Эзро боби 10

Аз нав барқарор гардидани ҷараёни мӯътадили ҳаёт.

  1. ВА ҳангоме ки Эзро дуо мегуфт ва эътироф ба гуноҳ менамуд, дар ҳолате ки гирья мекард ва пеши хонаи Худо рӯ ба замин афтода буд, гурӯҳи бисьёр калони исроилиён, мардону занону кӯдакон, назди ӯ ҷамъ шуданд, ба тавре ки қавм низ зор-зор мегиристанд.
  2. Ва Шаканьё ибни Еҳиил, ки аз зодагони Элом буд, ҷавоб гардонда, ба Эзро гуфт: «Мо пеши Худои худ бадкирдорӣ карда, занони аҷнабие аз қавмҳои он замин гирифтаем, ва алҳол барои Исроил дар ин бобат ҳанӯз умеде ҳаст.
  3. Пас, бо Худои худ аҳд бандем, ки ҳамаи ин занонро бо бачагоне ки аз онҳо таваллуд ёфтаанд, мувофиқи машварати оғоям ва онҳое ки аз аҳкоми Худои мо метарсанд, бадар ронем, — ва бигзор аз рӯи шариат шавад!
  4. Бархез, чунки ин кори туст, ва мо бо ту мебошем; қавӣ бош ва амал намо!»
  5. Ва Эзро бархост, ва сардорони коҳинон, левизодагон ва тамоми Исроилро қасам дод, ки ҳамин тавр амал кунанд, — ва онҳо қасам хӯрданд.
  6. Ва Эзро аз пеши хонаи Худо бархоста, ба ҳуҷраи Еҳӯҳонон ибни Эльёшиб рафт, — ва дар он ҷо нон нахӯрд ва об нанӯшид, зеро ки ба сабаби бадкирдории ҷалои ватан шудагон мотам гирифта буд.
  7. Ва дар Яҳудо ва Ерусалим ба ҳамаи ҷалои ватан шу-дагон эълон карданд, ки дар Ерусалим ҷамъ шаванд.
  8. Ва ҳар касе ки дар зарфи се рӯз мувофиқи машварати сардорон ва пирон набиёяд, тамоми молу мулкаш таҳрим намуда, худаш аз ҷамоати ҷалои ватан шудагон хориҷ карда хоҳад шуд.
  9. Ва дар рузи сеюм, ки рузи бистуми моҳи нӯҳум буд, тамоми мардуми Яҳудо ва Биньёмин дар Ерусалим ҷамъ шу-данд. Ва тамоми қавм дар майдони назди хонаи Худо нишас-танд, дар ҳолате ки аз ин гап ва аз борон меларзиданд.
  10. Ва Эзрои коҳин бархоста, ба онҳо гуфт: «Шумо бад-кирдорӣ намуда ва занони аҷнабӣ гирифта, маъсияти Исро-илро бо ин зиёд кардаед.
  11. Ва алҳол ба ҳузури Худованд, Худои падарони худ, тавба карда, мувофиқи иродаи Ӯ амал кунед, ва худро аз қавмҳои замин ва аз занони аҷнабӣ ҷудо кунед».
  12. Ва тамоми ҷамоат бо овози баланд ҷавоб гардонда, гуф-танд: «Оре! Чунон ки ту гуфтӣ, ҳамон тавр амал хоҳем кард.
  13. Аммо чунин одамон бисьёранд, ва мавсими боронҳост, ва маҷоли дар кӯча истодан надорем, ва ин кор барои як рӯзу ду рӯз нест, зеро ки бисьёр касон дар ин бобат гуноҳ кардаанд.
  14. Бигзор сардоронн мо ба ҷои тамоми ҷамоат биистанд, ва ҳамаи онҳое ки дар шаҳрҳои мо занҳои аҷнабӣ гирифта-анд, дар вақтҳои муайян биёянд, ва бо онҳо пирони ҳар шаҳр ва доваронаш биёянд, то оташи ғазаби Худои мо барои ин кор аз мо дур шавад».
  15. Фақат Юнотон ибни Асоил ва Еҳзиё ибни Тиқво барои иҷрои ин кор монданд, ва Машуллом ва Шабтаи левизода мададгори онҳо буданд.
  16. Ва ҷалои ватан шудагон ҳамин тавр амал карданд, ва Эзрои коҳин ва баъзе касон, яъне сардорони хонаводаҳо аз ҳар хонавода, ҷудо карда шуданд, ва ҳамаашон номбар гар-диданд, ва дар рӯзи якуми моҳи даҳум ба муҳокимаи ин кор нишастанд.
  17. Ва кори ҳамаи мардонеро, ки занони аҷнабӣ гирифта буданд, то рӯзи якуми моҳи якум анҷом доданд.
  18. Ва аз зодагони коҳинон баъзе ёфт шуданд, ки занони аҷнабӣ гирифта буданд: аз зодагони Ешуа ибни Юсодоқ ва бародаронаш — Маасиё, Элиэзер, Ёриб ва Ҷадальё;
  19. Ва онҳо дасти паймон доданд, ки занони худро бадар хоҳанд ронд, ва гуноҳкорон қӯчқоре барои қурбонии гуноҳи худ оварданд;
  20. Ва аз зодагони Иммир — Ҳанонӣ ва Забадьё;
  21. Ва аз зодагони Ҳорим — Маасиё, Элиё, Шамаъё ва Узиё;
  22. Ва аз зодагони Фашҳур — Эльюэнай, Маасиё, Исмоил, Натанъил, Юзобод ва Элъосо;
  23. Ва аз левизодагон: Юзобод, Шимъӣ, Калоё, ки Қалито бошад, Фатаҳьё, Яҳудо ва Элиэзер;
  24. Ва аз муғанниён: Эльёшиб; ва аз дарбонон Шаллум, Толам ва Урӣ;
  25. Ва аз исроилиён: аз зодагони Фаръуш Рамьё, Изиё, Малкиё,  Мийёмин,  Элъозор,  Малкиё  ва Баноё;
  26. Ва аз зодагони Элом — Маттаньё, Закарьё, Еҳиил, Абдӣ, Иремут ва Элиё;
  27. Ва аз зодагони Затту — Эльюэнай, Эльёшиб, Маттаньё, Иремут, Зобод ва Азизо;
  28. Ва аз зодагони Бебай — Еҳуҳонон, Ҳананьё, Заббай ва Атлой;
  29. Ва аз зодагони Бонӣ —  Машуллом,  Маллук, Адоё, Ёшуб, Шаол ва Ромут;
  30. Ва аз зодагони ҳокими Мӯоб — Адно, Калол, Баноё, Маасиё,   Маттаньё,  Басалъил,  Биннуй  ва  Менашше;
  31. Ва аз зодагони Ҳорим — Элиэзер, Ишиё, Малкиё, Шамаъё, Шимъӯн,
  32. Биньёмин, Маллук ва Шамарьё;
  33. Аз зодагони Ҳошум — Матнай, Мататто, Зобод, Эли-фолат, Иремай, Менашше ва Шимъӣ;
  34. Аз зодагони Бонӣ — Маадай, Амром, Уил,
  35. Баноё, Бедьё, Калуҳу,
  36. Ваньё, Маримут,   Эльёшиб,
  37. Маттаньё, Матнай,  Яасой,
  38. Бонӣ, Биннуй, Шимъӣ,
  39. Шаламьё, Нотон, Адоё,
  40. Макнадбай, Шошай, Сорой,
  41. Азаръил, Шаламьёҳу, Шамарьё,
  42. Шаллум, Амарьё, Юсуф;
  43. Аз зодагони Набу — Еиил, Матитьё, Зобод, Забино, Яддай, Юил ва Баноё.
  44. Ҳамаи онҳо занони аҷнабӣ гирифта буданд; ва баъзе аз онҳо заноне доштанд, ки бача зоида буданд.

© IBT 1992