Дуюм Подшоҳон боби 12

Пушаймон шудани Довуд.

  1. ВА Худованд Нотонро назди Довуд фиристод, ва вай назди ӯ омада, ба ӯ гуфт: «Дар шаҳре ду мард буданд, яке сарватдор ва дигаре камбағал.
  2. Сарватдор гӯсфандон ва говони бағоят бисьёр дошт,
  3. Вале камбағал чизе ҷуз як меши майдаяк надошт, ки онро харида парварида буд, ва он назди ӯ бо якҷоягии бачагонаш калон мешуд: аз нони ӯ мехӯрд ва аз косаи ӯ менӯшид ва дар бағали ӯ мехобид, ва барои ӯ мисли духтар буд.
  4. Ва мусофире назди марди сарватдор омад, ва ӯ дареғ дошт, ки аз гӯсфандон ва говони худ гирифта, барои меҳмоне ки назди ӯ омадааст, хӯроке тайёр кунад, балки меши марди камбағалро гирифта, барои шахсе ки назди ӯ омада буд, хӯрок тайёр кард».
  5. Ва хашми Довуд бар он мард бағоят аланга зад, ва ӯ ба Нотон гуфт: «Қасам ба ҳаёти Худованд, ки марде ки чунин амал кардааст, сазовори қатл аст!
  6. Ва барои меш вай бояд чор баробар талофӣ диҳад: аз барои он ки чунин амал кардааст, ва аз барои он ки тараҳҳум нанамудааст».
  7. Ва Нотон ба Довуд гуфт: «Он мард ту ҳастӣ! Худо-ванд Худои Исроил чунин мегӯяд: «Ман туро ба подшоҳӣ бар Исроил тадҳин намудам, ва Ман туро аз дасти Шоул раҳоӣ додам;
  8. Ва хонаи оғоятро ба ту додам ва занони оғоятро ба оғӯши ту; ва хонадони Исроил ва Яҳудоро ба ту додам, ва агар ин кам бошад, ба ту боз ва боз илова менамудам.
  9. Пас чаро ту ба каломи Худованд беэътиноӣ намуда, он чиро, ки дар назари Ӯ бад аст, ба амал овардӣ? Уриёи ҳиттиро бо шамшер зарба зада, занашро барои худ ба занӣ гирифтӣ; ва ӯро бо шамшери банӣ-Аммӯн куштӣ.
  10. Ва алҳол шамшер аз хонадони ту то абад дур нахоҳад шуд, ба он сабаб ки ба Ман беэътиноӣ намудӣ, ва зани Уриёи ҳиттиро гирифтӣ, то ки зани ту бошад».
  11. Худованд чунин мегӯяд: «Инак, Ман аз хонаи худат ба сари ту бадӣ хоҳам овард, ва занони туро пеши назари ту гирифта, ба ёри ту хоҳам дод, ва ӯ пеши назари ин офтоб бо занони ту хоҳад хобид.
  12. Дар сурате ки ту ин корро пинҳонӣ кардаӣ, Ман ин корро пеши назари тамоми Исроил ва пеши назари офтоб ба ҷо хоҳам овард»».
  13. Ва Довуд ба Нотон гуфт: «Ман пеши Худованд гуноҳ кардаам». Ва Нотон ба Довуд гуфт: «Худованд низ аз гуно-ҳат гузароӣ кардааст; ту нахоҳӣ мурд.
  14. Аммо азбаски ту бо ин кор сабаби куфр гуфтани душманони Худованд гардидаӣ, он писар низ, ки барои ту та-валлуд ёфтааст, албатта хоҳад мурд».
  15. Ва Нотон ба хонаи худ рафт. Ва Худованд бачаеро, ки зани Уриё барои Довуд зоида буд, гирифтори беморӣ кард, ва бемории вай сахт буд.
  16. Ва Довуд аз Худо барои кӯдак илтимос намуд; ва Довуд рӯза дошт, ва омада, бар рӯи замин хобида шабро мегузаронид.
  17. Ва пирони хонааш назди ӯ омада, саъю кӯшиш мекар-данд, ки ӯро аз замин бархезонанд, вале ӯ розӣ намешуд, ва ҳамроҳи онҳо нон намехӯрд.
  18. Ва дар рӯзи ҳафтум бача мурд; ва навкарони Довуд тарсиданд, ки мурдани бачаро ба ӯ хабар диҳанд, зеро ки ба ҳамдигар мегуфтанд: «Инак, вақте ки бача зинда буд, мо ба ӯ сухан рондем, ва ӯ ба овози мо гӯш надод; пас, чӣ гуна ба ӯ бигӯем, ки бача мурдааст? Шояд, ӯ кори баде бо худ бикунад».
  19. Ва Довуд дид, ки навкаронаш ба якдигар пичиррос мезананд, ва Довуд фаҳмид, ки бача мурдааст; ва Довуд ба навкаронаш гуфт: «Оё бача мурдааст?» Гуфтанд: «Мурдааст».
  20. Ва Довуд аз замин бархоста, худро шустушӯ ва тадҳин намуд, ва либосашро  иваз  кард,  ва  ба хонаи Худованд рафта, ибодат намуд, ва ба хонаи худ омада, хӯрок пурсид, ва пеши ӯ нон монданд, ва ӯ хӯрд.
  21. Ва навкаронаш ба ӯ гуфтанд: «Ин чӣ кор аст, ки кардӣ: вақте ки бача зинда буд, рӯза дошта гирья кардӣ, ва чун бача мурд, бархоста нон хӯрдӣ?»
  22. Ва ӯ гуфт: «То даме ки бача зинда буд, ман рӯза дошта гирья кардам, зеро ки ба дили худ гуфтам: «Шояд, Худованд ба ман марҳамат намояд, ва бача зинда монад».
  23. Ва алҳол вай мурдааст, пас чаро ман рӯза дорам? Оё ман метавонам варо баргардонам? Ман назди вай хоҳам рафт, вале вай назди ман нахоҳад баргашт».

Таваллуд ёфтани Сулаймон.

  1. Ва Довуд зани худ Батшобаъро тасаллӣ дод, ва назди вай даромада, бо вай хобид, ва вай писаре зоид, ва ӯро Сулаймон ном ниҳод, ва Худованд ӯро дӯст дошт.
  2. Ва ба воситаи Нотони набӣ хабар фиристод, ва вай ӯро ба хотири Худованд Едидьё* ном ниҳод.

Довуд ва Юоб Раббаро ишғол мекунанд.

  1. Ва Юоб бо Раббаи банӣ-Аммӯн ҷанг карда,  шаҳри подшоҳнишинро гирифт.
  2. Ва Юоб қосидонро назди  Довуд   фиристода,   гуфт: «Бо Рабба ҷанг карда, обанбори шаҳрро низ гирифтам.
  3. Ва алҳол бақияи қавмро ҷамъ  намо, ва бар   зидди шаҳр ӯрду зада, онро бигир; мабодо ман шаҳрро бигирам, ва он ба номи ман хонда шавад».
  4. Ва Довуд тамоми қавмро   ҷамъ   намуда,  сӯи   Рабба рафт, ва бо он ҷанг карда, онро гирифт.
  5. Ва тоҷи подшоҳи онҳоро аз сараш гирифт, ки вазнаш як киккар* буд ва санги гаронбаҳое дошт, ва онро бар сари Довуд гузоштанд; ва у ғанимати бағоят зиёде аз шаҳр берун овард.
  6. Ва қавмеро, ки дар он буданд, берун овард, ва онҳоро зери арраҳо ва ғаллакӯбакҳои оҳанин ва табарҳои оҳанин гузошт, ва онҳоро ба корҳои хумдони хиштпазӣ баргумошт; ва бо ҳамаи шаҳрҳои банӣ-Аммӯн чунин амал кард; ва До-вуд ва тамоми қавм ба Ерусалим баргаштанд.

*25. Маҳбуби Худованд.

*30. Киккар — воҳиди андозаи пул, ё вазни он,  ки ба 3000 сиқл (ё ба як талант) баробар буд.

© IBT 1992