Еҳушаъ боби 4

Ду ҳайкали ёдгорӣ.

  1. ВА ҳангоме ки аз Ӯрдун убур кардани тамоми халқ анҷом ёфт, Худованд ба Еҳушаъ сухан ронда, гуфт:
  2. «Дувоздаҳ нафар аз миёни қавм, аз ҳар сибт як нафар, барои худ бигиред,
  3. Ва ба онҳо амр фармуда, бигӯед: «Аз ин ҷо, аз даруни Ӯрдун, аз ҷое ки пойҳои коҳинон маҳкам истода буд, дувоздаҳ санг барои худ бардоред, ва онҳоро бо худ бурда, дар манзилгоҳе ки имшабро мегузаронед, бигузоред»».
  4. Ва Еҳушаъ дувоздаҳ мардеро, ки аз   банӣ-Исроил, аз ҳар сибт як нафар, интихоб карда буд, даъват намуд;
  5. Ва Еҳушаъ ба онҳо гуфт: «Пеши сандуқи Худованд Худои худ ба даруни Урдун баргардед, ва ҳар яке аз шумо як сангро, мувофиқи шумораи сибтҳои банӣ-Исроил, бар китфи худ бардоред,
  6. То ки ин дар   миёни   шумо   аломате   бошад; вақте ки писарони  шумо фардо пурсида, гӯянд: «Ин сангҳо дар шумо барои чист?» —
  7. Он гоҳ ба онҳо хоҳед гуфт: «Барои ёдгории он аст, ки обҳои Ӯрдун пеши сандуқи аҳди Худованд қатъ гардид, яъне вақте ки он аз Урдун убур мекард, обҳои Ӯрдун қатъ гардид». Ва ин сангҳо барои банӣ-Исроил ёдгории абадӣ хоҳад буд».
  8. Ва банӣ-Исроил чунон ки Еҳушаъ амр фармуд, амал карданд: дувоздаҳ   сангро   аз даруни   Ӯрдун,  чунон  ки Худованд ба Ёҳушаъ гуфта буд, мувофиқи шумораи сибт-ҳои банӣ-Исроил,   бардоштанд,  ва онҳоро ба манзилгоҳи худ бурда, дар он ҷо гузоштанд.
  9. Ва Еҳушаъ ҳамчунин андаруни Ӯрдун,  дар ҷое ки пойҳои  коҳинони  бардорандаи  сандуқи   аҳд   истода   буд, дувоздаҳ санг гузошт, ва онҳо то имрӯз дар он ҷост.
  10. Ва коҳинони  бардорандаи   сандуқ   андаруни  Ӯрдун истоданд, то вақти анҷом ёфтани ҳар  чизе ки  Худованд ба Еҳушаъ амр фармуда буд, ки ба қавм бигӯяд, бар тибқи ҳар чизе ки Мусо ба Еҳушаъ амр  фармуда  буд;  ва қавм шитобон убур мекарданд.
  11. Ва ҳангоме ки убур кардани тамоми қавм анҷом ёфт, сандуқи Худованд ва коҳинон низ пеши қавм убур карданд.
  12. Ва банӣ-Реубен ва банӣ-Ҷод ва нисфи сибти Менашше мусаллаҳ шуда, пешопеши банӣ-Исроил убур карданд, чунон ки Мусо ба онҳо гуфта буд.
  13. Қариб чил  ҳазор   нафар   пешгардҳои  лашкар пеши Худованд ба саҳроҳои Ериҳӯ барои ҷанг убур карданд.
  14. Дар он рӯз Худованд Еҳушаъро дар назари тамоми Исроил бузург гардонид, ва онҳо дар тамоми айёми умраш аз ӯ метарсиданд, чунон ки: аз Мусо метарсиданд.
  15. Ва Худованд ба Еҳушаъ сухан ронда, гуфт:
  16. «Ба коҳинони бардорандаи сандуқи: шаҳодат амр фар-мой, ки аз Ӯрдун бароянд».
  17. Ва Еҳушаъ ба коҳинон амр фармуда, гуфт: «Аз Урдун бароед».
  18. Ва ҳангоме ки коҳинони бардорандаи сандуқи аҳди Худованд аз даруни Ӯрдун баромаданд, ва кафи пойҳои коҳинон бар хушкӣ гузошта шуд, обҳои Урдун ба ҷои худ баргашта, мисли он ки қабл аз ин буд, бар ҳамаи соҳилҳои он ҷорӣ шуд.
  19. Ва қавм аз Ӯрдун дар рӯзи даҳуми моҳи якум баро-маданд, ва дар Ҷилҷол,  дар канори шарқии Ериҳӯ ӯрду заданд.
  20. Ва он дувоздаҳ сангро, ки аз Ӯрдун гирифта буданд, Еҳушаъ дар Ҷилҷол гузошт.
  21. Ва ба банӣ-Исроил сухан ронда, гуфт: «Вақте ки писа-рони шумо фардо аз падарони худ пурсида, гӯянд:   «Ин сангҳо барои чист?» —
  22. Он гоҳ ба   писарони худ  фаҳмонида,   хоҳед   гуфт: «Исроил аз ин Ӯрдун ба хушкӣ убур карданд».
  23. Зеро ки Худованд Худои шумо обҳои Урдунро пеши шумо хушконид, то даме ки шумо аз он убур кардед, чунон ки Худованд Худои шумо ба баҳри Қулзум кард, ки онро пеши мо хушконид, то даме ки мо аз он убур кардем,
  24. То ки ҳамаи қавмҳои замин дасти Худовандро бидонанд, ки он пурзӯр аст, ва шумо аз Худованд Худои худ дар тамоми айёми худ битарсед».

© IBT 1992