Такрори Шариат боби 7

Манъ кардани дӯстӣ бо бутпарастон.

  1. «ҲАНГОМЕ ки Худованд Худоят туро ба замине ки барои тасарруф кардани он ба он ҷо меравӣ, дароварад, ва халқҳои бисьёрро, яъне ҳиттиён, ва ҷирҷошиён, ва амӯриён, ва канъониён, ва фариззиён, ва ҳиввиён, ва ябусиёнро, ки ҳафт халқи аз ту сершумортар ва пурзӯртаранд, аз пеши ту бадар ронад,
  2. Ва онҳоро Худованд Худоят ба дасти ту бисупорад, ва ту онҳоро зарба занӣ, — он гоҳ онҳоро тамоман торумор намо, бо онҳо аҳд набанд, ва ба онҳо раҳм накун,
  3. Ва бо онҳо қудову анда нашав: духтаратро ба писари онҳо надеҳ, ва духтари онҳоро барои писарат нагир;
  4. Зеро ки онҳо писаратро аз Ман дур хоҳанд кард, то ки худоёни дигарро ибодат намояд, — ва он гоҳ ғазаби Худованд бар шумо аланга зада, шуморо ба зудӣ маҳв хоҳад кард;
  5. Балки ба онҳо чунин амал намо: қурбонгоҳҳои онҳоро хароб кунед, ва сутунҳои онҳоро бишканед, ва Ашераҳои он-ҳоро бурида партоед, ва санамҳои онҳоро дар оташ бисӯзонед;
  6. Зеро ки ту барои Худованд Худои худ қавми муқаддас ҳастӣ; Худованд Худоят туро баргузидааст, то аз миёни ҳамаи қавмҳое ки дар рӯи замин ҳастанд, қавми хуҷистае барои Ӯ бошӣ.
  7. На аз он сабаб Худованд ба шумо  дил   бастааст   ва шуморо баргузидааст, ки шумо аз ҳамаи қавмҳо сершумортар бошед, — зеро   ки  шумо  аз ҳамаи  қавмҳо  камшумортар будед, —
  8. Балки аз он сабаб ки Худованд шуморо дӯст медошт, ва аз он сабаб ки мехост қасамеро, ки ба падарони шумо хӯрда буд, риоя намояд, Худованд шуморо бо дасти қавӣ берун овард, ва туро аз хонаи ғуломӣ,  аз  дасти  фиръавн, подшоҳи  Миср,  раҳо  кард.
  9. Пас бидон, ки Худованд Худои ту  Худост,   Худои амин аст, ки аҳд ва марҳамати Худро ба онҳое ки Ӯро дӯст медоранд ва аҳкомашро риоя менамоянд, то ҳазор насл нигоҳ медорад,
  10. Ва онҳоеро, ки ба Ӯ адоват доранд, шахсан сазо дода, ба ҳалокат мерасонад, ба додани мукофоти касе ки ба Ӯ адоват дорад, даранг намекунад: сазои варо шахсан медиҳад.
  11. Пас, аҳком  ва  фароиз  ва дастуротеро,  ки  ба амал овардани онҳоро имрӯз ба ту амр мефармоям,  риоя намо.

Ваъдаи ғалаба.

  1. Ва агар ба ин дастурот гӯш андозед, ва онҳоро риоя намуда, ба амал оваред, Худованд Худои ту аҳд ва марҳама-теро, ки дар бораи он ба падаронат қасам хӯрдааст, барои ту нигоҳ хоҳад дошт.
  2. Ва туро дӯст дошта, баракат хоҳад дод ва афзун хоҳад кард, ва меваи батни ту ва ҳосили замини туро, ғаллаи ту ва шираи ангури ту ва равғани зайтуни туро, зоиши говони ту ва афзоиши гӯсфандони туро бар замине ки дар бораи он ба падаронат қасам хӯрдааст, ки ба ту бидиҳад, баракат хоҳад дод.
  3. Ту бештар аз ҳамаи қавмҳо бобаракот хоҳӣ буд; дар миёни шумо ва дар миёни чорвои шумо нар ё модаи бенасл нахоҳад буд.
  4. Ва Худованд ҳар бемориро аз ту дур хоҳад кард; ва ҳеҷ яке аз дардҳои сахти Мисрро, ки ту медонӣ, ба сари ту нахоҳад овард, балки ба сари ҳамаи бадхоҳони ту хоҳад овард.
  5. Ва ту ҳамаи қавмҳоеро, ки Худованд ба дастат месупорад, несту нобуд хоҳӣ кард; бигзор чашми ту ба онҳо раҳм накунад; ва худоёни онҳоро ибодат нанамо, зеро ки ин барои ту дом аст.
  6. Мабодо дар   дили  худ  бигӯӣ:   «Ин  халқҳо   аз ман сершумортаранд;   чӣ   гуна   ман   метавонам   онҳоро   бадар ронам?»
  7. Аз онҳо натарс! Он чиро, ки Худованд Худои ту ба фиръавн ва ба тамоми Миср кард, нағз  дар  хотир нигоҳ дор,
  8. Яъне озмоишҳои бузургро, ки чашмонат дидааст, ва аломот ва мӯъҷизот ва дасти қавӣ ва бозуи тӯлониро, ки Худованд Худои ту  ба  воситаи   онҳо  туро  берун  овард; Худованд Худои ту ба ҳамаи қавмҳое ки ту аз онҳо метарсӣ, чунин хоҳад кард.
  9. Ва занбӯри алоро низ Худованд Худои ту бар онҳо хоҳад фиристод, то ки боқимондагон  ва  пинҳоншудагони онҳо аз пеши ту маҳв шаванд.
  10. Аз онҳо ҳаросон нашав, зеро Худованд Худои ту, ки дар миёни туст, Худои бузург ва саҳмгин аст.
  11. Ва Худованд Худои ту ин қавмҳоро аз пеши ту кам-кам бадар хоҳад ронд; ту онҳоро наметавонӣ ба зудӣ маҳв намоӣ, мабодо даррандагони саҳро бар ту афзун шаванд.
  12. Ва Худованд   Худои  ту онҳоро  ба дасти  ту хоҳад супурд, ва онҳоро ба изтироби азиме хоҳад афканд, ба тавре ки несту нобуд хоҳанд шуд;
  13. Ва подшоҳони онҳоро ба дасти ту хоҳад супурд, ва ту номи онҳоро аз зери осмон нест хоҳӣ кард: касе пеши ту истодагӣ нахоҳад кард, то даме ки онҳоро маҳв намоӣ.
  14. Ҳайкалҳои худоёни онҳоро дар оташ бисӯзонед; нуқра ва тиллоеро, ки бар онҳост, тамаъ накун, то ки барои худ бигирӣ, мабодо ба доми он гирифтор шавӣ; зеро ки он барои Худованд Худои ту зишт аст.
  15. Ва чизи зиштро ба хонаи худ дохил накун,   то ки мисли он ба ҳалокат нарасӣ; аз он нафрат намо ва худро аз он канор гир, зеро ки он сазовори ҳалокат аст».

© IBT 1992