри Карит, ки дар рӯ ба рӯи Ӯрдун аст, сокин шуд.
  6. Ва зоғон барои ӯ нону гӯшт дар субҳ, ва нону гӯшт дар шом меоварданд, ва аз наҳр ӯ менӯшид.
  7. Ва бо мурури замон наҳр хушк шуд, зеро ки борон дар замин набуд.

Ильёс дар Сорефот.

  1. Ва каломи Худованд бар ӯ нозил шуда, гуфт:
  2. «Бархоста, ба Сорефот, ки назди Сидӯн аст,  бирав, ва дар он ҷо сукунат намо; инак, Ман ба бевазане дар он ҷо амр фармудам, ки ба ту ғизо диҳад».
  3. Ва ӯ бархоста, ба Сорефот рафт, ва ҳангоме ки ба дарвозаи шаҳр расид, инак, бевазан дар он ҷо чӯбпора мечид; ва ӯ варо даъват намуда, гуфт:  «Лутфан, андак об барои ман дар зарфе биёр, то ки бинӯшам».
  4. Вай барои овардани об рафт, вале ӯ варо даъват наму-да, гуфт: «Лутфан, як порча нон барои ман дар дасти худ биёр».
  5. Вай гуфт: «Қасам ба ҳаёти Худованд Худои ту, ки як кулча ҳам надорам, балки як мушт орд дар чалак ва андак равған дар кӯза ҳаст, ва инак, ман як-ду чӯбпора мечинам, ва рафта, онро барои худам ва писарам мепазам, ва мо онро мехӯрем ва мемирем».
  6. Ва Ильёс ба вай гуфт: «Натарс, бирав ва он чи гуф-тӣ, бикун;  аммо   аввал  кулчаи   хурде  аз  он  барои ман пухта, назди ман биёр, ва баъд барои худат ва писарат бипаз;
  7. Зеро ки Худованд Худои Исроил чунин мегӯяд: «Ча-лаки орд тамом нахоҳад шуд, ва кӯзаи равған кам нахоҳад монд, то рӯзе ки Худованд борон бар замин биборонад»».
  8. Вай рафта, бар тибқи гуфтаи Ильёс амал кард; ва вай, ва ӯ, ва аҳли хонаи вай чандин айём хӯрданд.
  9. Чалаки орд тамом нашуд, ва кӯзаи равған кам намонд, бар тибқи каломи Худованд, ки ба воситаи Ильёс гуфта буд.

Зинда шудани писари бевазан.

  1. Ва баъд аз ин ҳодисаҳо чунин воқеъ шуд, ки писари ин занаки соҳиби хона бемор шуд, ва бемориаш он қадар сахт буд, ки ӯро рамақе намонд.
  2. Вай ба Ильёс гуфт: «Туро бо ман чӣ кор аст, эй марди Худо? Ту назди ман омадаӣ, то ки гуноҳи моро хотиррасон намоӣ ва писарамро бикушӣ».
  3. Ва ӯ ба вай гуфт: «Писаратро ба ман бидеҳ». Ва ӯро аз оғӯши вай гирифта,  ба  болохонае ки дар  он сукунат дошт, баровард, ва ӯро бар бистари худ хобонид.
  4. Ва сӯи Худованд хонда, гуфт: «Эй Худованд Худои ман! Оё ба сари бевазане низ, ки ман назди вай сукунат дорам, офате оварда, писарашро мекушӣ?»
  5. Ва худро се карат бар писар ёзонид, ва сӯи   Худо-ванд хонда, гуфт: «Эй Худованд Худои ман! Лутфан, ҷони ин писар  андаруни ӯ баргардад!»
  6. Ва Худованд овози Ильёсро шунид, ва ҷони писар андаруни ӯ баргашт, ва ӯ зинда шуд.
  7. Ва Ильёс писарро гирифта, аз болохона ба хона фуро-вард, ва ӯро ба модараш супурд; ва Ильёс гуфт: «Бубин, писарат зинда аст».
  8. Ва ин зан ба Ильёс гуфт: «Акнун ман донистам, ки ту марди Худо ҳастӣ, ва каломи Худованд дар даҳони ту рост аст».

© IBT 1992