Дуюм Подшоҳон боби 10

Ҷанг бо арамиён ва банӣАммӯн.

  1. ВА баъд аз он чунин воқеъ шуд, ки подшоҳи банӣ-Аммӯн мурд, ва писараш Ҳонун ба ҷои вай подшоҳ шуд.
  2. Ва Довуд гуфт: «Ба Ҳонун ибни Ноҳош эҳсон хоҳам намуд, чунки падари вай ба ман эҳсон карда буд». Ва Довуд фиристод, то ки ба воситаи навкарони худ ба вай дар бораи падараш таъзия баён намояд; ва навкарони Довуд ба замини банӣ-Аммӯн омаданд.
  3. Ва сарварони банӣ-Аммӯн ба оғои худ Ҳонун гуфтанд: «Оё ба гумони ту Довуд падаратро эҳтиром менамуд, ки навкаронашро барои баён кардани таъзия назди ту фиристодааст? Довуд, охир, онҳоро барои он фиристодааст, ки шаҳрро тафтиш ва ҷосусӣ намуда, баъд онро валангор кунад».
  4. Ва Ҳонун бандагони Довудро гирифта, нисфи ришашонро тарошид, ва либосҳошонро то нисфаш, яъне аз поён то суринашон бурида партофт, ва онҳоро фиристод.
  5. Ва инро ба Довуд хабар доданд, ва ӯ ба пешвози онҳо фиристод, зеро ки ин одамон бағоят хиҷил буданд; ва под-шоҳ гуфт: «Дар Ериҳӯ бимонед, то вақте ки ришҳотон ка-лон шавад, ва баъд аз он хоҳед баргашт».
  6. Ва банӣ-Аммӯн диданд, ки дар назари Довуд нафра-тангез гардиданд; ва банӣ-Аммӯн фиристода, аз арамиёни Байт-Раҳӯб ва аз арамиёни Сӯбо бист ҳазор пиёда, ва под-шоҳи Маъкоро бо ҳазор нафар, ва аз мардони Туб дувоз-даҳ ҳазор нафар киро карданд.
  7. Ва Довуд инро шунида, Юоб ва тамоми лашкари дале-ронро фиристод.
  8. Ва банӣ-Аммӯн берун омада, дар даҳани дарвоза ба-рои ҷанг саф кашиданд; ва  арамиёни   Сӯбо ва Раҳӯб ва мардони Туб ва Маъко дар саҳро алоҳида мавқеъ гирифтанд.
  9. Ва Юоб дид, ки ба муқобили ӯ ҳам аз пеш ва ҳам аз ақиб барои ҷанг омода шудаанд; ва ӯ аз ҳамаи гузинони Исроил фавҷе   интихоб   намуда,   бар   зидди  арамиён саф кашид.
  10. Ва бақияи қавмро ба дасти бародараш Абишой супурд, то ки бар зидди банӣ-Аммӯн саф кашад.
  11. Ва гуфт: «Агар арамиён аз ман зӯр бароянд, ба ма-дади ман биё, ва агар банӣ-Аммӯн аз ту зӯр бароянд, ман ба мадади ту хоҳам омад.
  12. Далер бош, ва мо барои қавми худ ва барои шаҳрҳои Худои худ далерона хоҳем ҷангид, ва Худованд он чиро, ки дар назараш писанд ояд, ба амал хоҳад овард».
  13. Ва Юоб ва қавме ки бо ӯ буданд, ба ҷанги зидди арамиён шурӯъ карданд; ва онҳо аз пеши ӯ рӯ ба гурез оварданд.
  14. Чун банӣ-Аммӯн диданд, ки арамиён рӯ ба гурез овар-данд, онҳо низ аз пеши Абишой гурехта,   ба шаҳр дохил шуданд; ва Юоб аз ҷанги зидди банӣ-Аммӯн баргашта, ба Ерусалим омад.
  15. Ва чун арамиён диданд, ки пеши Исроил мағлуб гардиданд, якҷоя ҷамъ шуданд.
  16. Ва Ҳададозар фиристода, арамиёнеро, ки дар он тарафи наҳр буданд, берун овард, ва онҳо ба Ҳелом омаданд; ва Шубак, сарлашкари Ҳададозар пешопеши онҳо мерафт.
  17. Ва ба Довуд хабари ин расид, ва ӯ тамоми Исроилро ҷамъ кард, ва аз Урдун убур намуда, ба Ҳелом омад; ва арамиён ба муқобили Довуд саф кашида, бо ӯ ҷанг карданд.
  18. Ва арамиён аз пеши Исроил рӯ ба гурез оварданд; ва Довуд аз арамиён аспони ҳафтсад ароба  ва чил ҳазор са-вораро кушт, ва сарлашкари онҳо Шубакро зарба зад, ки вай дар он ҷо мурд.
  19. Ва чун ҳамаи подшоҳони зердасти Ҳададозар диданд, ки пеши Исроил мағлуб гардиданд, бо исроилиён сулҳ баста, ба онҳо тобеъ шуданд; ва арамиён минбаъд аз дастгирӣ кардани банӣ-Аммӯн тарсиданд.

© IBT 1992