Якум Подшоҳон боби 28

Довуд дар миёни душманони Исроил.

  1. ВА дар он айём чунин  воқеъ  шуд,  ки  фалиштиён сарбозони худро дар лашкаргоҳҳо ҷамъ оварданд, то ки бо Исроил ҷанг кунанд. Ва Окиш ба Довуд гуфт: «Яқинан бидон, ки ту ва одамонат ҳамроҳи ман баромада, ба лашкаргоҳ хоҳӣ омад».
  2. Ва Довуд ба Окиш гуфт: «Ин тавр бошад, ту хоҳӣ донист, ки бандаат  чӣ хоҳад  кард».   Ва  Окиш  ба Довуд гуфт: «Пас, ман туро ба таври доимӣ посбони сари худ таъин хоҳам намуд».
  3. Ва Самуил вафот ёфт, ва тамоми  Исроил  барои   ӯ навҳагарӣ карданд, ва ӯро дар шаҳраш Ромо дафн намуданд. Ва Шоул ҷодугарон ва азоимхононро аз мамлакат бадар ронд.
  4. Ва фалиштиён ҷамъ шуда омаданд ва дар Шунам ӯрду заданд. Ва Шоул тамоми Исроилро ҷамъ кард, ва онҳо дар Ҷилбӯа ӯрду заданд.
  5. Ва ҳангоме ки Шоул лашкаргоҳи фалиштиёнро дид, ба ҳарос афтод, ва дилаш музтариб гардид.
  6. Ва Шоул аз Худованд пурсид, вале Худованд ба ӯ ҷавоб нагардонд, — на ба воситаи хобҳо, на  ба воситаи урим ва на ба воситаи анбиё.
  7. Ва Шоул ба навкаронаш гуфт: «Барои ман занаки ҷодугареро ҷустуҷӯ кунед, то наздаш рафта, аз вай пурсам». Ва навкаронаш ба ӯ гуфтанд: «Инак, занаки ҷодугар дар Эйн-Дӯр мебошад».
  8. Ва Шоул намуди зоҳирии худро дигаргун сохта, либоси дигаре дар бар кард, ва ду нафарро аз одамонаш ҳамроҳи худ гирифта, равона  шуд,  ва шабона  онҳо  назди   занак омаданд. Ва ӯ гуфт:  «Лутфан, ба воситаи ҷоду барои ман фол бикшо, ва касеро, ки ба ту бигӯям, аз бароям барор».
  9. Вале занак ба ӯ гуфт: «Инак, он чиро,  ки Шоул кардааст, ту медонӣ, ки ӯ ҷодугарон ва азоимхононро   аз мамлакат барҳам додааст; пас чаро ту ба муқобили ҷони ман дом мегузорӣ, то ки маро ба ҳалокат бирасонӣ?»
  10. Ва Шоул барои вай ба Худованд қасам хӯрда, гуфт: «Қасам ба ҳаёти Худованд, ки ту барои ин кор ҷазое нахоҳӣ кашид».
  11. Ва занак гуфт: «Киро  бароят  барорам?» Ва ӯ гуфт: «Самуилро бароям барор».
  12. Ва занак Самуилро дид, ва бо овози баланд дод зад; ва занак ба Шоул сухан ронда, гуфт: «Чаро маро фиреб додӣ? Ту, охир, Шоул ҳастӣ!»
  13. Ва подшоҳ ба вай гуфт: «Натарс; чӣ дидӣ?» Ва занак ба Шоул гуфт: «Худоеро дидам, ки аз замин мебарояд».
  14. Ва ӯ ба вай гуфт: «Намуди зоҳириаш чӣ гуна аст?» Ва вай гуфт: «Марди пире мебарояд, ва ӯ ҷомае дар бар кар-дааст». Ва Шоул донист, ки ин Самуил аст, ва рӯ ба замин афтода, саҷда бурд.
  15. Ва Самуил ба Шоул гуфт: «Чаро маро безобита намуда, баровардӣ?» Ва Шоул гуфт: «Ман бағоят ба танг омадаам, чунки фалиштиён бо ман ҷанг мекунанд, ва Худо аз ман дур   шудааст,  ва дигар ба ман на ба воситаи анбиё ҷавоб медиҳад, на ба воситаи хобҳо; бинобар ин туро хондам, то маро ҳидоят намоӣ, ки чӣ бояд бикунам».
  16. Ва Самуил гуфт: «Чаро аз ман мепурсӣ, дар сурате ки Худованд аз ту дур шуда, ба душмани ту табдил ёфтааст?
  17. Ва Худованд   Худаш  тавре  амал   намудааст,   ки ба воситаи ман гуфта буд; ва Худованд мамлакатро аз дасти ту кашида гирифта, ба ёри ту Довуд онро додааст.
  18. Азбаски ту ба овози Худованд гӯш надодӣ, ва оташи ғазаби Ӯро бар Амолеқ фурӯ нарехтӣ, бинобар ин Худованд имрӯз ин корро дар ҳаққи ту кардааст.
  19. Ва Худованд Исроилро низ бо ту ба дасти фалиштиён хоҳад супурд, ва фардо ту ва писаронат назди ман хоҳед буд; ӯрдугоҳи Исроилро низ Худованд ба дасти фалиштиён хоҳад супурд».
  20. Ва Шоул дарҳол бо тамоми қоматаш бар замин афтод, ва аз суханони Самуил бағоят тарсид; дар айни ҳол ӯ маҷол ҳам надошт, зеро ки тамоми рӯз ва тамоми шаб хӯрок на-хӯрда буд.
  21. Ва он занак наздики Шоул омада, дид, ки ӯ бағоят ба ҳарос афтодааст, ва ба ӯ гуфт: «Инак, чӯрии ту ба овозат гӯш дод, ва ман ҷони худро ба кафи даст гирифта, ба суха-ноне ки ба ман гуфтӣ, итоат кардам.
  22. Ва алҳол, лутфан, ту низ ба овози чӯрии худ гӯш деҳ: ман як  порча  нон  пеши ту бимонам,  то ки  бихӯрӣ,  ва қувват пайдо карда,  ба роҳи худ биравӣ».
  23. Вале ӯ рад намуда, гуфт: «Намехӯрам!» Валекин нав-каронаш ва он занак аз ӯ бисьёр илтимос карданд, ва ӯ ба овози онҳо гӯш дода, розӣ шуд, ва аз замин бархоста, бар кӯрпача нишаст.
  24. Ва он занак гӯсолаи охурӣ дар хона дошт, ва бо зудӣ онро забҳ намуд; ва орд гирифта, хамир кард ва фатир пухт.
  25. Ва пеши Шоул ва навкаронаш монд; ва онҳо хӯрданд ва баъд бархоста, ҳамон шаб рафтанд.

© IBT 1992