Ҳастӣ боби 17

Худо – Худованди Қодир (ЭлШаддай).

  1. Вақте ки Абром наваду нӯҳсола буд, Худованд бар Абром зоҳир гардида, гуфт: «Ман Худои Қодирам; пеши Ман роҳ рав ва покдоман бош;
  2. Ва аҳди Худро дар миёни Худам ва ту барқарор мекунам, ва туро хеле ва хеле афзун мегардонам».
  3. Ва Абром бар рӯи худ афтод, ва Худо суханашро ба ӯ давом дода, гуфт:

Ба Абром номи Иброҳим дода шуд.

  1. «Ман – инак аҳди Ман бо ту: ту падари халқҳои бисёр хоҳӣ буд.
  2. Ва номи ту минъбад Абром хонда нашавад; балки номи ту Иброҳим хоҳад буд; зеро ки туро падари халқҳои бисёр мегардонам.

Аҳд бо Иброҳим тасдиқ карда ва абадӣ гардонида шуд.

  1. Ва туро хеле ва хеле борвар месозам, ва аз ту халқҳо ба вуҷуд меоварам, ва подшоҳон аз ту ба вуҷуд меоянд.
  2. Ва аҳди Худро дар миёни Худам ва ту, ва насли ту баъд аз ту, барқарор мекунам, ки дар ҳамаи наслҳои онҳо аҳди ҷовидонӣ бошад, то ки туро, ва баъд аз ту насли туро Худо бошам.
  3. Ва замини мусофирати туро, тамоми замини Канъонро ба ту, ва баъд аз ту ба насли ту ба тасарруфи абадӣ медиҳам; ва Худои онҳо хоҳам буд».

Хатна – аломати аҳди Худо бо Иброҳим.

  1. Ва Худо ба Иброҳим гуфт: «Вале ту аҳди Маро риоя кун, ту, ва баъд аз ту насли ту, дар ҳамаи наслҳои онҳо.
  2. Ин аст аҳди Ман, ки риоя хоҳед кард дар миёни Ман ва шумо ва насли ту баъд аз ту: ҳар наринаи шумо хатна карда шавад.
  3. Ва ғилофаки худро хатна кунед, то аломати аҳде бошад, ки дар миёни Ман ва шумост.
  4. Ва дар ҳаштрӯзагӣ ҳар наринаи шумо дар ҳамаи наслҳои шумо хатна карда шавад, хоҳ хоназод бошад, хоҳ зархарид аз ҳар аҷнабие ки аз насли ту нест.
  5. Ҳар хоназоди ту ва ҳар зархариди ту ҳатман хатна карда шавад, то ки аҳди Ман дар ҷисми шумо аҳди ҷовидонӣ бошад.
  6. Вале наринаи номахтун, ки ғилофаки худро хатна накарда бошад, он кас аз байни халқи худ маҳв гардад; вай аҳди Маро поймол кардааст».

Ваъда дар бораи Исҳоқ. Сорай Соро номида шуд.

  1. Ва Худо ба Иброҳим гуфт: «Зани худ Сорайро Сорай нахон; балки номаш Соро бошад.
  2. Ман варо баракат хоҳам дод, ва писаре низ аз вай ба ту хоҳам бахшид ; варо баракат хоҳам дод, ва халқҳо аз вай ба вуҷуд оянд, ва подшоҳони халқҳо аз вай пайдо шаванд».
  3. Ва Иброҳим бар рӯи худ афтода, хандид ва дар дили худ гуфт: «Наход ки аз марди садсола бача шавад, ва Соро дар навадсолагӣ бизояд?»
  4. Ва Иброҳим ба Худо гуфт: «Кошки Исмоил пеши Ту зиндагӣ кунад!»
  5. Худо гуфт: «Валекин занат Соро ба ту писаре хоҳад зоид, ва ӯро Исҳоқ ном ҳоҳӣ ниҳод; ва аҳди Худро бо ӯ барқарор хоҳам кард, то ки бо насли ӯ баъд аз ӯ аҳди ҷови-донӣ бошад.

Исмоил падари халқи сершумор.

  1. Дар ҳаққи Исмоил ҳам туро шунидам: инак, ӯро бара-кат медиҳам, борвар мегардонам, хеле ва хеле афзун месо-зам; дувоздаҳ амирон аз ӯ пайдо шаванд; ва аз ӯ халқи бу-зурге ба вуҷуд меоварам.
  2. Вале аҳди Худро бо Исҳоқ барқарор хоҳам кард, ки Соро ӯро соли дигар дар ҳамин вақт ба ту хоҳад зоид».
  3. Ва Худо сухан гуфтанро бо ӯ бас карда, аз пеши Ибро-ҳим сууд намуд.
  4. Ва Иброҳим писари худ Исмоил ва ҳамаи хоназодон ва зархаридони худро, яъне ҳар наринаи аҳли байти Иброҳимро гирифта, ғилофаки онҳоро дар ҳамон рӯз хатна кард, чунон ки Худо ба ӯ гуфта буд.
  5. Ва Иброҳим наваду нӯҳсола буд, вақте ки ғилофаки ӯ хатна шуд.
  6. Ва писараш Исмоил сездаҳсола буд, вақте ки ғилофа-каш хатна шуд.
  7. Дар ҳамон рӯз Иброҳим ва писараш Исмоил хатна шуданд.
  8. Ва ҳамаи наринаҳои аҳли байти ӯ, хоҳ хоназодон, хоҳ зархаридони аҷнабӣ, бо ӯ хатна шуданд.

© IBT 1992

Оставьте комментарий