Якум Вақоеънома боби 3

Насли Довуд. Подшоҳони Яҳудо.

  1. ВА писарони Довуд, ки барои ӯ дар Ҳебрӯн таваллуд ёфтанд, инҳо  буданд:   нахустзодааш   Амнӯн аз  Аҳинӯами изреъилӣ; дуюмин — Дониёл аз Абиҷайли кармилӣ;
  2. Сеюмин — Абшолӯм ибни   Маъко   бинти Талмой, подшоҳи Ҷашур; чорумин — Адӯниё ибни Ҳаҷҷит;
  3. Панҷумин — Шафатьё аз Абитол; шашумин — Йитреом аз зани ӯ Эҷло.
  4. Ин шаш нафар барои ӯ дар Ҳебрӯн таваллуд ёфтанд, ки дар он ҷо ӯ ҳафт сол ва шаш моҳ подшоҳ буд, ва дар Ерусалим сию се сол подшоҳӣ кард.
  5. Ва инҳо  барои  ӯ  дар   Ерусалим   таваллуд ёфтанд: Шимъо ва Шубоб ва Нотон ва Сулаймон — чор нафар аз Бат-Шуо бинти Амиил;
  6. Ва Йибҳор ва Элишомоъ ва Элифолат;
  7. Ва Нӯҷа ва Нофаҷ ва Ёфиа;
  8. Ва Элишомоъ ва Эльёдоъ ва Элифолат — нӯҳ нафар.
  9. Ҷамъи писарони Довуд ҳаминҳо буданд, ғайр аз писа-рони сурриягон ва хоҳарашон Томор.
  10. Ва писари Сулаймон — Раҳабъом,   писараш   Абиё, писараш Осо, писараш Еҳӯшофот,
  11. Писараш Еҳӯром, писараш Аҳазьёҳу, писараш Юош,
  12. Писараш Амасьё, писараш Азарьё, писараш Ютом;
  13. Писараш Оҳоз, писараш Ҳизқиё, писараш Менашше;
  14. Писараш Омӯн, писараш Йӯшиёҳу.
  15. Ва писарони Йӯшиёҳу: нахустзодааш Йӯҳонон, дую-мин  — Еҳӯёқим,  сеюмин — Сидқиё, чорумин — Шаллум.
  16. Ва писарони Еҳӯёқйм: писараш Еконьё, писараш Сидқиё.
  17. Ва писарони Еконьё: Асир, писараш Шаалтиил;
  18. Ва Малкиром ва Фадоё ва Шенъасар, Еқамьё, Ҳӯшо-моъ ва Надабьё.
  19. Ва писарони Фадоё: Зарубобил ва Шнмъӣ; ва писарони Зарубобил: Машуллом ва Ҳананьё, ва хоҳарашон Шелӯмит;
  20. Ва Ҳашубо ва Ӯҳил ва Боракьё ва Ҳасадьё, Юшаб-Ҳосад — панҷ нафар.
  21. Ва писарони  Ҳананьё:   Фалатьё ва Ишаъё; писараш Рафоё, писараш Арнон, писараш Убадьё, писараш Шаканьё.
  22. Ва писари Шаканьё:   Шамаъё; ва писарони Шамаъё: Ҳаттуш ва  Йиҷъол   ва  Борияҳ  ва  Наарьё  ва  Шафот — шаш нафар.
  23. Ва писарони Наарьё: Эльйӯэнай ва Ҳизқиё ва Азриқом — се нафар.
  24. Ва писарони Эльйӯэнай: Ҳӯдавьёҳу ва Эльёшиб ва Фалоё ва Аққуб ва Йӯҳонон ва Далоё ва Анонӣ — ҳафт нафар.

© IBT 1992