Дуюм Вақоеънома боби 28

Подшоҳии Оҳоз.

  1. ДАР вақти подшоҳ шуданаш Оҳоз бистсола буд, ва шонздаҳ сол дар Ерусалим подшоҳӣ кард; вале он чи дар назари Худованд мақбул буд, мисли падараш Довуд ба амал наовард,
  2. Балки бо роҳҳои подшоҳони Исроил рафтор намуд; ва ҳатто ҳайкалҳои рехта барои Баалҳо сохт;
  3. Ва ӯ дар дараи Бен-Ҳиннӯм бухур сӯзонид, ва пи-сарони худро аз оташ гузаронид, мувофиқи одатҳои зишти халқҳое ки Худованд онҳоро аз пеши  банӣ-Исроил  бадар ронда буд;
  4. Ва бар баландиҳо ва талҳо ва зери ҳар дарахти сабз қурбонӣ мекард ва бухур месӯзонид.

Ҷанги бемуваффақияти Оҳоз бо Фақаҳ.

  1. Ва Худованд Худояш  ӯро ба дасти  подшоҳи  Арам супурд; ва онҳо ӯро зарба заданд, ва асирони зиёдеро аз ӯ гирифта,   ба   Димишқ   бурданд.   Ва   ӯ   ба дасти подшоҳи Исроил низ супурда шуд, ва вай ба ӯ зарбаи бузурге расо-нид.
  2. Ва Фақаҳ ибни Рамальёҳу дар Яҳудо саду бист ҳазор нафарро, ки ҳамаашон мардони ҷангӣ буданд,  дар  як  рӯз кушт, чунки  онҳо  Худованд  Худои  падарони худро тарк карда буданд.
  3. Ва Зикрӣ, ки паҳлавони Эфроим буд, Маасиёҳу пи-сари подшоҳ ва Азриқом раиси хона ва Элқоноро, ки шахси дуюм баъд аз подшоҳ буд, кушт.
  4. Ва банӣ-Исроил аз бародарони худ дусад ҳазор занон, писарон ва духтаронро ба асирӣ гирифтанд, ва низ ғанимати зиёде аз онҳо тороҷ карданд, ва он ғаниматро ба Сомария оварданд.
  5. Ва дар он ҷо набии Худованд буд, ки Ӯдид ном дошт; ва ӯ ба истиқболи лашкаре ки ба Сомария меомаданд, баро-мада, ба онҳо гуфт: «Инак, чун Худованд Худои падаронатон бар Яҳудо дарғазаб шуд, онҳоро ба дасти шумо супурд, ва шумо онҳоро бо хашме ки шиддаташ  ба осмон  расидааст, куштед.
  6. Ва алҳол шумо мехоҳед, ки писарони Яҳудо ва Еруса-лимро ба ғуломон ва канизони худ табдил диҳед? Бо ин, охир, шумо худро   пеши   Худованд   Худои  худ  гуноҳкор месозед!
  7. Ва алҳол ба ман гӯш дода, асиронеро, ки аз барода-рони худ  гирифтаед,   баргардонед,   зеро  ки оташи ғазаби Худованд бар шумост».
  8. Ва баъзе касон аз сардорони банӣ-Эфроим, чунончи: Азарьёҳу ибни Еҳӯҳонон, ва Барахьёҳу ибни Машиллимӯт, ва Еҳизқиёҳу ибни Шаллум,   ва Амосо   ибни   Ҳадлой ба истиқболи лашкариёне ки аз ҷанг бармегаштанд,  бархоста,
  9. Ба онҳо гуфтанд: «Асиронро ба ин ҷо набиёред, зеро ки ин амал бар мо гуноҳе пеши Худованд хоҳад шуд, ва шумо мехоҳед гуноҳҳо ва маъсиятҳои моро афзун гардонед, чунки гуноҳи мо азим аст, ва оташи ғазаб бар Исроил хоҳад буд».
  10. Ва фавҷи пешоҳанг асирон ва ғаниматро пеши сарварон ва тамоми ҷамоат вогузоштанд.
  11. Ва мардоне ки номашон зикр ёфт, бархоста, асиронро дастгирӣ карданд, ва ҳамаи бараҳнагони онҳоро аз ғанимат пӯшониданд, — яъне онҳоро сару либос ва пойафзол пӯшо-ниданд, ва хӯрониданд, ва нӯшониданд, ва равған молиданд, ва ҳамаи камқувватонро ба харҳо савор карда, ба Ериҳӯ, ки шаҳри нахлҳост, назди бародаронашон бурданд, ва худашон ба Сомария баргаштанд.

Адумиён   ва   фалиштиён   ба   Яхудо   хуҷум   мекунанд.

  1. Дар он замон подшоҳ Оҳоз назди подшоҳони Ашшур фиристод, то ки ба ӯ мадад расонанд.
  2. Ва боз адӯмиён омада, Яҳудоро  зарба  заданд,  ва ба асирӣ гирифтанд.
  3. Ва фалиштиён ба шаҳрҳои пастӣ ва ҷануби Яҳудо зада даромада, Байт-Шемеш, ва Аёлӯн, ва Ҷадирӯт, ва  Сӯкӯро бо деҳоташ, ва Тимноро бо деҳоташ,   ва Ҷимзӯро бо деҳо-таш забт карданд, ва дар он ҷо сокин шуданд.
  4. Зеро ки Худованд Яҳудоро аз боиси Оҳоз, подшоҳи Исроил, поймол гардонид, чунки ӯ Яҳудоро ба фисқу фуҷур гирифтор кард ва ба Худованд бисьёр хиёнат намуд.
  5. Ва Тиҷлат Филосар, подшоҳи Ашшур, назди ӯ омад, валекин ӯро ба танг овард ва мададе ба ӯ нарасонид.
  6. Агарчи Оҳоз ганҷҳои хонаи Худованд, ва хонаи под-шоҳ ва сарваронро гирифта ба подшоҳи Ашшур дод, вай ба ӯ мадад накард.
  7. Ва бо вуҷуди тангии аҳволи худ, ӯ, подшоҳ Оҳоз, ба Худованд хиёнат кардан гирифт.
  8. Ва барои худоёни Димишқ, ки ӯро зарба зада буданд, қурбониҳо тақдим намуда, гуфт: «Азбаски худоёни подшо-ҳони Арам ба онҳо мадад мерасонанд,  бинобар ин ман ҳам барои онҳо қурбонӣ мекунам, ва онҳо ба ман мадад хоҳанд кард». Валекин онҳо боиси мағлубияти ӯ ва тамоми Исроил гардиданд.
  9. Ва Оҳоз колои хонаи Худоро ҷамъ кард,   ва колои хонаи Худоро пора-пора кард, ва дарҳои хонаи Худовандро баст, ва дар ҳар  гӯшаи  Ерусалим  қурбонгоҳҳо  барои  худ сохт.
  10. Ва дар ҳамаи шаҳрҳои Яҳудо баландиҳо сохт, то ки барои худоёни бегона бухур сӯзонад, ва бо ин рафтораш Худованд Худои падарони худро хашмгин кард.

Фавти   Оҳоз,   бар   тахт   нишастани   Ҳизқиё.

  1. Ва бақияи аъмоли ӯ, ва ҳамаи роҳҳои ӯ, аз аввал то охир, дар   китоби  подшоҳони  Яҳудо ва Исроил навишта шудааст.
  2. Ва Оҳоз бо падарони худ хобид, ва ӯро дар шаҳр, дар Ерусалим дафн карданд, валекин ӯро ба мақбараи под-шоҳони Исроил наоварданд; ва писараш  Ҳизқиё ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.

© IBT 1992